Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Трамп дар рӯбарӯи суолҳои бешумори дохилӣ ва хориҷӣ

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, чун анъана рӯзи 24-уми феврал паёми солонаи худро ба Конгресс ироа хоҳад кард.

Паёми ӯ дар замоне садо медиҳад, ки назарасанҷиҳо коҳиши маҳбубияти ӯро нишон медиҳанд, нигаронӣ аз таниш бо Эрон бештар мешавад ва амрикоиҳо дар остонаи интихоботи порлумонии моҳи ноябр аз болоравии нархҳо ранҷ мекашанд.

Трамп пас аз президенти Амрико интихоб шуданаш бори дуюм дар Конгресс суханронӣ мекунад. Ин сухангӯии мустақими телевизионӣ ба ӯ имкон хоҳад дод, ки сиёсатҳои худро барои бақои Ҷумҳурихоҳон дар қудрат шарҳ диҳад. Ин ҳам дар шароите, ки маъмурияти ӯ ба душвории ҷиддӣ дар дохил ва хориҷ рӯ ба рӯ аст.

Додгоҳи олии Амрико ҳафтаи гузашта боҷҳои пешниҳодии Доналд Трампро алайҳи кишварҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ донист. Ӯ гуфта буд, ки барои воридоти молу коло аз кишварҳои дигар боҷ меситонад ва ин ба фоидаи Амрикост. Омори нав нишон медиҳад, ки суръати рушди иқтисоди Амрико аз он чизе, ки интизор мерафт, суст ва сатҳи таваррум бештар шудааст.

Раисҷумҳури Амрико ҳафтае пеш аз қарори Додгоҳи олӣ хашмгин шуда, ба чанд додрас барои ғайриқонунӣ донистани боҷҳои ҷорикардаи ӯ ҳамлаи тунди лафзӣ кард. Эҳтимол чанде аз додрасҳо дар суханронии мустақими ӯ ширкат кунанд. Дар сурати идомаи ҳамлаи лафзӣ ба онҳо, эҳтимол ин пайомади хубе барои маъмурияти Трамп нахоҳад дошт.

Сиёсатҳои президент Доналд Трамп дар мавриди мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ ба мушкил печидааст. Пас аз онки кормандони Вазорати амнияти дохилӣ зимни амалиёт барои боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Миннеаполис ду шаҳрванди Амрикоро куштанд, Конгресс маблағгузориро ба ин ниҳод тасдиқ накард.

Ҳамзамон Трамп натавонист оташи ҷанҷоли парвандаи сармоягузори расвошуда Ҷеффри Эпштейнро дар мавриди озори ҷинсӣ хомӯш кунад.

Ёварони Доналд Трамп дар Кохи Сафед ва ҳамҳизбонаш, ки ба интихоботи моҳи ноябр омода мешаванд, ба ӯ машварат додаанд, ки дар суханрониаш бештар ба нигарониҳои иқтисодӣ тамаркуз кунад.

Бар асоси назарсанҷиҳо, ӯ дар интихоботи соли 2024 асосан бо ваъдаи беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум баранда шуд, вале ҳоло ба назар мерасад, ки аксари интихобкунандагон ноумед шудаанд ва ба талошҳои ӯ бо шубҳа менигаранд.

Зоҳиран, Трамп талош мекунад дар як мавзӯи мушаххас ҳарф занад, вале дар гузашта ӯ борҳо аз мавзӯи иқтисод берун рафта, дурудароз гилагузорӣ ва гоҳо эълон кардааст, ки аллакай мушкилиҳо ҳал шудаанд.

Як мақомдори Кохи Сафед ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, ки Трамп дар ин суханрониаш даъвои “пирӯзӣ дар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ”-ро хоҳад кард. Ин ҳарф шояд ба ҷумҳурихоҳон, ки талоши ширкат дар интихоботи миёндаврии моҳи ноябрро доранд, хуш наояд.

Ду мақомдори амрикоӣ ба ин хабаргузорӣ инчунин гуфтаанд, ки Трамп даъво хоҳад кард, ки иқтисоди заиферо аз Ҷо Байден, президенти собиқ мерос гирифт ва ҳоло вазъ беҳтар шудааст, вале демократҳо дар мавриди афзоиши мушкили зиндагӣ воҳима мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо, Трамп болоравии арзиши саҳмияи ширкатҳо дар бозори бурс, сармоягузорӣ дар бахши хусусӣ ва қабули қонуни коҳиши молиёт ё андозро ҳамчун натиҷаи кори хуб таъкид хоҳад кард.

Ҳамчунин, ӯ маъмурияташро ситоиш хоҳад кард, ки чӣ тавр тавонист марзи Амрикоро ба рӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ баста, даҳҳо ҳазор муҳоҷири бесанадро аз кишвар ронд. Ҳарчанд назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки аксари амрикоиҳо бовар доранд, маъмурияти ӯ дар боздошти муҳоҷирон "аз ҳад гузарондааст".

Аманда Макки, стратеги ҷумҳурихоҳ ва номзади собиқи Конгресс аз аёлати Флорида, гуфт, “ин ягона имконест, ки ҷаҳон ба ҳарфҳои ӯ гуш хоҳад дод ва беҳтар аст, ки аз корҳои анҷомдодааш бигӯяд ва аз матни суханронии аз пеш омодашуда берун нашавад”.

Таҷриба борҳо нишон додааст, ки Трамп ҳарфҳоеро ба забон меорад, ки дар матни аз пеш омодашудааш нестанд. Рӯзи гузашта худаш ишора кард, ки тӯлонӣ гап хоҳад зад. Соли гузашта дар Конгресс 100 дақиқа гап зад, ки тӯлонитарин суханронии як президенти Амрико дар Конгресс дониста шуд.

Соли гузашта вакилон аз ҳизби Демократ ҳангоми суханронии Трамп бо садоҳои баланд дар толор эътироз карданд ва бархе бо нишони эътироз аз онҷо берун шуданд. Ҳоло 20 вакили ҳизби Демократ нақша доранд, ки дар суханронии ӯ ширкат накунанд ва берун аз бино даст ба гирдиҳамоӣ зананд.

Ҷефф Меркли, сенатори демократ аз аёлати Орегон ба хабарнигорон гуфтааст, ба ҷойи шунидани “таблиғот”-и Трамп корномаи ӯро ба мардум муаррифӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG