Дар ин бора AFP аз қавли як манбаи наздик ба тафтишот хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳабси Дуров метавонад то 96 соат идома кунад ва сипас ӯ озод мешавад ё ба зиддаш айб эълом кунанд.
Бино ба гузориши расонаҳои Фаронса, бунёдгузори Телеграм шоми 24-уми август дар фурудгоҳи Бурге ва ҳангоми вуруд аз Озарбойҷон дастгир шудааст. Миллиардери 39-сола, ки шаҳрвандии Фаронсаву Русияро дорад, бо ҳавопаймои хусусӣ ба Фаронса омадааст.
Як манбаъ дар Идораи мубориза бо ҷиноятҳо ба зидди ноболиғон гуфтааст, ки Павел Дуров, ба тақаллуб, қочоқи маводи мухаддир, озори лафзӣ дар фазои маҷозӣ, ҷинояткории муташаккилона ва тарғиби терроризм муттаҳам мешавад.
Павел Дуров, ки дар Русия ба дунё омадааст, 10 сол пеш ватанашро тарк кард ва соли 2021 шаҳрвандии Фаронсаро гирифт. Ӯ асосан дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ зиндагӣ мекард ва қароргоҳи ширкаташ ҳам онҷост.