Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарёфти паноҳандагии Амрико барои онҳое, ки аз Мексика мераванд, мушкил шуд


​​​​​​​Президенти Амрико Ҷо Байден дастур додааст, ки қоидаҳои додани паноҳгоҳ ба муҳоҷироне, ки бидуни асосҳои қонунӣ аз Мексика ворид мешаванд, сахттар шавад.

Президенти Амрико Ҷо Байден дастур додааст, ки қоидаҳои додани паноҳгоҳ ба муҳоҷироне, ки бидуни асосҳои қонунӣ аз Мексика ворид мешаванд, сахттар шавад.

Фармони Байден рӯзи 4-уми июн нашр шуд. Дар он ба мақомоти Амрико ҳақ дода шудааст, ки дар сурати афзоиши шумори паноҳҷӯён дар рӯз аз 2500 кас муҳоҷирони ғайриқонуниро зуд ихроҷ кунанд.

Ба иттилои "Axios", дар ҳоли ҳозир шумори рӯзонаи муҳоҷироне, ки аз Мексика ба Амрико ғайриқонунӣ ворид мешаванд, 3700 нафарро ташкил медиҳад.

Қоидаи нав пуштибонии Байденро аз лоиҳаи қонуни пешниҳодии сенаторони амрикоӣ нишон медиҳад. Лоиҳаи қонун пешниҳод мекунад, дар сурати афзоиши теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунии боздоштшуда аз меъёри таъйингашта дархости паноҳандагии онҳо рад карда шавад.

Лоиҳаи қонунро як гурӯҳи сенаторҳо таҳия карда буданд, вале онро ҷумҳурихоҳон баъди зид баромадани президенти пешини Амрико Доналд Трамп напазируфтанд.

XS
SM
MD
LG