Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти як сокини Душанбе барои 2 гову 1 хар


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ахиран як сокини Душанберо барои нигаҳдории ду гов ва як хар 400 сомонӣ ҷарима кардааст.

Дафтари матбуоти додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 6-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ сокини кӯчаи Телмани пойтахт Аҳмед Гиёевро "барои нигаҳ доштани ду сар чорвои калони шохдор ва як хар дар манзили зисташ тибқи моддаи 480-и Кодекси маъмурӣ гунаҳкор дониста, ба андозаи 10 (даҳ) нишондиҳанда ё баробар ба 400 сомонӣ ҷарима бастааст.

Тавре мақомоти додгоҳи Исмоили Сомонӣ мегӯянд, ҳалномаи додгоҳ рӯзи 2-уми май содир шудааст ва Аҳмед Гиёев ҳамчунин моддаи 8-и қонуни Тоҷикистон “Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон”-ро, ки мувофиқи он дар ҳудуди шаҳри Душанбе парвариш ва нигоҳдории ҷонарони хонагӣ манъ аст, вайрон кардааст.

Мувофиқи ин қонун, сокинони шаҳри Душанбе наметавонанд, дар манзилҳои худ чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолиро нигаҳ доранд.

Аммо ин аввалин мавриди муҷозоти сокинони Душанбе барои парвариши чорво дар ҳудуди пойтахт нест. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар моҳи октябри соли гузашта сокини дигари пойтахт, истиқоматкунандаи кӯчаи Саҳбо Зулайхо Шарифоваро низ барои нигоҳдорӣ ва парвариши ду аспу як хар дар манзили зисташ тибқи моддаи 8-и қисми 1-и қонун “Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон” низ 400 сомонӣ ҷарима карда буд.

Парвариши чорво дар пойтахти Тоҷикистон дар соли 2009 манъ шуд, вале дар соли 2010, ба далели камчин шудани гӯшту шир дар пойтахт чорводориро ба сокинон ба таври истисноӣ аз нав иҷозат доданд. Вале мақомот ин масъаларо аз соли гузашта сахт гирифтанд.
Моҳи октябри соли 2013 дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони Душанбе убури рама ва парвариши чорвои хурду калон дар пойтахт аз мавзӯъҳои асосӣ буд. Вакилони маҷлис убури рамаҳо тавассути қаламрави маъмурии пойтахт ба чарогоҳҳои мавсимиро қатъиян манъ кардаанд.

Шаҳрдор Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамин тавр, қатиъян хостори аз байн бурдани таҷрибаи парвариши чорво дар манзилҳои сокинони пойтахт шудааст.

Насрулло Хайруллоев - муовини аввали шаҳрдори Душанбе дар ин нишаст «Дар робита ба статуси пойтахти Тоҷикистон дар бахши танзими нигаҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе» гузориш дода, масъалаи парвариши гову гӯсфанд ва дигар анвоъи чорвои хурд, ҳамчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагиро дар манзилҳои сокинони пойтахт баррасӣ кард.

Убайдуллоев муовинаш Хайруллоев ва раисони ноҳияҳову роҳбарони сохторҳои масъули назоратиро ба “саҳлангорӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ” айбдор карда, барои “ислоҳи бечунучарои камбудиҳои ҷойдошта” ба Насруллоев то 1 январи соли 2014, вале барои мақомоти байториву санитарӣ то 1 декабри соли равон мӯҳлат додааст.

Ҳамин тавр, аз тамоми масъулин тақозо шуд, ки дар зарфи 10 рӯз сабт (инвентаризатсия)-и чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолиро дар қаламрави пойтахт ба анҷом расонанд.

Дар иҷлосия қарор қабул карда шуд,ки убури рамаҳо тавассути қаламрави маъмурии шаҳри Душанбе ба чарогоҳҳои мавсимӣ қатъиян манъ карда шавад ва "дар сурати пеш омадани масъала ба унвони идораҳои дахлдор маълумотномаи расмӣ фиристода шавад. "
Сокинони Душанбе аммо шикоят мекунанд, ки маъракаи "чорвосуркунӣ" дар Душанбе ба манбаи даромади нозирони минтақавӣ табдил ёфта, аз байн бурдани чорводорӣ дар Душанбе боиси боло рафтани нархи ширу гӯшт мешавад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG