Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Одноклассники то... Рангҳои сиёсии лентаи Георгий (ВИДЕО)


Лентаи Георгий дар Бишкек

Бо наздик шудани Рӯзи Ғалаба маъракаи тақсим кардани лентаҳои Георгий дар паҳнои Шӯравии собиқ торафт авҷ мегирад. Шабакаҳои иҷтимоии русӣ, аз ҷумла Одноклассники низ ба ин маъракаи патриотӣ ҳамроҳ шудаанд.

Шабакаи Одноклассники дар рӯйхати табрикоте, ки дар “дӯкон”-и ин шабакаи иҷтимоӣ ба корбаронаш пешниҳод мешавад, лентаҳои Георгийро дар ҷои аввал гузоштааст ва бо чунин ёдоварӣ, ки ирсоли табрикнома бо лентаи Георгий ба дӯстони шумо дар ин шабака дар рӯзҳои Иди Ғалаба маҷҷонист.
Ин шабакаи иҷтимоӣ оморе наовардааст, ки аз беш аз 200 миллион корбараш оё чанд нафар то имрӯз аз ин имкони бепули ҳамчун тӯҳфа ба дӯстони худ фиристодани лентаҳои Георгий истифода бурдааст. Аммо Одноклассники, ки бо 44 миллион корбаре, ки ҳар рӯз дастикам як дафъа ба ин шабака саре мезананд, бузургтарин шабакаи иҷтимоӣ дар паҳнои пасошӯравӣ ба шумор меравад.
Танҳо шумори корбарони фаъоли тоҷики ин шабака, ки ҳар рӯз ҳадди ақал як маротиба аз Одноклассники хабаре мегиранд, беш аз 200 000 гуфта мешавад. Ва ҳоло як мурур ба лентаи дарози корбарони тоҷики Одноклассники кофист, то бубинем, як бахши аъзами ин мардум ва дар мисоли ин акс қариб нисфи корбарони тоҷики ин шабака соҳиби лентаҳои Георгий шудаанд.

Аммо чанд корбари тоҷики Одноклассники, аз ҷумла як хабарнигори маъруфи тоҷик, ки касе дар Одноклассники ба ӯ ҳам лентаи Георгий тӯҳфа кардааст, мегӯянд, ин тӯҳфаро бидуни ягон ангезаи сиёсӣ пазируфтаанд. Як ҳамсӯҳбати дигари мо мегӯядт, ин танҳо як арҷгузорӣ ба ҷанговарони шӯравиест, ки дар баҳои ҷони худ кишварро аз душман ҳимоят кардаанд.

Аммо Завқибеки Саидаминӣ, хабарнигори дигари тоҷик, ки низ дар Одноклассники лентаи Георгийро тӯҳфа гирифтааст, мегӯяд, ҳарчнад ин тӯҳфаро пазируфт, вале аз паёмадҳои ин “лентабозӣ” сахт нигарон аст: “Ман аз он метарсам, ки ягон рӯз мисли Украина ҷои латтаи дурангаи русиро латтаи серангааш, манзур парчами Русия, нагирад. Бубинед, вақте украиниҳо мехезанду парчами давлатии Украинаро медаронанд ё оташ мезананд ва ба ҷоя парчами Русияро баланд мекунанд, ин худаш як даҳшат аст.”
Русия тақрибан аз соли 2005 ба ин сӯ дар остонаи Иди Ғалаба бар Олмони фашистӣ, ки ҳар сол рӯзи 9 май таҷлил мешавад, маъракаи таблиғ ва тавзеъи лентаҳои Георгийро ба роҳ меандозад. Вале имсол ин маърака вусъат ва доманаи бесобиқае пайдо кард ва он ҳа мдар пасманзари тасарруфи вилояти Қрими Украина ва шиддат гирифтани ҷангҳо байни артиши Украина ва ҷудоиталабони рӯ ба Маскав дар вилоятҳои дигари умдатан русзабони шарқ ва ҷануби он кишвар.

Ин ҷудоиталабони русзабон ба ҳайси як рамзи асосии муқовимати худ алайҳи давлати Украина маҳз лентаҳои Георгийро интихоб кардаанд ва ба ин далел, талошҳои Маскав барои таблиғи ин рамз дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ нигарониҳои зиёдеро ҳам ба вуҷуд овардааст, ки оё дар пушти ин ҳама чӣ меистад?

Ва он ҳам дар ҳоле ки лентаҳои Георгий дар даврони Шӯравӣ ҳамчун рамзи Русияи подшоҳӣ манъ шуда буд ва аслан наметавонист дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ истифода шавад. Собиқадорони ҷанги солҳои 1941-1945 алайҳи Олмони фашистӣ ҳам мегӯянд, танҳо дар чанд соли охир аз вуҷуди ин лентаҳо хабар ёфтаанд.

Раҳмат Қудратов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон ахиран ба Озодӣ гуфт, «лентаи Георгий» дар даврони ҷанг ва баъди он аслан вуҷуд надошт: «Тақсимкунии лентаҳо дар ҳамин чанд соли ахир, вақте кишварҳои пасошӯравӣ истиқлолият ба даст оварданд, маъмул шуд. Дар давраи Шӯравӣ мо дар ҳама чорабиниҳо ширкат мекардем ва ба Маскаву дигар кишварҳо намояндагони худро мефиристодем, ин хел гапҳо набуд. Ин аслан моли тоҷикон нест, аммо чун Русия дар Тоҷикистон сафоратхонаву дигар намояндагиҳо дорад, тавассути ҳамин ниҳодҳо тақсим мекунанд. Ҳангоми чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, вақте ин лентаро меоранд, ба хотири эҳтироми ин давлат рад карда намешавад. Вақте ман ҳам дар дар чанд чорабинии сафоратхонаи Русия ширкат кардам, дар костюми ман ҳам ин лентаро часпонданд.»
Лентаи Георгий дар мили силоҳи як ҷудоиталаб дар Украина
Лентаи Георгий дар мили силоҳи як ҷудоиталаб дар Украина
Лентаи Георгий ҳанӯз дар асри 18 дар Русия таъсис ёфта, бино бар мақоми он аз соли 1769, “аз ду рахи сиёҳ ва се рахи зард иборат аст.” Аммо дар статути лентаи Георгий аз соли 1913 мехонем, ки “Лента аз се рахи сиёҳу ду рахи норанҷӣ иборат буда, дар китфи рост насб мешавад.” Бино ба тафсирҳо, ранги сиёҳ дар ин лента рамзи дуд ва рани норанҷӣ рамзи оташ аст.

Ин лента дар даврони Русияи подшоҳӣ замимае ба ордени Георгийи муқаддас, одрдени Салиби Георгий ва медали Георгий буд. Ҳамчунин маллоҳони киштиҳое, ки сазовори Парчами Георгий шудаанд, ҳаққ доштанд, дар кӯлоҳи маллоҳиашон лентаи Георгий бибанданд. Аммо болшевикҳо дар соли 1917 баробари расидан ба қудрат лентаи Георгийро манъ карданд, ҳарчанд ин лента чанд соли дигар аз сӯи нирӯҳои Артиши сафед, ки алайҳи Артиши сурх меҷангид, ҳамчунон истифода мешуд.

Дар низоми мукофотҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ аз лентаи Георгий барои сохтани “Лентаи Гвардия” истифода шудааст. Аммо Лентаи Гвардия низ танҳо барои барандагони ордени Слава ва медали “Барои пирӯзӣ бар Олмон” дода мешуд.

Лентаи Георгийро дар Русия соли 1992, баъди суқути СССР барқарор карданд. Вале таблиғи он аз соли 2005 вусъат гирифт ва дар пасманзари рӯйдодҳои охири Украина оҳанги сиёсӣ касб кард. Мунтақидон бар ин боваранд, ки Русия бо тақсим кардани ин лентаҳо шояд афкори ҷомиаро месанҷад, ки оё чӣ миқдоре аз мардум дар кишварҳои пасошӯравӣ тарафдори Маскаванд.

Маъракаҳои таблиғ ва тақсими лентаҳои Георгий дар кишварҳои пасошӯравӣ тавассути сафоратҳои Русия ва созмонҳои ҷамъиятии наздик ба Маскав амалӣ мешаванд. Дар Узбакистон, барои мисол, ин лентаҳоро мустақиман сафорати Русия тақсим мекунад. Дар Қирғизистон, бино ба гузориши Хадамоти марзбонии ин кишвар, маъракаи тақсим кардани лентаҳо аз марзи Тоҷикистон оғоз ёфта, рӯзи 9 май бо ширкати се собиқадори ҷанги лентаҳои Георгий дар бар дар Маскав анҷом хоҳад ёфт.
Тақсими лентаҳои Георгий дар Душанбе
Тақсими лентаҳои Георгий дар Душанбе
Аммо дар Тоҷикистон ин корро намояндагии Бунёди рушди Русия -- «Пажӯҳишгоҳи Мутолеоти Авруосиёӣ» дар Тоҷикистон бо ҷалби 150 донишҷӯи тоҷик анҷом медиҳад. Намояндаи ин созмон ба Озодӣ гуфт, онҳо қасд доранд, то рӯзи 9 май 15 ҳазор чунин лентаҳоро ба сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон тақдим кунанд.

Вале дар Қазоқистон, бино ба хабарҳо, ба сурати ғайриаланӣ лентаҳои Георгийро ҳамчун рамзи Ҷанги бузурги ватанӣ аз майдон танг мекунанд. Албатта, дар инҷон ба манъи расмии ин лентаҳо, ки ҳатман мояи ранҷиши ҳукумати Владимир Путин мешуд, ҷуръат накардаанд, вале гуфта мешавад, ки ба сохторҳои расмӣ амр шудааст, то дар ҷараёни таҷлил аз Иди Ғалаба танҳо аз лентаҳои сурх ҳамчун рамзи пирӯзӣ дар ҷанги солҳои 1941 -1945 ва лентаи зумурудгуни шабеҳи ранги парчами давлатии Қазоқистон истифода баранд. Амалан истифодаи рангҳои рамзҳои дигар, аз ҷумла лентаи Георгий дар Қазоқистон истиқбол намешавад.

Дар Украина ҳам, ки сабаби чунин оҳанги сахти сиёсӣ гирифтани лентаҳои Георгий дар остонаи иди имсолаи Ғалаба шуд, ахиран гули лоларо ҳамчун рамзи пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳон қабул карданд. Дар аксари кишварҳои Аврупо маҳз гули лола ҳамчун рамзи ёдбуди шаҳидони он хунинтарин ҷанг дар таърихи инсоният пазируфта шудааст.
Рамзи Ғалаба дар Қазоқистон
Рамзи Ғалаба дар Қазоқистон
Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 1941-1945 алайҳи Олмони фашистӣ ҷангид. Дар ин ҷанг, ки бахше аз ҷанги дувсуми ҷаҳонист ва дар паҳнои пасошӯравӣ бо номи Ҷанги бузурги ватанӣ маъруф аст, бино ба ҳисобҳо, беш аз 50 миллион нафар, аз ҷумла то 27 миллион аз мардуми СССР ҷон бохтанд. Ҷанги дувуми ҷаҳон бо ин даҳҳо миллион қурбониаш хунинтарин ҷанг дар таърихи башарият ба шумо меравад.

Аз Тоҷикистон ҳам дар сангарҳои Ҷанги бузурги ватанӣ 300 000, ё тақрибан панҷяки аҳолии вақти ин ҷумҳурӣ ширкат варзида, 92 ҳазор, ё қариб ҳар нафари сеюмаш дар он ҷанг шаҳид шуданд. 65 зодаи Тоҷикистон дар Ҷанги бузурги ватанӣ ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ даст ёфтанд. Дар ҳоли ҳозир аз ҷамъи собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ дар Тоҷикистон 1134 нафар боқӣ мондаанд. Бо қарори ҳукумат дар остонаи Иди Ғалаба ба ҳамаи собиқадорони ин ҷанг ё аҳли хонаводаҳои онҳо 1000 сомонӣ кумак расонда мешавад.

Аммо Завқибеки Саидаминӣ мегӯяд, бо назардошти тақвияти фаъолияти гурӯҳҳҳои қавмгаро дар Русияву ҳарчӣ зиёдтар баланд шудани шиорҳое, чун “Русия – барои русҳо!” фурсате фаро расида, ки собиқадорони ҷанг аз Тоҷикистон имсол дар Иди Ғалаба бо навиштае дар сари сина ба кӯча бароянд, ки “Агар Русия барои русҳо бошад, пас мо барои чӣ ҷангидем?”

Дар ҳамин ҳол

Рӯзи 6 май дар шаҳри Душанбе бо ширкати собиқадорони ҷанги бузурги ватанӣ як нишасте ба муносибати 71-солагии озод кардани шаҳри Сталинград як нишасте баргузор шуд. Баргузоркунандагони ҳамоиш осорхонаи миллии Тоҷикистон ва сафорати Русия дар Душанбе гуфтанд, ки ҳамоиши мазкур ба хотири гиромидошти онҳоест, ки дар набардҳои хунини он замон ширкат кардаанд. Видео аз ин нишастро инҷо тамошо кунед:

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG