Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи Қосиддинов: 400 сомонӣ ҷарима - ба ҷои 15 рӯзи ҳабс


Воҳидхон Қосиддинов
Воҳидхон Қосиддинов

Мақомоти шаҳри Исфара мегӯянд, 15 рӯз ҳукми ҳабси Воҳидхон Қосиддинов, раҳбари дастгоҳи ҲНИТ бо 400 сомонӣ ҷарима иваз шудааст.

Иқбол Тешаев, котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара шоми16 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "коллегия оид ба парвандаҳои маъмурии додгоҳи вилояти Суғд таҳти раёсати Маҳмадова М. Л парвандаи маъмуриро аз рӯи шикояти кассатсионии ҳуқуқвайронкунанда Қосиддинов Воҳидхон алайҳи додгоҳи шаҳри Исфараро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода ва ба хулосае омадааст, ки ҷазои ҳабси маъмурӣ таъиннамудаи додгоҳи марҳалаи якумро тағйир дода ва нисбати Қосиддинов ҷазои ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шавад."

Боздошт ва раҳоии Воҳидхон Қосиддинов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00
Линки мустақим


Додгоҳи Исфара рӯзи 15 октябр Воҳидхон Қосиддиновро барои вайрон кардани тартиб дар намози ид ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум карда буд.Вале зӯҳри 16 октябр ӯро бо қарори коллегияи додгоҳи вилоятӣ озод карданд.

Иқбол Тешаев гуфт, Қосиддиновро ба маблағи 10 нишондод, яъне 400 сомонӣ ҷарима бастаанд. Ба гуфтаи ин мақоми шаҳри Исфара, Воҳидхон Қосиддинов дар аризааш ба номи раиси додгоҳи вилоят навишта буд, ки "ба кардааш иқрор ва аз он пушаймон аст ва бинобар сахт бемор будани амакбачааш ба зодгоҳ ба аёдати ӯ омадааст ва хоҳиш намудааст, ки дар ин рӯзҳои иди Қурбон ӯро аз ҳабс озод намояд." Додгоҳ, ба гуфтаи оқои Тешаев, ҳамин сабабҳо ва ҳам "панҷ фарзанд доштанаш ва мавҷуд набудани ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазои маъмуриро ба инобат гирифта, ба хулосае омадааст, ки тибқи моддаи 460 ба ҷои 15 рӯзи ҳабс ба ӯ ҷарима таъин намояд."

Иқбол Тешаев ҳамин тавр изҳороти қаблии Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Воҳидхон Қосиддиновро рад кард. Вакили Қосиддинов ба Озодӣ гуфта буд, ки коллегияи додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 16 октябр зимни баррасии шикояти онҳо, ба ин далел, ки дар рафтори Қосиддинов "майдаавбошӣ" вуҷуд надошт, парвандаи ӯро қатъ кард. Хонум Воҳидова афзуд, "мо ҳамчунин аз пурсиши шоҳидон маълум кардем, ки дар ҳақиқат имоми масҷид ба ваъзи таърифиву сиёсӣ машғул шуда, намозро 47 дақиқа аз вақти таъйиншуда дер сар кардааст." Вакили Қосиддинов гуфт, коллегияи додгоҳи вилоятӣ амали додгоҳи Исфараро ғайриқонунӣ номид, зеро додгоҳ дар рӯзи истироҳат ҳаққи баррасии ин парвандаро надошт.

Ф.Воҳидова: Имомхатиб намозро 47 дақиқа дер сар кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00
Линки мустақим

Бо ин ҳол, ин қазия вокунишҳои мухталиферо дар ҷомиа ба бор овардааст. Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи 16 октябр дар як изҳорот боздошти Воҳидхон Қосиддинов, раҳбари дастгоҳи ин ҳизбро шадидан маҳкум кард. Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ ба Радиои Озодӣ гуфт, амалкарди мақомот ва ба хусус додгоҳ ғайриқонунӣ сурат гирифта ва ҳангоми боздошт ҳуқуқи Воҳидхон Қосиддинов поймол шудааст. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ин мақоми ҲНИТ, дар амали Воҳидхон Қосиддинов ҳеҷ кирдори ғайриқонунӣ вуҷуд надошт. Саидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, даҳҳо нафар дар намози ид ба 47 дақиқа аз вақти намоз тӯл кашидани сӯҳбати имоми масҷиди ҷамоати Чоркӯҳи Исфара дар бораи сиёсат эътироз кардаанд, вале аз он миён танҳо Воҳидхон Қосидинов боздошт ва муҷозот шудааст.

Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази мутолеоти стратегӣ, вобаста ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ бар ин назар аст, ки додгоҳ шохаи сеюми ҳокимият ва ниҳоди мустақил аст ва набояд ба тасмими он фишор оварда шавад. Ҷаноби Сафаров, аз изҳори назар дар мавриди одилона будан ё набудани қазияи маҳкум ба ҳабс шудани Воҳидхон Қосиддинов, раҳбари дасгоҳи ҲНИТ ба далели пурра иттилоъ надоштани ин ҳодиса худдорӣ кард, аммо гуфт, дар сурате, ки ҷониби дигар мутмаин аст, ки ҳукм нисбаташ ноодилона аст, вай ҳақ дорад ба ниҳоди болоии додгоҳ шикоят барад ва аз ҳуқуқҳои худ ҳимоят кунад.

Иқбол Тешаев, котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара қабл аз раҳоии раҳбари дастгоҳи ҲНИТ ба Озодӣ гуфта буд, «додгоҳи Исфара муайян кард, ки Воҳидхон Қосиддинов дар масҷиди ҷомеи ба номи Хоҷа Устоди Валии ҷамоати Чоркӯҳ дар ҳузури ҳазорон нафар, вақти суханронии имомхатиб Хушариф Амаков бо садоҳои норизоёнаи «бас кун, хунук хӯрдем, вақти намоз шуд, намозро сар кун!», тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Амаков ба ҳайси шоҳид баёнот дода, рафтори Қосиддиновро на танҳо вайрон намудани вазъи ороми намозгоҳ, балки беҳурмативу паст задани шаъну эътибораш номид.»

Яке аз масҷидҳои ҷамоати Чоркӯҳ
Яке аз масҷидҳои ҷамоати Чоркӯҳ
Алайҳи раҳбари дастгоҳи раиси ҲНИТ рӯзи 15 октябр дар Чоркӯҳи Исфара парванда боз карда ва билофосила ба додгоҳ фиристоданд. Муҳаммадҷон Хоҷаев, сардори бахши ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар шӯъбаи дувуми корҳои дохилии ноҳияи Исфара, воқеъ дар ҷамоати Чоркӯҳ, гуфт, Воҳидхон Қосиддинов субҳи 15-уми октябр ҳангоми намози иди Қурбон тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст ва алайҳи ӯ тибқи банди 460-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ боз кардаанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, Қосиддинов аз ҷояш баланд нашуда, "дар ҳамон ҷои шиштагиаш тартибро дағалона вайрон кард."

Аммо манобеъи дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки Воҳидхон Қосиддинов қабл аз намоз, вақте имом-хатиби масҷиди Чоркӯҳ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро “сояи Худо” ва ҳатто “пайғамбари замони мо” тавсиф кард ва гуфт, “мешавад, ки мо дар пеши пои ӯ намоз хонем ва ин намоз қабул мешавад,” Воҳидхон Қосиддинов ба имом гуфтааст, ки вақти намоз шуд, аз намози ид дер накунем. Як манбаъи Озодӣ гуфт, мақомоти пулис ва амният, ки онҷо ҳузур доштаанд, баъди намоз ба боздошти Воҳидхон Қосиддинов амр додаанд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода – сухангӯи ҲНИТ ба Озодӣ гуфт, ин боздошт ба сафари ахири раисиҷумҳур ба ин минтақаи вилояти Суғд рабт мегирад. Ӯ мегӯяд, баъди истиқболе ки аз Эмомалӣ Раҳмон дар Исфара шуд, як эроди Қосиддинов ҳамчун мухолифат ба он ҳама арзёбӣ шуд ва ба чунин вокуниши тунд рӯбарӯ шуд. “Вақте ки як нафар дар баробари таърифҳои президент садо баланд мекунад, ки биёед, бихезем, ки вақти намоз шуд, табъан ин ба маънои мухолифат ба дастовардҳои сафари Раҳмон ва дастури мақомот ба ба таблиғи номзадии танҳо раисиҷумҳури кунунӣ қабул мешавад,” - мегӯяд сухангӯи ҲНИТ.

ҲНИТ, ки мегӯяд, беш аз 44 000 узв дорад, умдатарин ташаккули сиёсии мухолифини ин кишвар ба шумор меравад. Ин танҳо ҳизби исломии расман сабтиномшуда дар Осиёи Марказӣ дар парлумони Тоҷикистон ду вакил дорад. Мақомоти ҲНИТ пайваста аз фишорҳои мақомот алайҳи ин ташаккул ва аъзояш шикоят мекунанд, вале мегӯянд, ин фишору таъқиб дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 6 ноябр доир мешавад, вусъат ёфтааст.
XS
SM
MD
LG