Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба сокинони Душанбе иҷозаи чорводорӣ доданд


Ҳукумати шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт иҷоза додааст, ки чорводорӣ кунанд. Шаҳрдори Душанбе раҳбарони ноҳияҳои пойтахтро муваззаф кардааст, ки барои нигоҳубини гову гусфандони сокинони шаҳр маҳалҳои махсусро омода созанд.

Соли гузашта парлумони парлумони Тоҷикистон бо воридсозии тағйирот ба қонун дар бораи мақоми пойтахт нигоҳбонӣ ва парвариши ҳайвоноту парандагон дар бархе аз маҳаллаҳои шаҳри Душанберо мамнӯъ эълон карда буд.

Бар асоси ин тағйирот, дар шаҳри Душанбе нигоҳ доштани паррандагон, ҷонварони ваҳшӣ ва хонагӣ, аз қабили гову гӯсфанд, хару асп, ба истинои гурбаву саг ва паррандаҳои кӯчак, қонуншиканӣ ҳисоб мешуд.

Ҳадаф аз вуруди тағйирот ба қонун дар бораи мақоми пойтахтро фароҳам кардани шароити мувофиқи зист ба сокинон, беҳтар кардани вазъи санитарии шаҳр ва тозаву зебо нигоҳ доштани пойтахти Тоҷикистон арзёбӣ мекарданд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони пойтахти Тоҷикистон ба хотири беҳдошти вазъи зиндагӣ ва таъмини худ бо ғизоҳое монанди ширу гушту тухм дар ҳавлиҳои худ ҷонварони хонагиро нигоҳ медоранд.

Қаблан дар замони Шӯравӣ ҳам чунин як қонун нигоҳубини ҳайвонот дар шаҳри Душанберо манъ мекард. Вале баъдан дар дар солҳои 90 дар замони норомиҳо бо бад шудани вазъи зиндагӣ бархе аз сокинони пойтахт ба парвариши чорво даст задаанд.

Пас аз манъи парвариши ҳайвонот дар шаҳр бисёре аз таҳлилгарон пешгӯӣ мекарданд, ки ин тасмим ба вазъи молии сокинони пойтахт таъсири манфӣ хоҳад расонд ва боиси гарон шудани қимати гушту шир дар бозорҳои Душанбе хоҳад шуд.

Имрӯз ҳам иддае аз соҳибназарон иҷозаи дубораи чорводорӣ дар пойтахтро ба таъсири манфии ин тасмими ҳукумат ба вазъи зиндагии як қишри ҷомеаи пойтахт рабт медиҳанд.

Манъи чорводорӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00
XS
SM
MD
LG