Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги диктатор. "Мерос"-и тазодомезе, ки Мугабе аз худ боқӣ гузошт


Роберт Мугабе, раиси ҷумҳури пешини Зимбабве ва яке аз диктаторҳои ҷаҳон, дар 95-солагӣ дар бемористони Сингапур даргузашт. Хабари фавти Мугабе рӯзи 5-уми сентябр эълон шуд.

Навиштаи Ҳабиб Ҳусейнифард, Радиои Фардо

Вай 37 сол зимоми қудрат дар Зимбабверо дар даст дошт. Ҳомиёни ҳуқуқ Мугаберо яке аз диктаторҳои бераҳм дар замони муосир тасвир мекунанд, ки ба қавли онҳо Зимбабверо ба гуруснагӣ ва фурӯпошии пурраи иқтисод расондааст.

Дар замони ҳукуматдории ӯ беш аз севуним миллион нафар аз кишвар фирор кардаанд. То ҳоло зидди Зимбабве таҳримҳои Амрико ва Иттиҳоди Аврупо пойбарҷост. Иттиҳоди Аврупо Мугабе ва атрофиёнашро умрбод аз роҳ ёфтан ба қаламрави ин кишварҳо манъ карда буд.

Роберт Мугабе аз худ корномаи зиддунақиз ё тазодомез ба ҷой гузоштааст. Корномаи талошу мубориза барои истиқлоли Зимбабве ва дар айни замон ҳудуди 40 соли зимомдории пурнуқсон, ки камари иқтисоди Зимбабверо шикастааст.

Мугабе дар бачагӣ ба сабаби инзивоҷӯӣ ва паноҳ бурдан ба китоб мавриди тамасхури ҳамсинфҳояш будааст. Баъдан ба донишгоҳ рафта, чанд ҳуҷҷат мегирад ва дар миёни равшанфикрони Африқо шинохта мешавад.

Вай ба мубориза барои поён додан ба режими Ян Смит бар Родезия пайваста, 10 солро дар ҳамин иртибот дар зиндони ҳукумати сафедпӯстони Родезия пушти сар мекунад. Ӯ дертар, аз ҷумла ба далели қудрати суханвариаш, раҳбари бахши бузурги ин ҷунбиш шуда, дар пирӯзии он нақши асосӣ бозӣ кардааст.

Соли 1980, замоне ки муборизаи ҳизби ӯ – "Иттиҳоди миллии Африқоии Зимбабве - ҷабҳаи меҳанпарастона" – ва ба ин монанд нерӯҳои хурди мухолифон ба ҳукумати сафедпӯстон поён дод, намунаи қобили таваҷҷуҳи зимомдориро ба намоиш гузошт. Бахусус дар заминаи эҷоди зерсохтҳои омӯзишӣ ва беҳдоштии муносиб, ки Зимбабверо аз нигоҳи нерӯи инсонии таҳсилкарда ва моҳир дар раъси Африқо нишонд.

Вазъияти хуби соҳаи кишоварзӣ ва содироти маҳсулот ва маводи маъданӣ низ аломати хубе барои иҷрои барномаҳои Мугабе буданд.

Вале даҳаи дувуми зимомдории ӯ бо мушкилоти иқтисодии бештар ба сабаби хушксолӣ ва низ рӯ задани аввалин паёмадҳои фасод дар сохтори сиёсии нав ба ҳамроҳ аст. Соли 1997 аввалин баромади оппозитсия ва ба чолиш гирифтани қудрати инҳисории Мугабе сар шуд.

Дар соли 1997 аз муборизаи мусаллаҳона хабаре набуд, вале барои Мугабе ҳамчунон сахт буд, ки мухолифинро дар тақсими қудрат шарик кунад. Ин гуна буд, ки вай соли 2000-ум барои таҳкими қудрати хеш ва афзоиши ихтиёроти раиси ҷумҳур референдум баргузор кард, аммо шикаст ‌хӯрд.

Ин шикаст, ки нигаронии ӯро барои интихоби дигарбора дар соли 2002 ба дунбол дошт, сабаб шуд, ба иҷрои як идея иқадимӣ рӯй оварад. Ӯ, ки аз аввал бо заминдорони сафедпӯст мушкил дошт, фурсатро ғанимат шумурд ва ҳама мушкилро ба гардани онҳо бор кард. 90 дарсади ин заминҳоро мусодира ва миёни аҳолии сиёҳпӯст тақсим намуд. Ин амалкарди ӯ ба беҳбуди вазъияти иқтисодии кишвар чандон кумак накард ва бекорӣ ҳам фузунтар шуд. Бар илова муносибат бо Ғарб бад гардид.

Ғарбиҳо бо рӯй баргардондани пурра аз Мугабе алайҳи ӯ ва чанде аз атрофиёнаш таҳрим ҷорӣ карданд. Бино ба асноди Викиликс, соли 2007 сафири Амрико дар Зимбабве дар гузоришаш ба Вашингтон навиштааст, "Мугабе то охири сол давом намеоварад".

Соли 2008 ҳизби мухолифи "Ҷунбиш барои тағйироти демократӣ" ба раҳбарии Морган Тсвангирай ба миён омад. Ниҳоят бо миёнравии Африқои Ҷанубӣ қудрат миёни ҳизби Мугабе ва ҳизби мухолиф тақсим шуд. Мугабе раиси ҷумҳур монд ва Морган Тсвангирай нахуствазириро ба ӯҳда гирифт.

Соли 2013 Мугабе 89-сола аст ва ҳамчунон часпида ба қудрат. Вай дар ин сол бо интихоботи боз ҳам баҳсангезу ғайримунсифона ба ҳузури мухолифон дар қудрат поён дод. Ба ин тартиб, дубора қудрати инҳисории Мугабе ва ҳизбаш эҳё мешавад ва он ҳам дар шароите, ки бекорӣ, фарсудагии зерсохтҳо, муҳоҷирати густарда, камбуди маводи ғизоӣ ва бемориҳои сироятӣ афзудааст.

Дар чунин шароит синни боло ҳам тавони идораи кишварро аз Мугабе гирифтааст. Дар ин вақт фикре ба сараш меояд, ки ҳамсарашро ба раёсати ҳизб ва кишвар бинишонад ва худ бо хаёли роҳат аз паси парда зимоми кишварро ҳамчунон дар даст дошта бошад. Вале эътирозҳо бо пуштибонии артиш сар мезанад ва ниҳоят табаддулоти "ором"-и давлатӣ сурат мегирад. Аз Мугабе мехоҳанд, номаи истеъфояшро навишта, "обрӯмандона" аз қудрат равад.

Зимбабве муддатҳост, ки бо анбори ғалла будани Африқо ва доштани низоми хуби омӯзишӣ ва беҳдоштӣ, нерӯи кории моҳир видоъ кардааст ва иқтисодаш бо ҳазорон мушкил даст ба гиребон аст. Мушкилоте, ки Мугабе кӯшиш мекард ҳамаро ба гардани таҳримҳо андозад.

Эммерсон Мнангагва, ки бо кудетои артиш алайҳи Мугабе ба ҷойи ӯ нишаст, дар интихоботи соли 2018 расман ба раёсати ҷумҳурии кишвар расид. Ӯ, ки худ 75 сол дорад, ҳоло дар паёми таслият навиштааст: "Зимбабве намоди озодии худро аз даст дод". Бархе аз раҳбарони қора ҳам дар паёмҳои худ дар бораи Мугабе чунин ситоишҳо кардаанд.

Агар Мугабе ҳамчун Нелсон Мандела пас аз ду даври раёсати ҷумҳурӣ бо қудрат видоъ мекард, ин тавсифҳо метавонист як арзиш дошта бошад, аммо на ҳоло.

XS
SM
MD
LG