Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон пӯшидани ниқобу бурқаро манъ мекунанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кумитаи дини Қирғизистон лоиҳаи қонунеро ба баррасии умум пешниҳод кардааст, ки пӯшидани бурқа ва ниқобро манъ мекунад.

Тарҳро гурӯҳи корие таҳия кардааст, ки ба ҳайати он кормандони кумитаҳои дину амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон шомиланд.

Тибқи лоиҳа, “пӯшидани либосе, ки монеи муайян кардани шахсияти одам мешавад, дар идораҳои давлатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ” манъ буда, барои поймоли он 20 ҳазор сом ($235) ҷарима таъйин шудааст. Либосҳои ягонаи корию хидматӣ ва тиббӣ, ки рӯйи одамро мепӯшонанд, истисно мебошанд.

Ҳамчунин барои табъизи шифоҳӣ ё хаттӣ, аз ҷумла дар Интернет, даъвати бидуни иҷозати руҳониён ба муассисаҳои иҷтимоӣ, ислоҳӣ ё ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ин лоиҳаи қонун фаъолияти ҳизбҳои сиёсии Қирғизистонро ҳам танзим карда, таъсиси ҳизбро бар пояи ақидаҳои динӣ, иштироки онҳо дар фаъолиятҳои динӣ ва дарёфти маблағ аз иттиҳодияҳои диниро манъ мекунад.

Илова бар ин, ба вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва порлумони Қирғизистон иҷозат намедиҳад, ки фаъолияти худро бо фаъолияти динӣ муттаҳид кунанд.

XS
SM
MD
LG