Пайвандҳои дастрасӣ

Ёрдампулӣ ба собиқадорони ҷанг ва ақибгоҳ


Акс аз бойгонӣ

Барои аъзои хонаводаи сокинони пойтахт, ки дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ (1992-1997) кушта шудаанд, шаҳрдори Душанбе ба маблағи 350 сомонӣ кӯмакпулӣ ихтисос додааст.

Ба гуфтаи Шавкат Сайидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе ёриҳои пулии мазкур маблағи ин кӯмакҳо ба иштирокчиёни Ҷанги ҷаҳонии дувввум, ки дар пойтахт ба сар мебаранд 500 сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, пардохти ин маблағҳо аз хазинаи шаҳрдорӣ ва бахшида ба баргузории таҷлил аз иди Ғалаба бар Олмони фашистӣ дар рӯзи 9-Май сурат мегирад.

Ҳамин манбаъ афзуд, ҳамчунин аз кӯмакҳои пулии шаҳрдорӣ ранҷдидагони блокадаи Ленинград, ки ҳоло дар Душанбе ба сар мебаранд, онҳое, ки дар солҳои ҷанги мазкур (1941-1945) дар ақибгоҳ заҳмат кашида ва соҳиби нишону медол ҳастанд, ҷанговарони интернатсионалист ва ширкатдорони садамаи истгоҳи атомии Чернобил бархӯрдор хоҳанд шуд.

Шавкат Сайидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе гуфт, барои пардохти ин маблағҳо аз хазинаи эҳтиётии шаҳрдорӣ 454 000 сомонӣ ихтисос дода шуда, қарор аст, то рӯзи 5 май супорида шавад.

Бино бар омори расмӣ, аз 290 000 иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, ҳудуди 220 ҳазор нафари онҳо ба Ватан баргаштаанд. Ва аммо 67 сол баъд, яъне имрӯз теъдоди онҳо дар саросари кишвар хеле кам мондааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон чандин маротиба таъкид дошт, ки то ӯ ҳаст, намегузорад, ки собиқадорони ҷанг хорӣ кашанд. Ҳукумати Тоҷикистон имтиёзи зиёдеро дар ихтиёри собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузоштааст. Ҳоло онҳо ҳуқуқи ройгон истифода бурдан аз нақлиёт, барқ ва дигар хизматрасониҳои маиширо доро мебошанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG