Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 сомонӣ. Ситондани "ҳақ" аз таксиҳо бозбинӣ мешавад?

Ҳукумати шаҳри Душанбе, ки раёсаташро писари раисҷумҳури Тоҷикистон бар уҳда дорад, баъди беш аз як соли баҳсу нигарониҳо, хостааст, ситондани 100 сомонӣ "ҳаққи ҳаррӯза" аз ронандагони таксӣ дар пойтахт бозбинӣ шавад.

Ин талаби ширкати "Ҷӯра" (Jura) боис ба сару садо ва норизоятиҳои парокандаи ронандагон шуда буд. Тамоми ронандагони таксӣ дар Душанбе вазифадоранд, ки зери чатри ширкати "Ҷӯра" кор кунанд ва новобаста аз он ки даромад доранд ё не, бояд пардохти ҳатмии ҳаррӯзаро супоранд. Номи моликони ширкат то ҳол ба матбуот ва ҷомеаи Тоҷикистон маълум нест ва ин ҳолат шубҳаҳоро дар бораи шаффофияти кори он ба вуҷуд овардааст.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе рӯзи 10-уми июл навишт, масъалаи ситондани сад сомонӣ аз таксиҳо дар Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи пойтахт садо дод. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, хостааст, "масъалаи аз байн бурдани маблағи 100 сомонӣ" барои таксиҳо баррасӣ ва "усулҳои наву муосир"-и ҳалли масъала пешниҳод шавад. Гуфта нашудааст, ки ин усулҳо кадоманд.

Азим Иброҳим
Азим Иброҳим

Ҳамин мавзуъ рӯзи 8-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар Вазорати нақлиёт низ баҳсеро ба миён овард. Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, ба хабарнигорон гуфт, ислоҳоти ширкатҳои таксӣ ба наздикӣ поён ёфта, вазъ беҳтар хоҳад шуд.

“Дар платформаи “Ҷӯра” ҳамин хел аст, ки агар ронандаи таксӣ дархостро чор бор рад кунад, аз кор ронда мешавад. Барои ҳамин, корбарӣ рафта истодааст, то ҳаминро дар шакли замонавӣ, муосир ҷо кунем,” -- афзуд вазири нақлиёт.

То ду сол пеш дар Душанбе наздик ба 10 ширкати таксӣ вуҷуд дошт ва шикояти муштариёну ронандаҳо зиёд набуд. Пас аз як ислоҳот аз сӯйи шаҳрдории Душанбе бозори таксӣ дар ихтиёри чор ширкати нав ва зери чатри "Ҷӯра" гузашт. Акнун хоҳишмандон бо мушкил метавонанд бо телефон таксӣ супориш диҳанд ва ронандагон новобаста аз он ки кор мекунанд ё не, бояд ҳар рӯз сад сомонӣ пардозанд.

Соҳибназар Назаров, ронандаи таксӣ дар пойтахт, мегӯяд, “тақрибан 70 дарсади ронандаҳое, ки дар ширкат кор мекунанд, аз бонк пул гирифтаанд, қарздоранд.”

Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, таксиронҳо дар мулоқот гуфтаанд, ки беҳтар аст ширкатҳо чанд дарсад аз даромадро бигиранд ва онҳо ин дархостро бо намояндагони ширкатҳо дар миён гузоштаанд. "Аммо худи вазорат ин масъаларо танзим намекунад," – афзуд ӯ.

Азим Иброҳим гуфт: “Ин тариқи мо намегузарад, ки онро ҳисобу китоб кунем. Инҳо худашон тартиб медиҳанд ва дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ мекунанд.” Аммо Шоиста Саидмуродзода, муовини вазири нақлиёт мегӯяд, бо ширкатҳо ба созиш расидаанд, ки пардохти ҳаққи ширкат дигар 100 сомонии маҷбурӣ набошад.

“Агар замимаи “Ҷӯра” сад дарсад ба кор дарояд, ин ҳам пешниҳоди “Ҷӯра” аст ва ҳам ширкатҳои таксӣ, ки мегӯянд мо аллакай ба фоиз мегузарем," – гуфт Шоиста Саидмуродзода.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Душанбе 4 ширкати таксиронӣ 12 ҳазор таксӣ доранд. Худи таксиронҳо мегӯянд, омори воқеӣ бамаротиб бештар аст. Ҳарчанд Вазорати нақлиёт масъули танзими сифату кори нақлиёт дар кишвар аст, фаъолият ва хидматрасонии ширкатҳои таксиро дар Душанбе шаҳрдории пойтахт ба ихтиёри худ гирифтааст.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG