Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав дар як ҳафта беш аз 1500 муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст


Маскав дар як ҳафта беш аз 1500 муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, ки бархӯрди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он кишвар дар қиболи муҳоҷирон тағйир карда, танҳо дар як ҳафтаи ахир аз ин кишвар 1500 муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардаанд.

Тайи як ҳафтаи ахир аз шаҳри Маскав ва вилояти Маскав беш аз 1500 шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ шудаанд ва ё бо қарори додгоҳ дар ҳоли ихроҷ шудан қарор доранд. Светлана Ганнушкина -- раиси Кумитаи мусоидат ба паноҳандагон, мавсум ба "Гражданское содействие", ихроҷи оммавии муҳоҷиронро ба маъракаи навбатии кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия рабт дод, ки ба қавли ӯ барои иҷро кардани “план” аз ҳеч кор рӯй намегардонанд.

Ганнушкина дар суҳбат бо Телевизиони "Настоящее Время" гуфтааст, "ин як системаи даҳшатбор аст, ки барои иҷрои нақша аз ҳама роҳу усул истифода мекунад. Барояшон аҳамият надорад, ки оё муҳоҷир ҳуҷҷат дорад, ё надорад".

Муҳоҷири корӣ Алишер Алимов дар суҳбат бо мо асноди сабти ном, иҷозаи кор ва санади пардохти ҳармоҳа ба миқдори 4 ҳазор рублро нишон дод, ки ҳуҷҷатҳои расмӣ барои ҳузури қонунӣ дар ҳудуди Русияанд. Ӯ мегӯяд, бо бародараш тайи 10 сол боз дар Русия кор мекунанд ва дар ин муддат ба таври муназзам андозро пардохт карда ва асноди зарурӣ барои будубош дар Русияро дар ихтиёр доштаанд. Вале чанд рӯз қаблбародари Алишерро кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт карда, аснодашро гирифта ҷарима кардаанд ва қасд доранд ӯро аз ин кишвар ихроҷ кунанд.

Алишер Алимов мегӯяд, "додраси аввал одил буд ва ба пулис гуфт, ки ҳуҷҷатҳояш камбуд надорад ва ӯро беҳуда ба ин ҷо овардед. Аммо кормандони пулис ба куҷо занг зада, додраси дигарро ёфтанд. Додрас ҳам зуд ҳукм кард, ки бояд муҳоҷир ихроҷ шавад. Ӯро ба боздоштгоҳи вижа бурданд."

Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷриони тоҷик дар Русия, низ боздошту ихроҷи оммавии муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро тасдиқ кард. Ӯ мегӯяд, аз рӯи “меъёрҳои” бархӯрди ҳозираи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бо муҳоҷирон бародари Алишер барои мондан дар Маскав тақрибан шанс надорад.

“Ҳамаи одамон асноди зарурие, ки ҳузури қонунии онҳоро дар Русия тасдиқ мекунад, дар ихтиёр доранд. Аммо мо шоҳид ҳастем, ки бидуни вакили мудофеъ, бидуни додрас, бидуни ширкати корфармо, бидуни ширкати намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башар одамонро ба додгоҳ меоранд. Бештари онҳо додрасро ба чашми худ надидаанд,” – афзуд Шарифов.

Ҳафтаи гузашта дар амалиёти "Мигрант 2015, ки дар чанд рӯз дар Маскав идома кард, беш аз 1100 муҳоҷири корӣ боздошт шуданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав Умед Бобоматов гуфта буд, дар байни боздоштшудаҳо шумори тоҷикон зиёд будааст. Аммо Сарраёсати ВУД дар Маскав аз эълони теъдоди боздоштшудагон ва шарҳи далоили анҷоми чунин амалиёт худдорӣ кард.

Намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон боздоштҳои густардаи шаҳрвандони кишварро аз ҷониби мақомоти Русия“интиқом” дар баробари вокунишҳо ба марги Умаралии 5-моҳа унвон карданд.

Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон ва асосан аз сӯи муҳоҷирони корӣ зери 4 миллиард доллар пул ирсол шудааст, ки баробари қариб нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст. Пули муҳоҷирон як омили умдаи таъмини суботи иҷтимоӣ дар ин кишвари пасошӯравӣ боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG