Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дастёрони" хатлониҳоро пӯст мекананд. ВИДЕО


Бархе аз сокинони вилояти Хатлон аз гум ва кушта шудани даҳҳо хар дар ин минтақа нигаронанд. Онҳо мегӯянд, ки афроди ношинос харҳояшонро аз назди хонаҳо дуздида, баъди пӯсташро гирифтан дар ҷарӣ ё ғорҳо партофтаанд.

Чанд дафъа ба мақомот муроҷиат кардем. Аммо онҳо гуфтанд, ки ҳанӯз дуздҳо ва омилони куштори харҳоро наёфтаанд.

Алиаҳмад Ҷайлобов, сокини деҳаи Эргаши ноҳияи Бохтар, рӯзи 15-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд вақт пеш ду хари ӯро дуздиданд ва баъди ҷустуҷӯи зиёд ҷасади онҳо дар ғори назди русто пайдо шуд. Алиаҳмад гуфт, яке аз васоили муҳими, ба қавли худаш, боркашониро аз даст дод ва зоҳиран то чанд муддати дигар халачӯбаш ба кор нахоҳад омад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Харҳои мо куҷо шуд?"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, дуздон танҳо пӯсти харро гирифта, боқимондаи ҷасадро партофтаанд. Сокинони рустоҳои вилояти Хатлон мегӯянд, ин рӯзҳо бо чунин ҳодисаҳо бештар рӯ ба рӯ мешаванд. Онҳо нигаронанд, ки муроҷиати пайвастаашон ба мақомот то кунун натиҷаи мусбат надода, омилони дуздии харҳо низ ошкор нашудааст.

Тошмурод Наботов, сокини ноҳияи Данғара, гуфт, дар ниҳодҳои давлатӣ ба онҳо фаҳмондаанд, ки ҳанӯз барои боздошти касе далел надоранд. “Гуфтанд, ки ҳоло дуздҳоро наёфтанд. Агар не, мо чанд бор муроҷиат кардем”, - афзуд ӯ.

Сокинони баъзе рустоҳои вилояти Хатлон гуфтанд, ки тавассути хар асосан обу ҳезум мекашонанд
Сокинони баъзе рустоҳои вилояти Хатлон гуфтанд, ки тавассути хар асосан обу ҳезум мекашонанд

Дар рустоҳои вилояти Хатлон, ки аксаран мардуми он чорводор ва кишоварзанд, ин чорпои боркаш барои корҳои ҳаррӯза муҳим ҳисоб меёбад. Бинобар ин, аз даст додани он барои сокинон талафот аст. Қариб дар ҳар як хонаводаи ин рустоҳо ҳадди ақал як хар нигаҳдорӣ мешавад. Алиаҳмад Ҷайлобов ҳам мегӯяд, мардум бо ёрии он обу ҳезум ва алафу борҳои дигарро мекашонанд.

Ҳасан Ашӯров, як сокини 30-солаи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, чанд рӯзи охир харашро меҷуст. Хабари ҳалокати харҳои ҳамсояҳоро шунида, ба ташвиш афтодааст. “Як ҳафта шуд, ки 9 хар аз деҳаи мо кушта шудаанд. Мисли чорво куштаанду пӯсташро кандаанд”, - афзуд ӯ.

Ҳам мақомоти ноҳияи Бохтар ва ҳам мақомоти ноҳияи Данғара гуфтанд, ки дар бораи гум ва кушта шудани харҳо аз сокинон шикоят гирифтаанд ва нозирони минтақавӣ омилони ин ҳодисаҳоро ҷустуҷӯ доранд.

Баъзе харҳои гумшударо дар инҷо ёфтаанд
Баъзе харҳои гумшударо дар инҷо ёфтаанд

Дар ҳамин ҳол, сокинони деҳаи Булакдашти ноҳияи Данғара гуфтанд, тоҷирони чинӣ аз баъзеи онҳо харҳои аз по уфтодаашонро ба хотири пӯсташон харидаанд. Аз ин рӯ, бо ишора ба шеваи куштори харҳо, ин ҳодисаҳоро ба ривоҷи тиҷорати пӯсти онҳо рабт медиҳанд. Дар бозори Чин нархи пӯсти як хар то 463 доллар боло рафтааст. Аз қадим дар тибби анъанавии чинӣ аз он давое месозанд, ки дар ҷаҳон бо номи Этсзяо машҳур аст. Онро барои хуб кардани гардиши хун, баланд бардоштани иммунитет ва нигоҳ доштани латофати инсон истифода мебаранд.

Дар Чин талабот ба пӯсти хар рӯз ба рӯз меафзояд, аммо парвариши он коҳиш ёфтааст. Чин барои таъмини бозори дохилӣ аз кишварҳои гуногун ин ҳайвонро меорад. Агар аз Ҳиндустон ва Покистон онро зинда баранд, аз кишварҳое мисли Русия, Узбакистон, Украина, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон танҳо пӯсти онро ворид мекунанд.

XS
SM
MD
LG