Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтаре аз Молдова падари тоҷикашро меҷӯяд


Мадина аз Молдова падараш-Назаралиро аз Тоҷикистон меҷӯяд
Мадина аз Молдова падараш-Назаралиро аз Тоҷикистон меҷӯяд

​​​​​​​Як духтари 18-сола аз Молдова солҳо боз падари тоҷикашро ҷустуҷӯ дорад.

Мадина, шаҳрванди Молдова мегӯяд, падару модараш дар оғози солҳои 2000-уми дар Русия шинос шуданд ва ӯ ҳосили ин шиносоӣ аст. Падараш он сол аз Тоҷикистон ва модараш аз Молдова барои кор ба Русия рафта будаанд.

Ӯ гуфт, падараш Назаралӣ Раҳимов ном дорад ва шояд 55-сола бошад.

“Ман мехоҳам барояш бигӯям, ки 18 сол ба падар мӯҳтоҷ будам, аммо ӯро надоштам. Дилам барояш танг мешавад. Ҳарчанд ӯро намешиносам, аммо ёд мекунам. Хеле зиёд мехоҳам ӯро бубинам ва ҳамроҳаш суҳбат кунам,”—гуфт Мадина.

Пас аз чанд соли шиносоӣ дар Маскав падараш ба Тоҷикистон ва модараш ба Молдова баргаштанд ва бо ҳамин Мадина аз дидори падар маҳрум шуд.

Мадина ба Радиои Озодӣ нома навишт ва дархости кӯмак кард. Гуфт, падаршро суроғ дорад ва мехоҳад ҳарфи дилашро ба гӯшаш расонад. Мадина мегӯяд, модараш Родика Даскал ва падараш Назаралӣ Раҳимов ном дорад. Ӯ танҳо аз падараш як акс хотира дорад.

“Модарам нақл кард, ки бо падарам дар ҷойи кор дар Русия шинос шудаанд. Ҳардуяшон дар сохтмон кор мекарданд. Вақте ман ба дунё омадам, намедонам бобо ё бибии падариям даргузашт ва падарам ба Тоҷикистон баргашт. Модарамро аз ҷойи зисташ ронданд ва мо ба Молдова омадем. Пасон, модарам маро инҷо гузошту худаш ба Русия баргашт. Падарам ба дидани ман ба Молдова омад ва се моҳ ҳамроҳам буд. Бо ҳамин дигар рафт,”—нақл кард Мадина.

Видеоро инҷо бинед:

"Чаро падари тоҷикам аз ман рӯй гардондааст?"" (Рӯзгори муҳоҷир #23)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:20 0:00

Ӯ гуфт, дар бораи тоҷик буданаш аввалин бор аз падарандараш фаҳмид. Падарандараш ӯро зери маломату фишори равонӣ қарор дода, таъна мекардааст ва мегуфтааст, “бигзор падари тоҷикат туро нигоҳубин кунад.” Ӯ он лаҳзаҳоро чунин ба ёд овард: “Замоне ки падарандарам ба оилаи мо омад, ман 5 сола будам. Модарам ба ман гуфт, Мадина ту мехоҳӣ, ки падар дошта бошӣ, ин падари ту мешавад. Ман ҳам ӯро падар ном бурдам. Вале вақте бибиям инро шунид, бароям гуфт, ӯ падарат нест ва ҳеҷ гоҳ ӯро ин гуна ном набар. Аз ҳамон солҳо ман дар фикри фаҳмидани ҳақиқат шудам. Падаранадарам бо ман муносибати бад дошт. Ӯ ба ман мегуфт, ки падари ту тоҷик аст ва ту ҳам ба мисли ӯ тоҷик ҳастӣ. Ба мо монандӣ надорӣ, ранги пустат дигар аст. Барои ман ин гапҳо хеле сахт мерасид, ба модарам низ. Ҳар дафъе, ки ӯ менӯшид, ман маҷбур мешудам аз хона баромада равам. Ман дар бораи падарам аз модарам зиёд мепурсидам. Ӯ ба ман гуфт, ки номи падарам Назар аст ва ӯ аз модарам даҳ сол калон буд. Модарам ҳоло 45-сола аст. Модарам нақл кард, ки падарам оиладор ва соҳиби фарзанд аст. Ҳамсараш аз дунё гузаштааст. Модарам ҳатто номи фарзандҳояшро медонад. Тавре модарам мегӯяд, ман нусхаи падарам ҳастам, чашмонам аз ӯст.”

Қаҳрамони барномаи мо то 16-солагӣ дар тарбияи модаркалон буд. Мадина на меҳру оғуши кофии модарро дидааст, на чеҳраву китфони падарро то тавонад рӯи онҳо такя кунад. Ӯ гуфт, ҳамеша ба ҳамсолонаш ҳасад мебурд ва зиёд ашк мерехт.

“Ман меҳри падару модарро надидаам. Ҳамеша танҳо будам. Дидани ин ки дигарон падару модар доранд, вале ман не, бисёр душвор аст. Албатта ман модарамро дарк мекунам. Ӯ ба Русия барои кор кардан мерафт. Ман ӯро дар чизе гунаҳгор намекунам. Аммо падарам боре ҳам занг назаду ба суроғам наомад. Вақте ман даҳ сол доштам, падарам ба телефони хонагӣ ба модарам занг заду аҳволпурсӣ кард ва аз ӯ як шонси дигар барои зиндагии якҷоя хост. Вале модарам дар ҷавоб гуфт, ки бо як марди дигар зиндагӣ дорад. Бо ҳамин падарам дигар занг назад,”—ба ёд овард Мадина.

Мадина гуфт, модари ӯ аз падараш хотироти хуб надорад ва барои пайдо карданаш ба ӯ кумак накард.

“Ман чор сол мешавад, ки ӯро меҷӯям, аммо пайдо карда наметавонам. Вақте дар синфи нуҳӯм мехонадам, ба як шиноси тоҷикам дар бораи падарам нақл кардам. Ному насаб ва синну солашро гуфтам. Он замон дар куҷо зиндагӣ карданашро намедонистам. Ӯ як субҳ бароям навишт, ки падарамро пайдо кардааст. Ман пурсидам, ӯ дар қайди ҳаёт аст? Ӯ гуфт, бале зиндаву саломат аст. Ба падарам дар бораи ман нақл кардаанд. Вай гуфтааст, воқеан ҳам соҳиби духтар аст, аммо ӯро дар ёд надорад. Падарам гиря кардааст, барои пайдо кардани ман миннатдорӣ намудааст. Аммо баъди як рӯз гуфтааст, ки беҳтар мебуд, агар маро намеёфт. Ман хоҳиш кардам, ки рақами телефонашро бароям бидиҳанд. Вале вай гуфтааст, ки намехоҳад бо ман суҳбат кунад. Ӯ метарсад ва чӣ гуфтанашро намедонад. Ба ман аламовар буд, чун ки ман ҳам мехоҳам падар дошта бошам. Барояш рақамаҳои маро доданд, аммо ӯ ягон бор занг назад,”—гуфт Мадина.

Модари Мадина чанд сол пеш ба саратон гирифтор шуд ва ӯ натавонист мактаби миёнаро хатм кунад. Ҳоло дузанда аст ва мегӯяд, дар зиндагӣ мушкилие надорад ва танҳо набудани падар азияташ медиҳад. Ӯ гуфт: “Мехоҳам ӯро бубинам, аз наздик ошно шавам, ҳамроҳаш суҳбат кунам, дар оғӯш бигирам. Шояд ӯ ҳам мехоҳад маро бубинад. Аз ӯ ба ман чизе лозим нест, чун ҳама чиро дорам. Ман рӯзе аз модарам пурсидам, бояд чӣ кор кунам, ки падарам ба Молдова биёяд? Барои ин кор бояд бо ман чӣ ҳодиса рух бидиҳад? Модарам гуфт, ба тӯйи арӯсият даъват намо, он гоҳ ӯ меояд.”

Дарвоқеъ Мадина ҳамсафари ҳаётияшро пайдо кардааст ва танҳо мунтазири он аст, ки барои издивоҷ дуои падарашро бигирад. Ӯ мегӯяд, падараш, ки бузург шуданашро надидааст, ҳадди аққал дар тӯйи арӯсияш дар канораш бошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG