Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамшед Абдулов – олигархи тоҷик – боздошт шуд. ВИДЕО


Ҷамшед Абдулов. Акс аз саҳифаи "Топ-50"

Ҷамшед Абдулов, молики ширкати “Олими Каримзод” ва корхонаи нассоҷии “Олим текстайлз” дар ноҳияи Мастчоҳ, ки яке аз олигархҳои тоҷик гуфта мешавад, бо иттиҳоми бозпас надодани 15 миллион доллар қарзаш аз “Тоҷпромбонк” боздошт шудааст. Ин хабарро рӯзи 11-уми декабр се манбаи мустақил ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд.

Амонатдорон рӯзи 7-уми сентябр дар назди Давлаталӣ Саид шикоят карданд, ки чанд қарздори калон, аз ҷумла Ҷамшед Абдулов 15 миллион доллар қарзи бонкро бознагардондааст ва амонатдорони бонк наметавонанд пулҳояшонро бозпас бигиранд.

Дар ҳоле ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳанӯз хабарро шарҳ намедиҳанд, манобеи огоҳ аз ҳодиса гуфтанд, ки боздошти Абдулов чиҳил рӯз пеш аз тарафи маъмурони додситонӣ сурат гирифт. Феълан ӯ дар боздоштгоҳе дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Яке аз манобеи Радиои Озодӣ гуфт, ки Ҷамшед Абдулов қаблан аз “Тоҷиксодротбонк” низ 4 миллион доллар қарздор буд ва дар ҷараёни чиҳил рӯзи дар боздошт будан ин миқдор пулро бозпас додааст. Вале ҳанӯз қарзаш аз “Тоҷпромбонк” побарҷост.

Як ҳамсуҳбати мо дар “Тоҷпромбонк”, ки бо қарори Бонки миллӣ муҷаввизаш бозхонд шуда, ҷараёни барҳамхӯриаш идома дорад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми декабр гуфт, пас аз шикояти гуруҳи амонатдорони бонк дар назди Давлаталӣ Саид – муовини нахуствазир – Ҷамшед Абдулов боздошт шудааст.

Ҷамшед Абдулов – олигархи тоҷик – боздошт шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

“Амонатдорон рӯзи 7-уми сентябр дар назди Давлаталӣ Саид шикоят карданд, ки чанд қарздори калон, аз ҷумла Ҷамшед Абдулов 15 миллион доллар қарзи бонкро бознагардондааст ва амонатдорони бонк наметавонанд пулҳояшонро бозпас бигиранд. Саидов дар ҳузури амонатгузорон ба мақомоти қудратӣ дастур дод, ки қарздорон ё қарзро баргардонанд ё дар назди қонун ҷавоб гӯянд”, - афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Ҷамшед Абдулов молики ширкати “Олими Каримзод” ва корхонаи нассоҷии “Олим тестайлз” дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд аст.

“Олими Каримзод” яке аз ширкатҳои бузурги содироти нахи пахта аз Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. То соли 2009 “Олими Каримзод” ширкати фючерисӣ ба ҳисоб мерафт, ки бо сармоягузории хоҷагиҳои пахтакор машғул буд. Корхонаи нассоҷии “Олим текстайлз” дар Суғд муддатҳои зиёд аз камбуди ашёи хоми нахи пахта бекор монда буд.

Ҷамшед Абдулов, писари Карим Абдулов, профессор, доктори илми таърих ва собиқ раҳбари дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар замони президентии Раҳмон Набиев аст. Ӯ соҳиби чаҳор фарзанд буда, ба иттилои манобеъ, феълан хонаводааш дар Дубай ҳастанд.

Шарҳҳоро бинед (26)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG