Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: Як сол бе Мирзо Зиёев


Расо як соли пеш, 11 июли соли 2009 бар асари як иттифоқи то кунун мармуз, Мирзо Зиёев, фармондеҳи нерӯҳои кулли собиқ ИНОТ ва вазири пешини умури изтирории Тоҷикистон дар шарқи кишвар кушта шуд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ӯ аз тири ҳамсилоҳони худаш кушта шуд.

Бино ба фарзияи расмии мақомоти Тоҷикистон Мирзо Зиёев, вазири пешини ҳукумат ба гурӯҳи мусаллаҳи ғайри қонунии Неъмат Азизов дар ин минтақа робита дошта ва онро роҳнамоӣ мекардааст. Ва бинобар ин, аз сӯи мақомот боздошт мешавад. Мақомот мегӯянд, ӯ вақте, ки мехост, Неъмат Азизовро барои таслим шудан ва канор гузоштани силоҳ ташвиқ кунад, аз тири ҳамсилоҳони пешини худ кушта шуд. Ин фарзияи расмист.

Аммо Тавилдара дар як соли пеш

Тавилдара, ноҳияе дар шақи Тоҷикистон, саҳнаи аслии ҷанги дохилии дар Тоҷикистон дар солҳои 1992 – 1997 буд ва бори дигар дар баҳору тобистони соли 2009 шоҳиди муқовимати мусаллаҳона шуд.

Дар поёни моҳи апрел ва аввали моҳи майи соли 2009 воҳидҳои низомии вазоратҳои дифоъ ва умури дохила ва кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба шарқи кишвар ҳаракат мекарданд ва рафтуомад дар масири Душанбе - Хоруғ барои мусофирон қатъ шуд.

Мақомоти расмӣ дар ибтидо ҳар гуна хабар роҷеъ ба ҳаводиси Тавилдараро такзиб мекарданд ва ҳаракати нерӯҳо ва таҷаммӯъи ҷузвутомҳои низомиро як ҳаракати барномавии нерӯҳо унвон намуданд.

Шабаҳи Мулло Абдулло дар Тавилдара

Расонаҳои хабарӣ дар он шабу рӯз, аз вуруди ҷангиёни Мулло Абдулло, яке аз фармондеҳони мухолифини собиқ, ки дар Покистон ва Афғонистон ба сар мебурд, хабар медоданд. Ин хабар ҳамчунон то поёни ҳаводис таъйид нашуд. Ва ба думболи шикасти ин гурӯҳи мусаллаҳ дар Тавилдара низ изи пое аз гурӯҳи Мулло Абдулло ба чашм наёмад.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳаргиз ҳузури Мулло Абдуллоро дар шарқи Тоҷикистон таъйид накарданд. Вале ба думболи ҳаводиси Тавилдара дар пайи пои ӯ баромаданд ва ёрони собиқашро таъқиб мекарданд.

Мулло Абдулло, ки дар Тоҷикистон ба ҷароими мухталиф муттаҳам мебошад, дар соли 2001-ум Тоҷикистонро ба қасди Афғонистон тарк кард ва баъдан аз пайвастани ӯ ба ҷумбиши Толибон ва аз алоқаи гурӯҳи ӯ бо Ал-Қоида низ борҳо гузориш расидааст.

Ҳанӯз ҳам сарнавишти ин фармондеҳи мухолифини собиқ, ки аъзои гурӯҳи ӯ дар куштори се ходими СММ дар шарқи Тоҷикистон низ муттаҳам ва муҷозот шудаанд, номаълум аст.

“Кӯкнор – 2009”- баҳона

Ба думболи дар миёнаҳои май соли 2009 аз тири аъзои гурӯҳи мусаллаҳи Неъмат Азизов кушта шудани як афсари вазорати дифоъ, ташаннуҷи бештари авзоъ ва афзоиши нигарониҳои мардуми маҳаллӣ, мақомот аз ҳузури унсурҳои ҷиноие, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғуланд, эълон карданд.

Дар 20-уми моҳи майи соли 2009 Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон амалиёти “Кӯкнор-2009”-ро, як амалиёти саросарӣ эълон кард ва сухангӯи ин вазорат гуфт: “Бино бар маълумотҳои фаврӣ дар навоҳии водии Рашт киштукори маводи нашъадор ба назар гирифта шудааст”.

Ва ҳамин тавр, ривояти расмии фиристодани нерӯҳои ҳарбӣ ба Тавилдара, аввал мубориза бо кишти кӯкнор ва баъдан бо гурӯҳҳое эълон шуд, ки мехостанд, роҳи қочоқи маводи мухаддирро тавассути шарқи Тоҷикистон ба ҷануби Қирғизистон зери назар қарор диҳанд.

Бино ба ахбори манобеъи расмӣ, ҳадафи ин гурӯҳ аз зери назар қарор додани роҳи қочоқи маводи мухаддир ба даст овардани фоидаи молӣ ва дар навбати дигар масрафи ин фоида ба манзури таъмини молии нерӯҳои мухолиф ва мусаллаҳи зидди давлат будааст.

Аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳ ва раҳбари онҳо, ки Неъмат Азизов, аз фармондеҳони пешини мухолифи давлат унвон шуд, ҳаргиз роҷеъ ба аҳдоф ва барномаи худ бо матбуот ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯҳбате накарда буданд.

Подармиёнии Мирзо Зиёев ва қатли ӯ

Мақомот ҳузури нерӯҳои мусаллаҳ дар Тавилдараро рад мекарданд, аммо борҳо ба воситаҳои мухталиф вориди гуфтугӯ бо ин гурӯҳ шудаанд. Ин гурӯҳ иборат аз чанд нафар ҷангиёни пешини ИНОТ бо сардории фармондеҳи собиқ Неъмат Азизов буд.

Мирзо Зиёев, вазири пешини умури изтирорӣ ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи мухолифони собиқ борҳо паёми ҳукумат ба ин гурӯҳро оварда буд. Вале мушкил ҳамчунон боқӣ монд.

Рӯзи 8 -уми июли соли 2009 аз ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як посгоҳи нерӯҳои давлатӣ хабар дода шуд. Ин нахустин бархурди рӯбарӯи нерӯҳои давлат бо ин гурӯҳи мусаллаҳ буд. Ба думболи он, хабари пайвастани Мирзо Зиёев ба нерӯҳои мусаллаҳи бо сардории Неъмат Азизов тавассути расонаҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон эълон шуд.

Талоши ин нерӯҳо барои тасарруфи маркази маъмурии ноҳияи Тавилдара ноком шуд. Ва рӯзи 11-уми июл хабари боздошт ва ё ба таъбири дигар таслими Мирзо Зиёев ба дасти нерӯҳои давлатӣ расид.

Вале рӯзи 12 -уми июл хабари қатли мармузи Мирзо Зиёев нашр шуд. Мақомоти расмӣ зимни баёнияе гуфтанд, ки Мирзо Зиёев мехост барои гуфтушунид ба назди Неъмат Азизов биравад ва ӯву гурӯҳашро барои таслим мутақоид кунад, вале аз тири ҳамсафони собиқи худ кушта шуд.

Ин танҳо фарзияи расмӣ буд. Овози тарафи дигар ҳаргиз шунида нашуд, то назари худро бигӯяд, ки дар воқеъ ҷониби фармондеҳи пешини худ силоҳ кашид ва ӯро кушт?

Бо куштани шудани Мирзо Зиёев аксари нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ ба оҳистагӣ аз минтақа хориҷ мешуданд.

Аммо таъқиби Неъмат Азизов ва аъзои гурӯҳаш ҳамчунон идома дошт. Неъмат Азизов, ки дар амалиёти рӯзи 8-уми июл захмӣ шуда буд, то пои ҷон таслим нашуд.

Бародарони Неъмат Азизов, ки узви дастаи ӯ буданд, баъди маргаш, бо миёнҷигарии модарашон худро таслими нерӯҳои давлатӣ карданд.

Натиҷаи амалиёти "Кӯкнор-2009"

Дар маҷмӯъ дар амалиёти “Кӯкнор-2009” 11 нафар, аз ҷумла 5 шаҳрванди Русия кушта ва даҳҳо нафар низ зимни ин амалиёт боздошт шуданд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Русия, Афғонистон ва Узбакистон низ буданд.

Ба иттилои расмӣ ва ғайрирасмӣ, дар ин зимн ҳамчунин чанд нафар узви ҲИУ, ки мехостанд аз марзи Афғонистон ва Тоҷикистон убур кунанд ва ба нерӯҳои Тавилдара ҳамроҳ шаванд, низ боздошт шуданд .

Баъдтар Мирзо Зиёев ва ҳамроҳони собиқаш ба навъе дар сӯиқасд ба низоми давлатӣ ҳам муттаҳам шуданд. Аммо то кунун ба сурати мушаххас гуноҳи онҳо дайн нашудааст.

Ҳаводиси соли гузаштаи Тавилдара то кунун таҳлили ҷиддии коршиносӣ нашуда ва баҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ низ нагирифтааст. Ба ин далел суолҳое дар зеҳнҳо ҳамчунон матраҳ аст, ки посух мехоҳанд.

Яке ин ки чаро ба муқобили як гурӯҳе, ки тавони муқобила дар баробари як дастаи ОМОН-ро надошт, лашкари азим кашида шуд? Ин ҳатто барои худи нерӯҳои интизомӣ суол аст.

Баъдан доираҳои расмӣ ин фарзияро пеш гузоштанд, ки гурӯҳи мусаллаҳи Неъмат Азизов бо ҷамъ овардани унсурҳое ҷиноӣ дар атрофи худ мебоист пойгоҳи мухолифат бо ҳукумати марказиро таъсис мекард.

Фарзияҳои расмӣ ва ғайри расмии ҳаводиси Тавилдара

Таҳлилгарони он ҳаводис мегӯянд, агарчанд Мирзо Зиёев то замони қатлаш меҳмондор ва роҳбалади ҳамаи ҳайатҳои ҳукуматӣ ва генералҳое буд, ки барои қазияи баҳору тобистони гузашта ба Тавилдара меомаданд, аммо акнун маълум шуда, ки ӯ намедонист, кайҳо эътимоди мақомаоти сиёсии давлатро аз даст дода будааст.

Ва мақомот интизори фурсати бӯҳроние буданд, ки ҳамроҳии Зиёев бо ин гурӯҳи мусаллаҳ дақиқан собит шавад.

Коршиносон мегӯянд, баёнияи ахири расмӣ дар мавриди аъмоли ин гурӯҳи мусаллаҳ ва қасди онҳо барои роҳандозии иқдомоти зидди давлатӣ низ ин фарзияро тақвият мекунад.

Аммо ин ҳаргиз собит нашуда ва марг низ ин фурсатро аз Мирзо Зиёев гирифт, ки иттиҳомоти алайҳашро рад кунад ва ё бигӯяд, ки қасдаш аз ҳамроҳӣ бо ин гурӯҳ дар воқеъ чӣ буд.

Чизе мусаллам аст, ин аст, ки Мирзо Зиёев аз замони барканорияш аз вазорат Тавилдараро мақари зисти худ қарор дода буд ва дар кунҷи дилаш, ба ҳар сурат, аз амнияти худ дар Душанбе нигаронӣ дошт.

Ба гуфтаи коршиносон, Мирзо Зиёев бо вуҷуди ҳама мубориза ва курсии вазорат низ камтар марди сиёсӣ шуд ва ҳамчунон низомӣ боқӣ монд.

Фарзияи дигар ҳам ноором сохтани шарқи Тоҷикистон ба далели маътал кардани барномаҳои энержии ин кишвар унвон мешуд.

Аммо баъди як сол ... Маҳкумияти писарони Мирзо Зиёев

Дар остонаи солгарди қатли Мирзо Зиёев, Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парванди ҳамроҳон, аз ҷумлак ду писари ӯро ба поён расонд ва онҳоро ба 28 ва 30 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон мутобиқ ба бандҳои қонуни ҷиноӣ ва низ дар асоси таҳқиқи бозрасон, Муҳаммадризои 23 сола ва Сайидаҳмади 26 сола, писарони Мирзо Зиёевро дар ғасби ҳокимият бо роҳи зурӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва истифодаи ғайриқонунии силоҳ муҷрим дониста ва ба онҳо 28 ва 30 соли зиндонро раво дид.

Ин парванда бо шумули Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов ва чанд тан аз шаҳрвандони Русия ва Узбакистон, дар маҷмӯъ 49 нафарро дар бар мегирифт. Вале ин чиз мушаххас аст, ки аз 46 нафаре, ки ҳамакнун матаҳҳамон ва муҷримони зиндаи парванда ҳастанд, умдатан хешу ақрабои Мирзо Зиёев, ба вижа бародараш - Шайх Абдусамад мебошанд.

Аҳмад, як сокини деҳаи Ҳафтчароғи ноҳияи Тавилдара дар ин бора гуфт: «Қариб, ки он афроде, ки ҳамроҳи Мирзо Зиеёв буданд ва хешу табори наздикаш ҳастанд. Бародараш Шайх Абдусамад, фарзандони ӯ, писарони худаш, боз бобои Маҳсиддин бо тахалуси Дед Маҳсиддин, ки синаш 60 болост, мебошанд. Одамон аз се қишлоқи Тавилдара, аз қишлоқи худи Мирзо Зиёев -Хуҷаихлос, баъд аз Ҳафтчароғ ва Чилдараанд».

Ба ин тартиб, гуфта мешавад, тақрибан 6 нафари дигари онҳо сокинони ноҳияи Панҷи Тоҷикистон буда, ҳудуди сӣ тани дигар аз деҳаҳои Хуҷаихлос, Ҳафтчароғ ва Чилдараи ноҳияи Тавилдара ҳастанд, ки пас аз норомиҳои шарқи Тоҷикистон ва даъд аз кушта шудани Мирзо Зиёев, боздошт шуда буданд. Ҳамчунин ду қафқозии чечентабор низ шомили ин парванда ҳастанд.

Маҳкумшудагон аз шикоят худдорӣ карданд. Чаро?


Аз сӯи дигар, парванда ба ҳадде «махфӣ» аст, ки на танҳо масъулони додгоҳ ва додситонӣ, ҳатто вакилони мудофеъ ва пайвандони мутаҳҳамон ва маҳкумшудагон аз изҳори назар дар ин замина худдорӣ мекунанд.

Афзун бар ин, маҳкумшудагон, ба хусус Муҳаммадризо ва Сайдаҳмад Зиёевҳо ва пайвандони онҳо аз шикоят бурдан ба ҳукми додгоҳ худдорӣ кардаанд. Зеро гуфта мешавад, ки иқдоми онҳо ва дигарон метавонад амнияташонро зери хатар барад.
XS
SM
MD
LG