Пайвандҳои дастрасӣ

Фалокат дар Амондара. Хонаҳо зери лойу гил монданд


Борони зиёд шоми 26-уми июн дар деҳаи Амондараи Панҷакент сабаби зери лой ва гили ғализ мондани 10 хона шуд, вале хушбахтона касе дар ин фалокат осеб надидааст. Яке аз сокинони деҳа шоми ҳамон рӯз ба Радиои Озодӣ акс ва видеое фиристод, ки нишон медиҳад, маҷрои гили ғафс дар ин русто ҷорӣ мешавад ва девори хонаҳо ҳам то ним зери гил мондаанд.

Табиби навбатдор ҳам мондаанд, то дар сурати зарурат ба мардум кумак расонанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн хабар дод, ки дар умум 6 хона зери гил мондааст ва 10 хона осеб дидааст. Оби сел қисмате аз дарғоти селгузарро вайрон кардааст ва дар натиҷа киштзорҳои мардум ва чанд роҳи байни рустоҳо дар ҷамоати Амондараро вайрон кардааст.

Айни замон дар маҳалли ҳодиса кумисюни Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода кор мекунад ва ҳаҷми хисороти расида муайян мешавад. Дар баёнияи расмии кумита омадааст, ки мардуми рустои осебдидаро ба ҷойи амн бурдаанд ва ба онҳо кумакҳои аввалия ба мисли ғизо ва доруворӣ тақсим мекунанд.

Табиби навбатдор ҳам мондаанд, то дар сурати зарурат ба мардум кумак расонанд. Мақомот айни замон масъалаи ёрӣ ба мардуми осебдидаро баррасӣ доштаанд. Ба маҳалли ҳодиса, раҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рафтаанд. Айни замон Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, мумкин аст, боронҳои сахт ва раъду барқ рӯзҳои наздик такрор шавад.​

  • Ин видеоро аз тариқи ИМО ба Радиои Озодӣ фиристоданд. Шумо ҳам агар хабаре доред, ё аксе ва лаҳзаи ҷолиберо ба навор бардоштаед, ба мо бифристед, то дигарон ҳам бубинанд. Шумораи Вайбер, ИМО ва Вотсаппи мо ин аст: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG