Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олмон бозбинии ҳукми як зани 99-соларо напазируфт


Ирмгард Фуршнер
Ирмгард Фуршнер

Додгоҳе дар Олмон рӯзи 20-уми август дархости бозбинии ҳукми зани 99-соларо рад кард. Ӯро ба шарик будан дар куштори беш аз 10 ҳазор нафар дар як урдугоҳи “нозиҳо” (фашистҳо) дар Ҷанги дуюми ҷаҳон гунаҳкор донистаанд.

Додгоҳи федеролии Олмон дар моҳи декабри соли 2022 гуфт, Ирмгард Фуршнер аз 1-уми июни соли 1943 то 1-уми апрели соли 1945 дар урдугоҳи Штуттҳоф, дар ҳудуди шаҳри имрӯзаи Гдански Лаҳистон (Полша), ба ҳайси котибаи фармондеҳи урдугоҳ кор мекард ва дар қатли беш аз 10 ҳазор нафар ҳамшарик аст. Барои ин гуноҳ ӯро ба ду сол зиндони шартӣ маҳкум карданд.

Вакилони Ирмгард Фуршнер дар аризаи эътирозӣ ба ҳукми додгоҳи федеролӣ гуфтанд, вай аз ин қатлҳо хабар надошт. Додситонҳо собит карданд, ки ӯ ба ҳайси котиба қарору санадҳои дохили урдугоҳро чоп мекарду аз қарорҳои фармондеҳон ва интиқоли маҳбусон ба зиндонҳои ваҳшатноке ба мисли Освентсим огоҳ буд.

Ӯро додгоҳ як узви дастгоҳи саркӯбу қатлҳои даврони нозӣ (фашистӣ) номидааст.

Ҳукми додгоҳро нисбат ба Фуршнер созмони яҳудиёни Олмон истиқбол кард ва гуфт, ки адолат баъди 80 сол аз рӯйдодҳои ваҳшатноки “Ҳолокост” ҳам тантана кард ва нозиҳо (фашистҳо) имрӯз ҳам барои ҷинояташон ҷазо мебинанд.

Пеш аз ин ҳам чанд корманди собиқи урдугоҳҳои консентратсионии нозиҳо дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки ҳама афроди солхӯрда мебошанд, дар Амрико ва Олмон ҷазо гирифтанд. Додгоҳҳои Олмон ба ҷавобгарӣ кашидани ширкатдорони қатлу кушторҳои даврони Ҷанги дуюми ҷаҳонро идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG