Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе дари 35 кошонаи ҳуснро бастанд. ВИДЕО


Мақомот дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ба дари 35 кошонаи ҳусн, маҳалли ороиши занон, қуфл заданд. Онҳо гуфтанд, ки ин кошонаҳои ҳусн «қоидаи санитариву гигиенӣ»-ро риоя накардаанд ва то замони рафъи камбудҳо дарҳояшон баста хоҳад монд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Ба дари 35 кошонаи ҳусн қуфл заданд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Ахиран мақомоти беҳдоштӣ ҳам аз бонувон хостанд, ки дар истифодаи маводи ороишӣ, яъне косметикӣ ва атр аз эҳтиёт кор бигиранд.

Дилрабо, ороишгари кошонаи ҳусни “Ситора”, рӯзи 19 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар як моҳи баста будани маҳалли кораш се ҳазор сомонӣ даромадро аз даст доданд. Ин кошонаи ҳусн бо тарзи махсуси бофту ороиши мӯй маъруф аст ва Дилрабо мегӯяд, ки масъулон аз дастрасӣ ба оби доимӣ то масофаи байни роҳаткурсӣ ва маҳлулҳои махсуси безараргардониро санҷидаанд.

"Мо низ мехоҳем тамоми шароитро фароҳам кунем, вале на дар ҳама ҳолат тавонамон мерасад. Зеро набуди оби доимӣ дар ороишгоҳҳо, ки гарави муҳими кори кошонаҳо мебошад, аз мо вобаста нест", - таъкид кард ӯ.

Ҳоло дар кишвар наздик ба 2 ҳазор кошонаи ҳусн барои занону мардон фаъолият доранд ва талабот ҳам дар солҳои ахир ба ин хадамот бештар шудааст. Марям, як сокини Душанбе, гуфт, шароити рангубори мӯй ва абрӯвонашро дар хона надорад ва ҳамеша аз хадамоти ороишгоҳҳо истифода мекунад. «Дар як моҳ ду дафъа ба кошонаи ҳусн меравам. Санҷиш хуб аст, чунки метавонад камбудҳоро бартараф кунанд ва кошонаҳои ҳусн ҳам бояд тоза бошанд. Вале агар бидуни бастани дари онҳо ин камбудҳо бартараф шавад, боз хубтар буд”, - афзуд Марям.

Ниҳодҳои беҳдоштӣ мегӯянд, баъзан одитарин қоида дар марказҳои ороишӣ риоя намешавад ва боис ба эҷоди мушкилоти сиҳҳатӣ барои муштариён мегардад. Холмурод Алиҷонов, сардори яке аз раёсатҳои Хадамоти назорати давлатии санитарӣ–эпидемиологӣ дар Душанбе гуфт, санҷишҳо ҳар сол бо дастури додситонӣ ва Вазорати тандурустӣ сурат мегиранд.

Ӯ афзуд, "кошонаҳо бо хатти обу корез таъмин нестанд. Ҳангоми тафтиш маълум мешавад, ки онҳо ҳатто бидуни пушидани хилъат ба хидматрасонӣ машғул ҳастанд. Ё инки худашон аз муоинаи тиббӣ нагузаштаанд ва ё дар кошонаи ҳусн маҳлули безараргаронӣ надоранд, ки асбобҳояшонро саривақт тоза кунанд."

Пизишкон мегӯянд, агар аз як тараф баста шудани ороишгоҳҳо ба ҷайби ороишгарон зарба занад, аммо аз сӯи дигар нодида гирифтани шароити тозагиву беҳдошти кор дар чунин марказҳо метавонад муштариёнро ба бемориҳои гуногун гирифтор кунад.

Фирӯза Сафарова, ки солҳо боз ба ҳайси духтур-косметолог фаъолият дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ метавонад муштариёнро ҳатто ба бемориҳои сироятии пӯст ва, инчунин, ВИЧ-СПИД-у гепатити С ва В гирифтор кунад. Вай тавсия дод, ки бояд дар кошонаҳои ҳусн, дар баробари фароҳам кардани шароити коммуналӣ, ҳамчунин қоидаҳои тоза нигоҳ доштани асбоби ороишӣ ҳам ба роҳ монда шавад.

Ахиран мақомоти беҳдоштӣ ҳам аз бонувон хостанд, ки дар истифодаи маводи ороишӣ, яъне косметикӣ ва атр аз эҳтиёт кор бигиранд.

XS
SM
MD
LG