Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия расонаҳои беруниро ҳамчун "агенти хориҷӣ" сабт мекунад


Маскав мегӯяд, расонаҳое, ки дар Русия фаъолият мекунанд ва аз сӯи хориҷиҳо маблағгузорӣ мешаванд, дар сурате, ки аз сабт карданашон ба ҳайси "агенти хориҷӣ" худдорӣ кунанд, фаъолияти онҳо дар он кишвар мамнӯъ хоҳад шуд.

Пётр Толстой, муовини раиси Дума ё порлумони Русия дар сӯҳбат бо хабаргузории русии "Интерфакс" гуфтааст, ки ин тарҳ аллакай дар порлумон баррасӣ шудааст. Ин изҳорот дар ҳоле сурат мегирад, ки шабакаи телевизионии RT, ки аз сӯи Русия маблағгузорӣ мешавад, эълон кард, ки таҳти қонуни "Сабти агентҳои хориҷӣ"-и Амрико, сабти ном шудааст.

Як узви дигари порлумони Русия гуфт, баъд аз қабули ин қонун, "Садои Амрико", CNN, "Радио Свoбода" ва DW-и Олмон шомили созмонҳои матбуотие хоҳанд буд, ки ба ҳайси "агенти хориҷӣ" эълон мешаванд.

Ба иттилои маркази хабарии Радиои Озодӣ, Маскав мегӯяд, ки шабакаи телевизионии RT ва хабаргузории "Спутник", ки аз сӯи он кишвар маблағгузорӣ мешаванд, соли гузашта дар Амрико таҳти фишори шадид қарор гирифтанд ва ваъда додааст, ки ба ин иқдоми ИМА, вокуниш нишон хоҳад дод.

Ҳафтаи гузашта шабакаи телевизионии RT эълон кард, вазорати адлияи Амрико гуфтааст, ки бояд таҳти қонуни "Сабти маъмурони хориҷии Амрико" сабти ном шавад. Дар ин бора сармуҳаррири телевизион Маргарита Симонян иттилоъ дод. Пештар Симонян гуфта буд, ки Вазорати адлияи Амрико аз онҳо талаб кардааст, ки то 13 ноябр ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод кунанд.

Пётр Толстой, муовини раиси Думаи давлатии Русия.
Пётр Толстой, муовини раиси Думаи давлатии Русия.

Сармуҳаррири RT талаботи мақомоти Амрикоро "табъиз" номида буд. Ӯ гуфт, аз болои ин амали мақомоти ИМА ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Ба гуфтаи вай, ҳамчун "агенти хориҷӣ" ба қайд гирифтани RT бо "усули демократӣ ва озодии баён" мухолифат мекунад. Дар Департаменти давлатии ИМА гуфтанд, ки қонуни Амрико дар бораи "агентҳои хориҷӣ" аз гузинаи русӣ фарқ дошта, ба ҳеч ваҷҳ имкони расонидани хабарро маҳдуд намекунад.

Пётр Толстой, муовини раиси Думаи Русия гуфтааст, расонаҳое, ки дар дигар кишварҳо сабти ном шудаанд ё пул, ё пул ва дигар манбаъҳоро аз сохторҳои хориҷӣ ё ширкатҳои русие, ки тавассути хориҷиҳо сармоягузорӣ мешаванд, бидуни дарназардошти сохтори созмонӣ ё ҳуқуқишаон "агенти хориҷӣ" ҳисобида мешаванд.

Расонаҳои Русия аз қавли Пётр Толстой гузориш додаанд, ки эҳтимол дорад Думаи давлатӣ ин тарҳро рӯзи 15-уми ноябр тасвиб намояд ва барои имзо кардан ба раиси ҷумҳури он кишвар Владимир Путин, ироа намояд. Андрей Исоев, як узви дигари порлумони Русия рӯзи 13-уми ноябр гуфт, баъд аз қабули ин қонун, "Садои Амрико", CNN, "Радио Свoбода" ва DW-и Олмон шомили созмонҳои матбуотие хоҳанд буд, ки ба ҳайси "агенти хориҷӣ" эълон мешаванд.

Ин талоши ҳукумати Русия алайҳи матбуоти Амрико ва Ғарб дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст дар моҳи марти соли оянда интихоботи президентии Русия баргузор шавад ва интизор меравад, ки дар ин интихобот Владимир Путин барои шаш соли дигар дар қудрат боқӣ бимонад. Назорати ҳукумати Русия бар матбуот ва гурӯҳҳои сиёсӣ ва маҳбубияти Путин, пирӯзии ӯро аз қабл нишон медиҳад. Аммо бар асоси Қонуни асосии Русия, ва наметавонад дар интихоботи соли 2024 худашро номзад кунад.

XS
SM
MD
LG