Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 миллион евро – барои сохтани як сомона? Вазир барканор шуд


Томаш Вондрачек ҳангоми суҳбат бо сарвазири Чехия
Томаш Вондрачек ҳангоми суҳбат бо сарвазири Чехия

Гуруҳе аз барномасозон дар Чехия торнамо ё вебсайтеро сохта, ба ҳукумат туҳфа кардаанд. Онҳо ин тасмимро баъди он гирифтанд, ки маълум шуд, Вазорати нақлиёти Чехия барои таҳияи як сомона мехост, 401 миллион крон, баробар ба 16 миллион евро пули буҷаро харҷ кунад. Ин қазия то ба нахуствазири Чехия Андрей Бабиш расид ва, ба гузориши расонаҳо, ӯ вазири нақлиётро аз кор ронд.

Томаш Вондрачек, молики ширкати Actum Digital, охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт: “Лоиҳа бо он пуле, ки дар расонаҳо пешкаш шуд, бо воқеият комилан рост намеомад. Ин як исрофкории мутлақ аст. 401 миллион крон барои таҳия ва нигоҳ доштани чунин сомона тамоман нархи ғайривоқеӣ аст.”

Ин қазия аз эълони тендер ва ё озмун барои таҳияи хадамоти фурӯши иҷозатномаҳои электронӣ барои ҳаракат дар шоҳроҳҳое, ки бо суръати баланд ҳаракат кардан мумкин аст, оғоз шуд. Фармоиши давлатӣ аз таҳияи сомона ва ё фурӯшгоҳи интернетӣ ва ду нармафзор барои IOS ва Android иборат буд. Созишномаи чаҳорсола барои иҷрои ин кор бо ширкати Asseco Central Europe баста шуд.

Ин тасмими ҳукумат нигаронии Вондрачекро ба бор овард ва ӯ ин тендерро “бемаъно” (абсурд) хонд ва гуфт ин корро мешавад дар чанд рӯз иҷро кард. Дар як навори видеоӣ Водрачек гуфт, “мехоҳам аз ин ба баъд ҳеч кас ба пулҳои мо ин тавр муносибат накунад, он гунае, ки ҳоло ҳукумат мекунад.”

Ба ин даъвати Вондрачек 300 нафар ҳамовозӣ ва пешниҳоди кумак карданд ва аз миёни онҳо 60 барномасоз интихоб шуданд. Рӯзи 27-уми январ сомонаи таҳиякардаи барномасозон дар шакли санҷишӣ фаъол шуд.

Ба ҷуз аз арзиши гарони лоиҳа, ки ҳукумат эълон кардааст, барномасозонро ин нукта нигарон кард, ки ҳукумат барои ин озмуни кушода эълон накард, балки мустақилона ширкати иҷрогарро интихоб намуд.

Ҳукумати Чехия ба Томаш Вондрачек пешниҳод кард, пули ин ташаббус ва кори барномасозонеро, ки дар тарҳ ширкат карда буданд, бипардозад. Аммо Вондрачек инро напазируфт ва гуфт, ин ташаббус аз оғоз ҳамчун тарҳи ройгон ва туҳфа ба ҳукумат оғоз шуд ва бигзор ҳамин хел монад.

Дар натиҷа, Владимир Кремлик, вазири нақлиёт, сабукдӯш шуд ва шахсан Андрей Бабиш, нахуствазири Чехия ба назди барномасозон омад. Вай гуфт, сомонаи таҳияшуда ба кор меояд ва ҳукумат аз коре, ки ризокорон довталабона анҷом доданд, истифода мекунад.

Карел Гавличек, вазири нави нақлиёти Чехия гуфт, ки ҳамаи созишномаҳо ва озмунҳо барои таҳияи барномаҳои фурӯши купонҳои нақлиётиро айни замон қатъ мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG