Ҳукми онҳо дар охири ҳафтаи гузашта содир шудааст.
Бино бар он, Алӣ Азиззода 8 солу 9 моҳ ва се ҳамроҳаш – Давлатёр Маннонзода, Наврӯзи Раҷабалӣ ва Фаррухрӯз Муродализода – 1 солу 9-моҳӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд.
Ба иттилои тафтишот, занозании хунин байни ду гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик аз як баҳонаи ночиз рӯзи 29-уми июли соли 2023 дар шаҳри Чехов сар задааст.
Дар он ҳодиса Далер Тағоев ва Далер Юсуфов аз зарби корд кушта шудаанд.
Дар умум дар задухурди гурӯҳӣ 12 нафар иштирок доштанд.
Ба иттилои ҷониби Русия, ду муттаҳами асосӣ дар ин куштор бародарон ҳастанд ва тавассути Беларус ба Тоҷикистон фирор кардаву феълан дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор доранд.
Номи онҳо ошкор намешавад.
Баҳсу ҷанҷол миёни муҳоҷирон дар Русия зиёд иттифоқ меуфтад. Вазорати корҳои дохилии ин кишвар муҳоҷиронро барои ширкат дар занозаниҳои гурӯҳӣ аз қаламрави ин кишвар меронад.