Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли "City Card". Ҳаракату сафар дар Душанбе осон шуд? ВИДЕО


Аз замони роҳандозии пардохти электронии "City Card" дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе як сол сипарӣ шуд ва масъулони тарҳ кори як солаи худро бомуваффақият унвон мекунанд.

Аммо огоҳон ва мусофирон мегӯянд, ҳанӯз ҳам дар кори нақлиёти умумӣ ва "City Card" камбуду мушкилиҳо вуҷуд дорад ва ин низом беҳбудӣ мехоҳад. Ҳадаф аз роҳандозии тарҳ беҳтар кардани кори нақлиёти умумӣ ва аз байн бурдани сарсонии мусофирон дар Душанбе буд, ки дар гузашта баъзан то як соат мунтазири мусофирбар мемонданд. Ҳаракати автобусу троллейбусҳо ҳамеша танқид мешуд ва баъзеҳо мегуфтанд, ки дар автобус 10 километрро дар як соат тай мекарданд.

Ҷомӣ Шарипов, раҳбари лоиҳаи "City Card" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо татбиқи низоми пардохти электронӣ дар автобусу троллейбусҳо сатҳи хизматрасони нақлиёти ҷамъиятӣ беҳтар шудааст: “Масалан хатсайрҳое, ки пурра ба ин низом гузаштаанд, дар онҳо ронандаҳо ҳоҷати зиёд истодан, даъвати мусофиронро надоранд, зеро пардохт тариқи корти электронӣ сурат мегирад ва пули нақд аз байн рафтааст, нақшаҳои ҷамъоварии маблағ, ки пеш барои ронандаҳо буд, аз байн рафтааст ва ронандаи имрӯза танҳо вазифаи ронандагии худро иҷро мекунад”.

Як соли "City Card". Ҳаракату сафар дар Душанбе осон шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00

Ҳамсуҳбатамон гуфт, аз 23 хатсайри Душанбе, 18 адади он ба пардохти электронӣ гузаштаанд ва боқимондаҳо низ шомили ин низом хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Ҷомӣ Шарипов, системаи нав имкон медиҳад ҳамарӯза тариқи онлайн аз кори нақлиёту терминалҳо то ҳаракати мусофирон ва маблағи ҷамъшударо назорат кунанд: “Ҳар мушкиле, ки пайдо шуд, дар Маркази назоратӣ аз тариқи онлайн нишон дода мешавад ва ҳамкорони мо зуд аз пайи ислоҳаш мешаванд”.

Хуб аст, аммо беҳтар мебуд..

Тавсифи кори "City Card" аз сӯи раҳбараш дар ҳолест, ки бархе аз ҳамсӯҳбатон мегӯянд, сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ниёз ба беҳбудӣ дорад. Муҳаммад Шукуров, як ҷавони тоҷик рӯзи 19 июн натавонист ба осонӣ вориди автобус шавад, зеро корти электронӣ надошт. Ӯ аз ронанда корти якдафъаина, ки барои як сафар пешбинӣ шудааст, хост, аммо ронанда чунин корт надошт.

Муҳаммад дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: «Баъзан меҳмонҳо аз қишлоқҳо, аз дигар ҷамоатҳо ба пойтахт меоянду корти электронӣ надоранд, наметавонанд, вориди автобус шаванд, ба онҳо як ё ду сафар лозим, чун корти якдафъаина нест, онҳо маҷбур мешаванд бо 10 сомонӣ корт бихаранд, ки барои онҳо зарарвар мешавад, ҳамин ҳолатҳоро ба назар мегирифтанд, беҳтар буд”.

Масъалаи ба осонӣ пайдо намудани корти электронӣ, фаъолияти дурусти терминалҳо барои пардохти ҳаққи роҳкиро аз зумраи мушкилиҳои дигаре гуфта мешавад. Ҷамила Ҳусейнова, як фаъоли ҷамъиятӣ, ки дар бораи нақлиёти ҷамъиятӣ матолиби зиёде ба нашр расонидааст, мегӯяд, шикояти мардум аз кори терминалҳои лоиҳаи "City Card" зиёд аст: “Дирӯз, масалан, хостам пул гузаронам чанд терминалро дар маҳаллаи 63 ва атрофи бозори “Саховат” гаштам, аз 5 ё 6-умаш тавонистам, гузаронам. Ҳамин бахши корашон мелангад”.

Ҳусейнова гуфт, дар маҷмӯъ фаъолияти низоми электронии пардохт барои мусофирон хуб аст ва бо бартараф намудани камбудиҳо кори ин низом беҳтар хоҳад шуд. Масъулони тарҳи "City Card" мушкили дастрасӣ ба корти электрониву фаъолияти на чандон хуби терминалҳояшонро рад карда, мегӯянд, аз 250 терминале, ки барои пардохти ҳаққи роҳкиро пешбинӣ шудаанд, дар 137 адади он “диспенсер” мавҷуданд, ки аз онҳо мешавад, корт харид.

Сари ҳар қадам одам намегиранд

Ҷомӣ Шарипов гуфт, корти якдафъаинаро ба ронандагон тақсим кардаанд, ки ба ниёзмандон бо арзиши барои афтобус 1 сомонию 20 дирам ва тролейбус 1 сомонӣ фурушанд. Ҷомеашинос Бобоҷони Шафеъ мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба самари хуби кори низоми электронӣ, онро бояд дар ҳама шаҳрҳо ҷорӣ кард: «Ин тадбир нишон дод, ки мешавад, нақлиёти ҷамъиятиро низ ба низом даровард. Ҳоло ин автобусҳо аз мусофирбарҳои хурд тезтар мераванд, чун дар роҳ истодаву одам гирифтан, манъ аст. Ронанда ҳам дигар ҳавасманд нест, ки сари ҳар қадам одам савор кунад. Чун пул намегирад”.

Дар пай татбиқи "City Card" аз 18-уми июни соли гузашта дар мусофирбарҳои бархе хатсайрҳои Душанбе пардохти нақдӣ манъ шуда, мусофирон ба низоми электронии пардохти роҳкиро гузаштанд. Ин низом дар ҳамкорӣ миёни ширкати “Авесто гурӯҳ” ва ҳукумати шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуд. Тарҳи "City Card" бо маблағи беш аз 3 миллион доллар сармояи “Авеста-гурӯҳ” дар мӯҳлати 5 сол, яъне то соли 2023 бояд амалӣ шавад.

"City Card" 10 сомонист. Чаҳор сомонӣ пули худи корт ва шаш сомонии дигар дар ҳисобаш захира мешавад. Бо тамом шудани маблағ дорандаи он метавонад, аз терминалҳо ҳисоби худро пур кунад. Шумораи кортҳои электроние, ки дастраси мусофирон шудааст, то ҳол ба 341 ҳазору 917 адад мерасад ва бархе аз ронандагон мегӯянд, бо гузашти як сол аксари мусофирон ба истифодаи "City Card" одат кардаанд.

XS
SM
MD
LG