Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Русия дархости Татяна Лазареваро напазируфтааст


Татяна Лазарева
Татяна Лазарева

Додгоҳи олии Русия шикояти рӯзноманигори телевизион Татяна Лазареваро дар бораи бекор кардани иттиҳоми “агенти хориҷӣ” нисбат ба ӯ напазируфтааст.

Дар ин бора вакили мудофеи ӯ, Леонид Соловёв, рӯзи 17-уми сентябр хабар дод.

Хабарнигорро дар моҳи июли соли 2022 ба «дуруст шумурдани терроризм» муттаҳам карда, «агенти хориҷӣ» номида буданд. Ин иттиҳом баъд аз гузориши ӯ дар бораи ҳамлаи паҳподҳои украинӣ ба қаламрави Русия эълон шуд.

Мақомоти Русия ӯро моҳи июни соли 2024 ба рӯйхати «террористҳо ва ифротгароён» дохил карда, ба ҷустуҷӯ доданд. Додгоҳе дар Маскав моҳи июли имсол ҳукми ҳабси Лазареваро дар ғайбаш содир кард.

Татяна Лазарева моҳи феврали соли 2022, пас аз ҳамлаи Русия ба хоки Украина, аз ин кишвар берун рафт.

XS
SM
MD
LG