Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба муколама барои ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон


Гурӯҳи "Толибон" беш аз се сол дар Афғонистон ҳукумат дорад
Гурӯҳи "Толибон" беш аз се сол дар Афғонистон ҳукумат дорад

Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, муколамаро барои ташкили ҳукумати фарогир ё ҳамашумул дар Афғонистон муҳим хондааст.

Хабаргузории "ТАСС" навишт, ки изҳороти дипломати тоҷик рӯзи 10-уми октябр дар нишасти байнипорлумонии Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе садо дод.

Ӯ гуфтааст, "ду кишвар ҳамфикр ҳастанд, ки муколамаи сулҳомез бо ҳадафи ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати намояндагони ҳама нерӯҳои сиёсӣ ва қавмӣ дар Афғонистон замонати муҳиме барои гузаштани ин кишвар ба роҳи рушди осоишта аст."

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи "Толибон" ҳукумати худро дар Афғонистон фарогир медонад.

Дипломати тоҷик дар суханронии худ аз афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир дар Афғонистон низ ибрози ташвиш кардааст. Ҳукумати "Толибон", ки дар се соли гузашта аз сӯйи ҳеч кишваре эътироф нашудааст, иддао дорад, ки бо маводи мухаддир муборизаи ҷиддӣ мебарад ва дар Афғонистон гурӯҳҳои террористӣ ҷойгоҳ надоранд.

Баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз оғоз равобити гуногуне бо “Толибон” доштанд ва ҳатто ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун кардаанд. Тоҷикистон ягона кишвари ҳамсояҳои Афғонистон дониста мешуд, ки ба мухолифони “Толибон”, аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд пойгоҳ додааст.

Бо ин вуҷуд, Тоҷикистон бо “Толибон” равобити иқтисодиву тиҷоратӣ дорад, аз ҷумла дар мавриди содироти барқ ва бозорҳои наздимарзӣ. Дар 6 моҳи соли 2024 Тоҷикистон бо Афғонистони зери назорати "Толибон" ба андозаи қариб 46 миллион доллар додугирифт доштааст.

Расонаҳои Афғонистон дар моҳи сентябри имсол аз як сафари эълоннашудаи Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Кобул ва дидору мулоқоташ бо раҳбарони мақомоти истихборотӣ ва низомии "Толибон" хабар доданд. Ба навиштаи расонаҳо, ин сафар дар нимаи дувуми моҳи август сурат гирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон ба ин хабар вокунише накарданд.

XS
SM
MD
LG