Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади шахси фавтида аз вирусро ба каси дигар додаанд. Чӣ гуна? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Дар замони пандемияи коронавирус як толори варзиширо дар шаҳри Бишкек ба шифохонаи азими саҳроӣ табдил доданд. Барои ворид шудан ба он ҷо бояд сабти ном кунед ва аз дохили абзори поксозӣ аз вирус бигзаред.

Дар ҷое, ки замоне набардҳои асосии варзишии Қирғизистон сурат мегирифт, ҳоло табибон бо бемории СОVID-19 меҷанганд. Аввали моҳи июл дар як шаб дар инҷо 150 кати муолиҷа гузоштанд. Пизишкон мегӯянд, рӯзҳои аввал корашон мисли кори табибоне буд, ки дар шифохонаҳои низомӣ захмиёни ҷангро муолиҷа мекунанд.

Майрам Ҷумъалиева, яке аз пизишкон гуфт, "як дақиқа оромӣ надоштем. Вақте ҳамкорони Шумо барои мусоҳиба омаданд, ман гуфтам, вақт надорам. Мо вақти навиштану сабт кардани таърихи беморро надоштем. Ба назари ман мисли саҳнаи ҷанг буд, ки дар филмҳо мебинем."

Хонум Ҷумъалиева масъули беморонест, ки аҳволашон бисёр бад аст. Дар лаҳзаҳои суҳбат бо хабарнигорон ӯро барои муоинаи зане хостанд, ки нафас гирифта наметавонад.

"Бисёр тарсидам. Аз он сабаб тарсидам, ки фикр мекардам, дар дунёи дигаре ҳастам. Ман ҳеч гоҳ тасаввур ва фикр ҳам намекардам, ки дар чунин муҳит ва шароит меафтам. Хобашро ҳам надидаам", -- мегӯяд ин пизишк.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Дар Қирғизистон рӯзона то 40 нафар аз СОVID-19 мефавтидаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Дар рӯзҳои аввали кор ба ин шифохонаи муваққатӣ бештар аз 1000 нафар муроҷиат кардаанд. Ҳоло теъдоди муроҷиаткунандагон 3 баробар кам шудааст. Дар ин рӯзҳо ба табибону парасторон, ихтиёриён кумак мекунанд. Ойбек замоне ба инҷо омад, ки фаҳмид толори варзиширо ба шифохона табдил додаанд.

Ойбек Назарқулов, яке аз ихтиёриён гуфт: "Аввалан ин қарзи шаҳрвандии ман аст. Ман дар хона нишаста натавонистам. Инҷо ҳадди ақал кумаке мерасонам."

То замони пандемия, Ойбек мебел месохт, моҳӣ мегирифту ба кӯҳҳо мерафт, аммо ҳоло зиндагиаш дигар аст. Дар инҷо аз соати 8-и субҳ то 8-и шом кор мекунад. Ӯ пайваста рахтҳои якмасрафаи беморонро иваз мекунад ва партобҳоро ҷамъ кардаву дур меандозад. Рӯзҳои ахир кор дар инҷо осонтар шудааст, зеро маргу мири беморон дар бунгоҳҳои тиббии Бишкек кам шудааст.

Дар шифохонаҳои маъмулӣ ҳоло ҳам бемор зиёд аст ва рӯзона то 40 нафар мефавтанд. Ба сабаби кори зиёд, табибон гоҳе ҷасадҳоро ба ҳам омехта мекунанд. Айдай Иргебоева , яке аз хабарнигорони қирғиз нақл кард, ки чӣ гуна ба ӯ ба ҷойи ҷасади хешовандаш ҷасади фарди бегонаеро додаанд.

Қаблан Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфта буд, хабарҳоро дар бораи эҳтимоли ивазшавии майитҳо месанҷад.

Айдай Иргебоева мегӯяд, "азбаски меъёрҳои беҳдоштӣ вуҷуд дорад, ҷасадҳоро дар халтаи сиёҳ медиҳанд ва бояд ҳамон рӯз дафн кунед. Ингуна ҳолатҳо мешавад. Азбаски дар хона ҳама мисли фавтида бемор шуда буданд, рӯи ҷасадро боз карданд, фаҳмиданд, ки каси дигар аст. Шукри Худо, ҷасади хешованди моро ба касе надода будаанд. То бегоҳ ҷасади хешовандамонро оварданд."

Аммо Айдай намехоҳад, Вазорати тандурустӣ ва табибонеро, ки шабонарӯз фаъолият доранд, гунаҳкор кунад. Фақат мехоҳад, меъёри супурдани ҷасади онҳое, ки аз СОVID-19 фавтидаанд, бознигарӣ шавад.

Ӯ мегӯяд, ҳоло вақти шикояту гила аз кори табибон нест, ки сиҳатӣ ва ҷони худро барои муолиҷаи дигарон дар хатар мегузоранд. Аз миёни 2500 табиби қирғиз, ки коронавирус ба онҳо сироят кардааст, ҳеч яке ҷуброн нагирифтаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG