Хабари нав

Дигар аз ронандагони таксӣ дар Душанбе 100 сомонӣ намегиранд?

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як ниҳоди таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Кумисюни давлатии татбиқи ислоҳоти рақамӣ дар Тоҷикистон аст, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳури Тоҷикистон, қарор кардааст, ки дигар аз ронандагони таксӣ дар пойтахт ҳар рӯз 100 сомонӣ наситонанд. Ин қарор рӯзи 23-юми ноябр дар ҷаласаи Кумисюни давлатии татбиқи ислоҳоти рақамӣ қабул шуда, аммо замони иҷрояш дақиқ нест. Яъне, аз лаҳзаи қабули қарор ё аз соли нави 2027.

“Ҳаққи" рӯзонаи 100 сомонӣ, ки ронандагони таксӣ дар пойтахти Тоҷикистон аз соли 2025 месупоранд, боис ба норизоиятии зиёди ронандагон шуда буд. Онҳо мегуфтанд, фоидаи зиёд намегиранд ва тавоноии пардохти чунин пулро надоранд.

Ҳукумати Душанбе рӯзи 23-юми ноябр дар як баёнияи расмӣ гуфт, сабаби қабули ин қарор “коҳиши хароҷоти ронандагон ва рафъи маҳдудиятҳои маъмурӣ” аст, вале маълум нест, тартиби нави кори ронандагон ва пардохтани ҳаққи кор чӣ гуна хоҳад буд.

Дар эъломияи расмии мақомот ба ҷуз ишораи он ки "заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии татбиқи механизми нав омода гардад” ва “тартиби гирифтани иҷозатнома аз Портали ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ аз 1 январи соли 2027 мавриди амал қарор гирад” ҷузъиёте нест.

Дар ин баёния омадааст: “Татбиқи қарорҳои мазкур ба ташаккули низоми шаффофу дастраси танзими фаъолияти таксиҳо, коҳиши расмиёти зиёдатӣ, қонунигардонии фаъолияти худшуғл ва беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон равона карда шудааст.”

Ҳоло ронандагони таксӣ дар шаҳри Душанбе бояд зери чатри ширкати “Ҷӯра” (Jura) кор кунанд ва новобаста аз он ки даромад доранд ё не, ҳар рӯзе ҳатман 100 сомонӣ супоранд.

Ин талаби ширкати “Ҷӯра” боис ба сару садо ва норизоятиҳои парокандаи ронандагон шуда буд ва мақомот маҷбур шуданд, ба он вокуниш нишон диҳанд.

Рустами Эмомалӣ ҳанӯз моҳи июл хоста буд, ки “масъалаи аз байн бурдани маблағи 100 сомонӣ” барои таксиҳо баррасӣ ва “усулҳои наву муосир”-и ҳалли масъала пешниҳод шавад. Он вақт низ гуфта нашуд, ки усулҳои нав кадоманд.

То ду сол пеш дар Душанбе наздик ба 10 ширкати таксӣ вуҷуд дошт ва шикояти муштариёну ронандаҳо зиёд набуд. Пас аз як ислоҳот аз сӯйи шаҳрдории Душанбе бозори таксӣ дар ихтиёри чор ширкати нав ва зери чатри “Ҷӯра” гузашт. Ронандагон новобаста аз он ки кор мекунанд ё не, бояд ҳар рӯз сад сомонӣ пардозанд.

Номи моликони ин ширкат то ҳол ба матбуот ва ҷомеаи Тоҷикистон маълум нест ва ин ҳолат шубҳаҳоро дар бораи шаффофияти кори он ба вуҷуд овардааст.

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чор ширкати таксиронӣ 12 ҳазор таксӣ доранд. Таксиронҳо мегӯянд, омори воқеӣ бамаротиб бештар аст.

Ҳарчанд Вазорати нақлиёт масъули танзими сифату кори нақлиёт дар кишвар аст, фаъолият ва хидматрасонии ширкатҳои таксиро дар Душанбе шаҳрдории пойтахт ба ихтиёри худ гирифтааст.

​
XS
SM
MD
LG