Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони ҳамла ба Крокус


Расонаҳои Русия аз боздошти боз як зодаи Тоҷикистон дар пайванд бо ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити" хабар додаанд.

Хабаргузории РБК ва оҷонсии ТАСС рӯзи 26-уми апрел бо такя ба манбаъҳои худ дар сохторҳои ҳифзи қонун гуфтанд, маъмурони амниятии Русия гумонбари нав дар ҳамлаи террористиро дастгир карданд. Ба иттилои ин расонаҳо ин шахс Ҷумъахон Қурбонови 21-сола, як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Манбаи РБК гуфтааст, нисбати Қурбонов бар асоси банди "б"-и қисми 3-и моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Русия (амали террористӣ) парванда боз шудааст.

Дар бораи гумонбари нав дар ҳамлаи Крокус ва ҷузъиёти парванда тафсилот дода нашудааст. Назари Қурбонов ва вакилони ӯ ҳам датсрас нест. Ҳанӯз мақомот дар Тоҷикистон дар ин бора ваё ҳуввияти Қурбонов хабаре нашр накардаанд.

То имрӯз 12 нафар бо гумони тирандозӣ дар маҷмааи “Крокус сити ҳолл” боздошт шуда буданд. Дар миёни онҳо 11 шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд ва чор нафари онҳоро "иҷрокунанда" меноманд, ҳарчанд ҳанӯз мурофиаи додгоҳӣ барпо нашудаву гуноҳи онҳо исбот нашудааст. Дастикам чор боздоштшуда баъди ҳамла мавриди шиканҷаи бераҳмонаи ошкор қарор гирифтанд ва зери шиканҷа ба содир кардани ҳамла иқрор шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ин кори сохторҳои қудратии Русияро маҳкум карда гуфтанд, ки иқрор зери шиканҷа қонунӣ буда наметавонад.

Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 145 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.

Масъулияти ҳамлаи мудҳиштаринро дар таърихи навини Русия гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт.

Дар паи ин ҳодиса фишору азияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия якбора афзоиш ёфт.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG