Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қазоқистон шикояти фаъоли зиндониро баррасӣ накард


Додгоҳи олии Қазоқистон 5 июн аз баррасии шикояти Марат Жиланбоев, фаъоли зиндонии қазоқистонӣ худдорӣ кард.

Мейржан Доскараев, вакили дифои Жиланбоев ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, дар додгоҳ барои баррасии шикояти шахси зери ҳимояи ӯ асосеро надидаанд.

"Додгоҳ қарор карда, ки барои баррасии минбаъда асос нест. Мо ба Додситони кул, сипас ба раиси Додгоҳи олӣ ва агар натиҷае набошад, ба Додгоҳи конститутсионии Қазоқистон шикоят мекунем", - изҳор дошт вакили дифоъ.

Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон моҳи ноябри соли 2023 Жиланбоевро 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вай борҳо талош кард, ки ҳизби "Алға, Қазоқистон!"-ро сабти ном кунад. Ӯро дар "маблағгузории фаъолияти тундгароёна" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор карданд.

Додгоҳи Остона рӯзи 19 январи имсол ҳукми Марат Жиланбоевро бе тағйир боқӣ гузошт.

Мақомоти Қазоқистон моҳи апрели имсол номи Жиланбоевро ба рӯйхати "афроде, ки дар сармоягузории экстремизму терроризм даст доранд" шомил карданд.

XS
SM
MD
LG