Хабари нав

"53 ҳазор сомониро аз даст додам." Даъвои як гурӯҳ аз муштариёни “Душанбе Сити”

Радду бадали муштариён ва кормандони "Душанбе Сити Бонк"
Радду бадали муштариён ва кормандони "Душанбе Сити Бонк"

Гурӯҳе аз муштариёни бонки “Душанбе Ситӣ” шикоят доранд, ки пули худро дар ин бонк аз даст додаанд. Онҳо рӯзи 23-юми ноябр барои ҳалли мушкил аз масъулони бонк мадад хостанд.

“Ман 53 ҳазор сомониямро аз даст додам. Ман фиреб хӯрдам,” – гуфтааст яке аз даъвогарон дар наворе, ки корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд.

Ӯ дар идома афзудааст, “ба мо як торпайванд (силка) фиристоданд. Ба ҳамон даромадем, пул гузарондем. Моро фиреб карданд. Намегӯем, ки бонк гунаҳкор аст ё давлат. Мо мегӯем, ҳамин қаллобонро пайдо кунанд, пулро баргардонанд.”

Бонки “Душанбе Ситӣ” худи муштариёнро гунаҳкор медонад. Дар наворе, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, як намояндаи бонк ба назди даъвогарон баромада, гуфтааст, “ба ҳама СМС омада буд, ки мушаххасот ва маълумоти худро пешниҳод накунед, пулҳоятонро интиқол надиҳед.”

Намояндагони бонки "Душанбе Ситӣ" ба муштариён гуфтаанд, набояд ба ҳар торпайванди номаълум дар интернет ворид шуд ва пул гузаронд. Муҳофизи бонк ҳам ба гурӯҳи даъвогарон гуфтааст, "магар роҳбари “Душанбе Ситӣ” ягон нафари шуморо маҷбур кард, ки ба ҳамон торпайванд (силка) дароед? Чаро медароед?”

Талаби муштариён аз бонк дигар аст. Як ҷабрдида гуфтааст, “ҳисобҳои бонкиро маҳкам кунед. Акаҷон, то аризаи мо баррасӣ мешавад, ки пулҳо интиқол мешаванд. Мо ариза кардем, ки он ҳисобро банданд.”

Қаллобон маълумоти корти як нафарро ба даст оварда, ба воситаи он даҳҳо нафарро фиреб мекунанд, то мардум ба он пул гузаронанд. Баъд онро холӣ мекунанд.

Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пайдо кардани ин қаллобон бисёр душвор аст. Аксари онҳо дар берун аз Тоҷикистон ҳастанд.

Муштариён барои дарёфти кор, даромади осон, лотерея ё толеъсанҷӣ ва хайрия маълумоти кортҳои бонкии худро ба қаллобон додаанд. Чунин қаллобиҳо дар солҳои охир бо истифода аз абзорҳои нав ва бавижа ҳуши маснуӣ бештар шудааст.

Барои намуна, дар яке аз наворҳо бо акси хабарнигори Радиои Озодӣ, вале бо садои дигар, эълон додаанд, ки гуё “Рустам Азимов бо шарофати лоиҳаи “Нилуфар” 22 ҳазор сомонӣ ба даст овард.” Дар асл ин садо ва сурате, ки қаллобон истифода кардаанд, сохта ва офаридаи ҳушвора ё ҳуши маснӯӣ аст.

Ё навори як духтари камтавон (маъюб) дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, ки гуё дар Каъба асту мехоҳад ба камбизоатон ёрӣ кунад, аммо шарт гузоштааст, ки аввал мардум бояд 400 сомонӣ ба ҳисоби ӯ гузаронанд ва сипас соҳиби 18 ҳазор сомонӣ хоҳанд шуд. Дар ҳоле ки чунин эълону пешниҳодҳо сохтаву бофта аст ва чанд сол боз расонаҳову ҷабрдидагон дар ин бора зиёд мегӯянд, иддае фирефтаи онҳо гаштаанд.

"Душанбе Сити" яке аз се бонки Тоҷикистон аст, ки моҳи ноябри соли 2025 барои ёрӣ ба Русия аз сӯйи Иттиҳоди Аврупо таҳрим шуд ва танҳо моҳи апрели имсол ин маҳдудиятҳо бекор гаштанд.

Дар гузашта низ шикоятҳо аз сатҳи хадамоти ин бонки сермуштарӣ, ки ба мақомдорони баландпояи Тоҷикистон нисбат дода мешавад ва пардохти аксар хадамоти иҷтимоӣ низ ба воситаи он анҷом мегирад, садо додаанд.

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон моҳи июли имсол дар як нишасти матбуотӣ гуфт, аз 890 арзу муроҷиате, ки дар бораи кори бонкҳо ба онҳо расидааст, 30 дарсадаш дар бораи кори "Душанбе Сити" будааст. Гум шудан ё бо таъхир гузаштани пули мардум аз ин ба он ҳисоб яке аз душвориҳои бонк номбар мешавад.

​
XS
SM
MD
LG