Беназмиӣ дар шаҳрҳои Ҳалл, Ливерпул, Бристол, Манчестер, Сток-он-Трент, Блэкпуле ва Белфаст сурат гирифтааст. Иштирокдорони бетартибиҳо фурӯшгоҳҳоро оташ зада, ба маъмурони пулис ҳамла кардаанд.
Сарвазири Бритониё Кир Стармер ба маъмурони пулис ваъда додааст, ҳукумати ин кишвар аз тадбирҳо алайҳи ифротгароёне, ки талош доранд бадбиниро барангезанд, "ҳимояти комил хоҳад кард".
Рӯзи 29 июл ба студияи раққосие дар Саутпорти Бритониё ҳамла сурат гирифт. Дар натиҷа се духтарча кушта ва ҳудуди 10 кас бо корд захмӣ шуданд. Дар робита ба ин ҳодиса навраси 17-сола дастгир ва ҳабс гашт.
Эътирозҳои Бритониё баъди он ба бетартибӣ печид, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ба кудакон як муҳоҷири тундгарои мусулмон ҳамла кардааст.
Ҳарчанд пулис ин иддаоро рад карда, гуфт, гумонбар Аксел Рудакубана дар Бритониё таваллуд шуда, волидонаш зодаи Руанда ҳастанд.