Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ду узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалимро ба Тоҷикистон супурдааст (ВИДЕО)


Абдуҳалим Назаров
Абдуҳалим Назаров

Бино ба гузоришҳо баъди боздошти Мирзо Мукаммилов, ронандаи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ва Қаноат Мукаммилов, бародари ӯ дар Русия дар ҳафтаи гузашта аз тарафи маъмурони Интерпол, ё пулиси байналмилалӣ Русия онҳоро ба мақомоти Тоҷикистон таслим кардааст.

Ин ду нафар аз ҷумлаи панҷ бародар аз хонаводаи Мукаммиловҳо ҳастанд, ки бо ҷурми ҳамкорӣ бо гурӯҳи муовини пешини вазири дифоъ ва пинҳон кардани таппончаҳои шахсии ӯ муттаҳам мешаванд. Дар пайи истирдоди ин ду бародар наздик ба даҳ тани дигар ба гумони ёрӣ ба фирори онҳо низ боздошт шудаанд. Боздоштшудаҳо ба он муттаҳам мешаванд, ки то замони фирорашон ба хориҷи кишвар бо ин бародарон робита доштаанд.

Дар моҳи октябри соли гузашта мақомот бародарон Садриддин, Наҷмиддин ва Муборак Мукаммиловҳоро боздошт карда буданд, вале Мирзо ва Қаноат, ду бародари дигар таҳти пайгард қарор доштанд.

Ҳусниддин Раззоқов, як тан аз наздикони ин хонавода, 20 июн ба Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта ба онҳо хабар расид, ки Қаноат ва Мирзо Мукаммиловҳоро аз шаҳри Қазони Тотористони Русия ба Тоҷикистон овардаанд. Ӯ гуфт, ки аз замони фирор пайвандонаш бо онҳо ҳеч тамос надоштанд.

Ронандаи Ҳоҷӣ Ҳалим бо бародараш ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Мақомоти Тоҷикистон 5 бародар аз як хонаводаи сокини ноҳияи Шоҳмансурро ба пинҳон кардани туфангчаҳои Абдуҳалим Назарзода ва ҳамкорӣ бо ӯ айбдор медонанд. Мирзо Мукаммилови 43-соларо мақомот ронандаи шахсии Абдуҳалим Назарзода муаррифӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ бародарони худро шомили гурӯҳи генерали ошӯбгар кардааст.

Наҷмиддин Мукаммилов, яке аз ин бародарон дар гузашта ронандаи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов будааст.

Бародарҳо дар ҳоле ба ҷинояткорӣ муттаҳам шуданд, ки аввали моҳи октябри соли гузашта кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур се сокини ин ноҳияро бо ҷурми нигаҳ доштани ду туфангча ва 20 дона тирдон боздошт карданд ва онҳо шоҳидӣ додаанд, ки туфангчаҳоро бо тирдон аз Мукаммиловҳо гирифтаанд. Як манбаи наздик ба тафтиши қазия гуфта буд, “таҳқиқ нишон дод, ки ин ду туфангча бе восита ба худи Абдуҳалим Назарзода тааллуқ доранд ва якеи онро вазорати дифоъ ба ӯ додааст.”

Ин манбаъ мегӯяд, ҳоло се тан аз ин бародарон бо моддаи 195-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба силоҳ” айбдор мешаванд. Парвандаи онҳо ҳамчун узви гурӯҳи таъсисдодаи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа, ки рӯзи 4 сентябр даст ба ошӯби мусаллаҳона зад, таҳқиқ мешавад.

Истирдоди ду бародар аз Русия ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00
Линки мустақим

Сангина Каримова, модари 74-солаи Мукаммиловҳо рӯзи 4 декабри соли гузашта ба Озодӣ гуфта буд, ки на ҳамаи писарони ӯ ба гурӯҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим” шомил буданд. Ӯ аз мақомот дархост дорад, ки писарони бегуноҳашро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намоянд. “Фақат як писарам нофаҳмида пистолетҳоро дидааст. Дигаронаш ҳеч гуноҳ надоранд. Хоҳиш дорам, ки корро аз рӯи адолат бинанд ва писаронамро раҳо кунанд. Як хонаи калонам бебача мондааст. Дар сари пирӣ метарсам, ки бе писаронам мемирам,” – таъкид дошта буд ӯ.

Ин панҷ бародар то ҳуҷуми моҳи сентябр ба пойгоҳҳои низомӣ, ки мақомот генерал Назарзодаро аз тарроҳони он эълон кардаанд, дар маҳалли Қаротегини шаҳри Душанбе зиндагӣ мекарданд. Хонаводаи Назарзода низ дар ҳамон маҳалла зиндагӣ мекунад.

Рӯзи 4 сентябри соли гузашта дар Душанбе ва Ваҳдат бар асари як ҳамла 9 тан аз кормандони пулис кушта шуданд. Мақомот ин ҳуҷумро кори дасти Абдуҳалим Назарзода, ки он замон муовини вазири дифои Тоҷикистон буд, донистанд. Амалиёт зидди гурӯҳи ӯ дар дараи Ромит 12 рӯз давом кард ва бо кушта шудани Абдуҳалим Назарзода ва чанд тан аз ҳамроҳонаш поён ёфт.

Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки Назарзода як гурӯҳи беш аз 300-нафарӣ таъсис дода, қасди табадулоти давлатӣ доштааст. Тибқи иттилои расмӣ, наздик ба 200 нафари узви гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шудаанд ва баррасии парвандаи онҳо паси дарҳои баста сурат мегирад. То кунун ду нафари онҳо ба ҳабси абад маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG