Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навбатпоии тӯлонӣ барои хариди доллар дар Душанбе. ВИДЕО


Болоравии қурби доллар дар бозори ғайрирасмии асъор ва якбора камчин шудани он, дар назди бонкҳои Тоҷикистон навбати тӯлонии сокинонро ба вуҷуд овардааст.

Рӯзи 27-уми май танҳо дар яке аз саррофиҳои мутааллиқ ба "Казкоммерсбонк" дар хиёбони марказии Душанбе барои хариди доллар беш аз чиҳил нафар ҷамъ омада буданд. Онҳо гуфтанд, ки тоҷиру корафтодаанд ва субҳи зуд ба инҷо омадаанд.

Яке аз онҳо дар суҳбати видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "мардум аз соати 3 ё 4-и саҳар меоянд ва дар навбат меистанд. Ман барвақт омада наметавонам. Ин субҳ баъди хондани намози бомдод омадам, вале 10 доллар ҳам ёфта натавонистам. Ҳоло ба хона бармегардам."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Навбат барои хариди доллар дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Чанд муддат боз субҳи барвақт саррофиҳои "Казкоммерсбонк" серодам аст. Муассиси бонки мазкур "Казкоммерсбонк"-и Қазоқистон аст ва муштариҳо мегӯянд, ин бонк ба шумораи бештари ниёзмандон доллар мефурӯшад.

"Ҳоло аз кӯча доллар харидан мумкин нест. Рости гап, метарсем, чун дастгир мекунанд ва ҷарима мебанданд. Аз ин сабаб ба бонкҳо меоем. Дар инҷо низ ҳар рӯз доллар ёфт намешавад. Кори мо ба ҳамин далел ба қафо меафтад", -- шиква кард як зани тоҷир, ки нахост номаш бурда шавад.

Ду ҳафтаи охир қурби доллар дар Тоҷикистон масъалаи доғ шудааст. Дар бозори ғайрирасмӣ, ки вуҷуди онро мақомоти Тоҷикистон рад мекунанд, 100 доллар то 1000 сомонӣ боло рафтааст. Қурби расмии доллар, ки Бонки миллӣ муқаррар мекунад, ҳанӯз бетағйир аст ва 100 доллар ба 943 сомонӣ баробар аст.

Бонки миллӣ ҳафтаи гузашта дар як ҷавоби расмӣ ба Радиои Озодӣ болоравии қурби доллар дар бозори ғайрирасмиро "кори ҳаннотон" донист ва камчин шудани онро ба афзоиши воридоти молу тиҷорат ва бештар шудани хароҷоти будҷа рабт дод.

Вале коршиносон мегӯянд, камчинии арзи хориҷӣ дар бозори Тоҷикистон ба вазъи иқтисодии кишвар ва омилҳои берунӣ пайванд дорад.

Тибқи муқаррарот бонкҳои Тоҷикистон ба як нафар дар як рӯз набояд беш аз 200 доллар фурӯшанд. Муштариҳо шикоят доранд, ки "лимит"-и хариди доллар онҳоро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG