Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қирғизистон баррасии "парвандаи Кампиробод"-ро оғоз кард


Дар Додгоҳи ноҳияи Якуми Майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон бозпурсии гумонбарон дар доираи "парвандаи Кампиробод" оғоз шудааст.

Яке аз гумонбарон Равшан Ҷеенбеков гуфт, додрас бо вуҷуди он ки додситон айбномаро пурра эълом накардааст, бозпурсии айбдоршавандаҳоро оғоз кард. Ба гуфтаи ӯ, ин амали додрас хилофи қонун аст.

Дар мурофиаи нахустин, ки 29-уми майи имсол баргузор гашт, гумонбар Илгиз Шаменов пурсида шудааст.

Дар Додгоҳи Якуми Май оғози бозпурсии гумонбаронро дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ тасдиқ карданд.

Рӯзи 22-юми октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд.

Рӯзи 23-юми октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд. Додгоҳ то ҳол чандин бор ҳабси онҳоро тамдид кардааст.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар шарҳи боздошти гумонбарон гуфта буд, "онҳо мардумро ба шӯр” оварда, талош карданд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.

XS
SM
MD
LG