Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти наттоқи шинохта Лолахон Сатторӣ


Лолахон Сатторӣ, наттоқи шонохтаи телевизион ва радиои Тоҷикистон 14-уми май дар синни 68-солагӣ даргузашт.

Ҳамкоронаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки Лолахон Сатторӣ бар асари сактаи қалбӣ дар роҳ ба бемористон фавтидааст.

Дар аксу наворҳое, ки кормандони Радиои Тоҷикистон нашр кардаанд, дида мешавад, ки Сатторӣ чанд рӯз пеш дар ҳалқаи ҳамкорон суханрониву шеърхонӣ мекунад.

Ба гуфтаи ҳамкоронаш, маросими ҷанозаи Сатторӣ соати 18-и имруз дар маҳаллаи маъруф ба "Қаротегин"-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Лолахон Сатторӣ наттоқ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон солҳои зиёд дар телевизиону радио кор кардааст. Чанд соли охир раиси Иттифоқи касабаи кормандони телевизион ва радио буд.

Дӯстону пайвандон аз Лолахон Сатторӣ инсони хушсухан ва наттоқи соҳибмактаб ёд карданд.

Солҳои ахир барои пайвастани се писараш ба ДОИШ пайваста аз ҷониби мақомот бозпурсӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG