Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли нав гузашт, вале баҳсаш монд


Дар як назарсанҷии Радиои Озодӣ, ки дар арафаи Соли нав анҷом шуд, қариб нисфи пурсидашудаҳо ба саволи "Соли навро ҷашн мегиред?" гуфтаанд, ки ин идро ҷашн намегиранд, чунки Соли нав иди мусалмонон нест. Тақрибан ҳар нафари сеюм аммо гуфтаанд, ки дар ҳалқаи хонавода, ё бо ёру дӯстон ваё хоксорона аз ин ид таҷлил мекунанд.

Як назарсанҷии ғайрирасмии Радиои Озодӣ нишон медиҳад, ки назари мардум дар Тоҷикистон ба таҷлили Соли нав ҳамчунон гуногун боқӣ мемонад. Дар ин назархоҳӣ, ки аз 28 то 31 декабр анҷом шуд ва дар он 982 нафар аз хонандагони сомонаи Радиои Озодӣ назар додаанд, 49,6 дарсад ё қариб нисфи пурсидашудаҳо дар посух ба саволи Соли навро ҷашн мегиред? гуфтанд, ки иди Соли навро ҷашн намегиранд, чунки он... иди мусалмонҳо нест. 6,2 дарсади дигар майли ид надоштани худ ва 2,3 дарсад имконоти маҳдуди молиашонро далели сарфи назап кардан аз таҷлили лаҳазоти фаро расидани соли нави мелодӣ номидаанд.

Дар ин баробар, тақрибан сеяки пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки Соли навро ҳатман таҷлил мекунанд. Аз ин миён, 26,6 дарсад гуфтаанд, ин идро дар ҳалқаи хонавода ҷашн мегиранд. 6,3 дарсад ба таҷлили соли нав дар ҳалқаи ёру дӯстон бартарӣ додаанд ва ҳамин миқдор - 6,3 дарсади дигар аз пурсидашудаҳо гуфтаанд, Соли нави мелодиро ҷашн мегиранд, вале хоксорона. Аз байни 982 нафари назардода танҳо 2,6 дарсад гуфтаанд, ки ҳанӯз намедонанд, иди Соли навро ҷашн бигиранд ё на.

Дар назархоҳии дигаре, ки рӯзи 1 январ, дар нахустин рӯзи соли нави 2015-ум дар сомонаи Радиои Озодӣ оғоз шудааст, низ таносуб байни тарафдорон ва мухолифони таҷлили Соли нав тақрибан чунин аст. Фақат ба ин фарқ, ки шумори онҳое, ки Соли навро билохира таҷлил кардаанд, нисбатан бештар ва шумори онҳое, ки аз ин кор сарфи назар карданд, каме камтар шудааст.

То ин лаҳзаҳое ки ин гузориш омода мешуд, дар ин пурсиш 47,3 дарсад дар посух ба саволи Соли навро ҷашн гирифтед? гуфтанд, ки не, ин иди мо нест. 30,1 дарсад мегӯянд, Соли навро дар хона ҷашн гирифтаанд ва 6,5 дарсад – дар майдон. 11,8 дарсад иқрор кардаанд, ки имкони таҷлил аз Соли навро надоштаанд. Ва 4,3 дарсад аз посух гуфтан ба ин суол худдорӣ кардаанд.

Ин ду пурсиш дар ҳолест, ки баҳси таҷлил кардан ё накардани Соли нав дар ҷомиаи Тоҷикистон ва кишварҳои дигари мусалмонии минтақа чандин сол боз баҳсе доғ ва зоҳиран ба ин зудиҳо тамомношуданӣ боқӣ мемонад. Ҷомиашиносон мегӯянд, афзоиши мизони мазҳабишавии ҷомиа шумори мухолифони таҷлили Соли навро, ки дар замони Шӯравӣ муҳимтарин ва барои бисёриҳо маҳбубтарин ид ба шумор мерафт, зиёд кардааст. Хайли мухолифони Соли нав аз ҳисоби онҳое ҳам меафзояд, ки мегӯянд, соли нави тоҷикону форсизабонҳо Наврӯз аст, на 1 январ.

Ба таҷлили Наврӯз бартарӣ додани мақомоти расмӣ дар солҳои охир низ боиси як андоза дар чашми мардум камрангтар шудани шаҳомати иди Соли нави мелодӣ шудааст.

Баҳсҳо сари масъалаи таҷлил кардан ё накардани Соли нав дар ҷомиа дар солҳои охир чунон доғ шуда, ки рӯзи 26 декабр, дар охирин намози ҷумъаи соли 2014, имомхатибон дар масҷидҳои Тоҷикистону Узбакистон дар масъалаи таҷлили ин ид маъвизаҳои вижа карданд.

Бобои барфӣ дар Тошканд
Бобои барфӣ дар Тошканд

Имомхатибҳо дар Узбакистон ба ин нукта таъкид кардаанд, ки агар мусалмон Соли нави мелодиро на ҳамчун иди масеҳӣ, балки танҳо лаҳзаи таҳвили соли расмӣ ва ба манзури натиҷагирии соли гузаштаашу рехтани барномаҳояш барои як соли оянда, таҷлил кунад, “ҳам ақлан ва ҳам шаръан ҷоиз аст.”

Имомхатибони Тоҷикистон низ дар намози ҷумъаи ахир таҷлили Соли нави масеҳиро як навъ василаи ҳамзистӣ ва ҳамдигарфаҳмии намояндагони адёни гуногун дар кишвар хондаанд. Бино ба гуфтаи Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, имомхатибон дар намози ҷумъаи рӯзи 26 декабр Соли нави мелодиро як навъ василаи шодиву хурсандии кӯдакон ва оростани дастурхони солинавӣ хонданд. Имомҳои тоҷик чанд сол боз интиқод шудани таҷлили Соли нави масеҳӣ ва иди Наврӯз аз ҷониби бархеро нодуруст шумурда, таъкид кардаанд, ки Соли навро тоҷикон на ҳамчун ҷашни мазҳабӣ, балки чун фарорасии зимистон, хурсандии кӯдакон, ҷамъбаст ва падруди соли кӯҳан истиқбол мекунанд. Зимни сӯҳбатҳои худ имомхатибони зикр карданд, ки “мо дар давлати демократӣ зиндагӣ дорем ва солшумории мо на ҳиҷрӣ, балки мелодист.”

Арчаи солинавӣ дар Ишқобод
Арчаи солинавӣ дар Ишқобод

Имомхатибони Тоҷикистон иброз доштанд, дар соли нав арча ба он
хотир оро дода мешавад, ки мувофиқи баъзе сарчашмаҳо, Ҳазрати Исо (а) дар зери он таваллуд шудааст. Дар шарҳи Кумитаи дин аз Қуръони карим ҳам иқтибос шудааст: “Пас, ӯро аз ҷониби поини ӯ овоз дод, ки: «Андӯҳ махӯр, ҳамоно Парвардигори ту аз зери қадами ту ҷӯе пайдо кардааст! Ва танаи дарахти хурморо ба сӯи хеш биҷунбон, то бар сари ту хурмои тозаи аз дарахтчидаро биафканад! Пас, бихӯр ва биошом ва осуда чашм шав.” (Сураи Марям,оятҳои 24-26) Кумитаи дини Тоҷикистон бо такя ба шарҳи ин оёт аз қавли имомхатибон овардааст, ки аз тафсири ин оёт маълум мешавад, ки “чун Марям-модари ҳазрати Исо обистан шуд ва ҳамлаш наздик омад, аз деҳа ба ҷои дуртаре рафт ва дар зери дарахти хурмои хушкида қарор гирифт. Худованд ба қудрати худ он дарахти хурморо эҳё намуд ва аз зераш чашмае падид овард”.Аз ин рӯ, ба хотири он ки ин пайғамбари Худо дар зери дарахт ба дунё омадааст, масеҳиён дар соли нав арчаро оро додаву дар гирдаш рақсу бозӣ мекунанд.

Аммо ин шарҳи рӯҳониёни тоҷик ба мавҷи интиқодҳое рӯбарӯ шуд, ки агар Исои Масеҳ дар зери дарахти хурмо дида ба ҷаҳон кушодааст, пас оро додани арча ба ҷои хурмо дар ин ид чӣ маъно дорад? Аммо гурӯҳи дигар баҳси пешвоз гирифтан ё нагирифтани Соли навро аз намунаҳои дигари ақибгароии аҳли дин мешуморанд ва мегӯянд, дар ҳоле ки ҷаҳон ба фатҳи кайҳон даст ёфтааст, мардуми мусалмон то ҳол дар баҳсҳои резаву беҳудае, чун дарозии ришу салла ё таҷлил кардан ё накардани Соли нав ё Наврӯз дармондаанд.

Бо ин вуҷуд, бо чунин баҳсҳои гоҳо тунд сари таҷлили Соли нав Тоҷикистон вориди соли мелодии 2015 шуд. Бисёриҳо расидани соли навро дар майдони марказии Душанбе ҷашн гирифтанд. Ин чанд акс аз ҳамин ҷашн аст:

XS
SM
MD
LG