Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамзҳои "миллӣ" - ба ҷои ситораи 5-гӯша дар арчаҳои солинавӣ (ВИДЕО ва 15 АКС)


Дар фарқи арчаи солинавӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ ситораи панҷгӯшаро батадриҷ бо рамзҳои ба ин кишварҳо наздиктар ва бештар бо нишони миллии онҳо иваз мекунанд. Тавре ба назар мерасад, ситораи панҷгӯша танҳо дар Русия роиҷ боқӣ мондааст.

Чанд сол боз дар маркази шаҳри Душанбе арчаи анъанавии солинавӣ бо тоҷи заррин - нишони миллии Тоҷикистон дар фарқаш гузошта мешавад.

Баландии арчаи солинавӣ дар пойтахти Тоҷикистон 20 метр буда, инак 2 рӯзи охир он маркази пойтахти Тоҷикистонро оро медиҳад. Қарор аст, дар пояи он шаби 31 декабр барномаи консертӣ барпо шавад.

Қаблан арчаҳои солинавӣ дар ин кишвар ва боқӣ кишварҳои пасошӯравӣ бо ситораи панҷгӯша зиннат дода мешуд. Аммо акнун тавре ба назар мерасад, ситораи панҷгӯша танҳо дар Русия ҳамчунон роиҷ боқӣ монда, дар кишварҳои дигари паҳнои Шӯравии собиқ ҷои онро дар фарқи арчаҳои солинавӣ нишонҳои ба ин кишварҳо наздиктар ва бештар нишони миллии ин кишварҳо мегирад.

Арчаи тоҷдор дар маркази Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00

Дар арчаи солинавии шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон ҳам рамзи ситораи панҷгӯшаро нишон ё герби миллии ин кишвар иваз кардааст. Дар арчаи асосии Ишқобод, пойтахти Туркманистон ситораи ҳашткунҷаи сабз – нишони миллии ин кившари саршор аз нафту газ насб шуда, дар Остона, пойтахти Қазоқистон низ ситораи ҳашткунҷа – рамзи ин манбаи дигари бузурги энержии минтақа дарҷ шудааст.

Ҳатто дар арчаҳои солинавии кишварҳои аксаран масеҳинишини пасошравӣ, ба мисли Беларус ва Украина, ситораи панҷгӯшаро рамзҳои нав иваз кардаанд.

Ҳамин тавр, дар кишварҳои пасошӯравӣ талош мешавад, то рамзҳои дигари Соли навро ҳам миллитар кунанд. Аз ҷумла дар Туркманистон уштурро ҳамчун рамзи Соли нав истифода мекунанд.

Таърихчаи арчаи солинавӣ, ки як ҷузви муҳими ҷашни Милоди Масеҳ мебошад, ба асрҳои қадим бармегардад. Манобеи таърихӣ мегӯянд, ки рамзи ситораи болои арча ба маънои “ситораи Байтуллаҳм” буда, худи арча бо орзуи зиндагии сарсабзу хуррами ин мардум ороста мешавад. Дар даврони шӯравӣ ситораи фарқи арчаи солинавӣ назири ситораи Кремл сурху панҷгӯша буд ва бештар ба рамзи ситораи панҷгӯшаи Иттиҳоди Шӯравӣ мемонд, то ба рамзҳои дини масеҳӣ.

Ҳарчанд мақомоти Душанбе табдили рамзи ситораи болои арчаро бо тоҷи заррин шарҳ намедиҳанд, вале эҳтимолан ин фикр аз андешаи додани симои миллӣ ба арчаи солинавии тоҷикон маншаъ мегирад. Бахусус дар шароите, ки дар ҷомеаи аксаран мусалмоннишини Тоҷикистон ҳарчи бештра даъватҳо ба манъ шудани ҷашнгирии иди соли нав чун як иди бегонамазҳаб шунида мешаванд. Мақомоти Тоҷикистон, ки ба дунявияти қонунҳои кишвар таъкид мекунанд, ба таҷлили ҳамаҷонибаи ҷашни соли нав даъват карда, онро як иди милливу хонаводагии мардуми Тоҷикистон эътироф мекунанд.

Арчаи тоҷдори Душанбе. Соли 2011
Арчаи тоҷдори Душанбе. Соли 2011

Дар солҳои гузашта дар Тоҷикистон барои додани симои миллитар ба ҷашни Соли нав талошҳои дигаре ҳам анҷом шуда буд. Аз ҷумла дар барномаҳои соли нави телевизиони давлатӣ талош карданд, то аз истифодаи қаҳрамонҳои анъанавии Соли нав – Бобои барфӣ ва Барфак – сарфи назар кунанд ва ба ҷои онҳо қаҳрамонҳои наву «тоҷикӣ»-тареро ба саҳна андозанд, ки чандон муваффақ набуд.

Ҳамин тавр дар солҳои қаблӣ дар чорчӯби маъракаҳое, ки ба ҷои Соли нави милодӣ ба ҷашни асосии сол табдил додани Наврӯз – соли нави мардуми форсизабонро ба ҳадаф доштанд, кӯшиш шуда буд, то рамзи дарахти Зардолуро ҷойгузини арчаи солинавӣ ва Бобои деҳқону Маликаи баҳорро ҷойнишини Бобои барфию Барфак кунанд.

XS
SM
MD
LG