Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти даҳ "одам"-и Мирзо Зиёев баъди шоҳидии ҳамроҳони Ҳоҷӣ Ҳалим


Мирзо Зиёев. Акс аз соли 1998
Мирзо Зиёев. Акс аз соли 1998

Даҳ узви гурӯҳи Мирзо Зиёев баъд аз шоҳидии аъзои гурӯҳи марбут ба Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шуда, аммо яке аз онҳо ҳангоми берун овардани силоҳ аз пинҳонгоҳ худро бо норинҷаки дастӣ таркондааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар пайи як амалиёт даҳ узви, ба гуфтаи онҳо, гурӯҳи Мирзо Зиёев (Мирзо Ҷага) - вазири пешини ҳолатҳои фавқулода ва фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷикро боздошт кардаанд. Манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 9 ноябр гуфт, ки боздошти ин афрод дар пайи худро таркондани як “ҳамкорашон” ва шоҳидии баъзе аз аъзои гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Манбаъ аз ин узви гурӯҳи Мирзо Зиёев Идибек Маҳмадов ном бурд, ки ба қавли ӯ дар ҳудуди ноҳияи Нуробод бо инфиҷор додани норинҷаки дастӣ худро ба қатл расондааст. Ин ҳодиса рӯзи 5 ноябр рух додааст. Идибек Маҳмадов, зодаи ҷамоати Чилдараи ноҳияи Тавилдара буда, аммо аз соли 2012 боз дар ноҳияи Панҷ зиндагӣ доштааст. Ӯ ҳафтае пеш бо гумони нигаҳдории силоҳ боздошт мешавад, аммо ҳангоми берун кардани силоҳ аз пинҳонгоҳе дар ҳудуди ноҳияи Нӯробод бо даст додани фурсат норинҷаки дастиро инфиҷор дода, кушта мешавад.

“Аз аъзои боздоштшудаи гурӯҳ миқдоре аз силоҳ дарёфт шуд. Онҳо дар пайи шоҳидии афроди боздоштшудаи гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим моҳе қабл зери назорат қарор доштанд,” – илова кард ҳамсӯҳбати мо.

Неъмат Имматов, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Тавилдара, "худкушӣ"-и Идибек Маҳмадов, як узви гурӯҳи Мирзо Зиёевро тасдиқ кард ва аммо гуфт, азбаски ӯ дар қайди ин ноҳия набуд, онҳо ба тафтишот ҳамроҳ нестанд.

Нодир Ҳакимов, яке аз наздикони афроди боздоштшуда 9 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, панҷ тани онҳо аз ҷамоати Сангвор ва ду тани дигар аз ҷамоати Чилдараи ноҳияи Тавилдара буда, боқимондагон ҳарчанд зодагони ҳамин ноҳия ҳастанд, аммо дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба сар мебурданд.

Ба қавли манбаъ, ки аз ин қазия огоҳ аст, аъзои гурӯҳи Мирзо Зиёев пас аз марги Ҳоҷӣ Ҳалим талош доштаанд, бо зиёд кардани теъдоди аъзои гурӯҳи худ як иттиҳоди ҷиноии мусаллаҳро ташкил дода, зидди ҳукумати марказӣ иқдом бикунанд. Ҳоло беш аз 10 тани боздоштшуда ба Душанбе интиқол ёфта, мавриди пурсиш қарор доранд.

Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, пас аз созишномаи истиқрори сулҳ дар соли 1997 вазири ҳолатҳои фавқулода таъин шуда буд. Ӯ соли 2009 дар ҳоле ки дигар ҳеҷ мансаби давлатӣ надошт, тибқи иттилои расмӣ, зимни моил кардани як гурӯҳи ҷангӣ барои таслим шудан ба нерӯҳои ҳукуматӣ аз ҷониби онҳо кушта шуд. Баъди анҷоми амалиёти Тавилдара даҳҳо нафар аз афроди содиқ ба Мирзо Зиёев, бо шумули 4 бародар ва ду фарзанди ӯ ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, ки 12 рӯз идома кард, дар пайи ду ҳамлаи мусаллаҳонаи субҳи 4 сентябр ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва ба як посгоҳи милиса дар маҳаллаи “Гардиши фурудгоҳ”-и Душанбе, ки дар маҷмӯъ 9 тан аз нерӯҳои милисаро кушта бар ҷой гузошт, оғоз ёфт. Мақомот масъулияти таҳия ва раҳбарии ин ҳамлаҳоро ба дӯши муовини пешини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода гузоштанд.

Гуфта шуд, ки генерал Назарзода бо истифода аз мақом аз дастгоҳи марказии вазорати дифоъ миқдори зиёди силоҳро бо худ бурдааст, вале бахши аъзами ин таслиҳотро дар ҳамон рӯзи аввали амалиёт дар дараи Ромит кашф ва мусодира кардаанд. Худи ҳамон рӯз Назарзода бо далели“ содир кардани ҷиноят” аз мақомаш барканор ва баъди 12 рӯз дар пайи амалиёти низомии ҳукумат кушта шуд.

XS
SM
MD
LG