Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи кумаки Бордюжа ба марзҳои "печида"-и Тоҷикистон


Дабири кулли созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро "печида" арзёбӣ карда, гуфтааст, "ин марз ба тақвият ниёз дорад".

Дабири кули Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) Николай Бордюжа рӯзи 9 сентябр дар мулоқот бо президенти Беларус Александр Лукашенка гуфтааст, СПАД ба Тоҷикистон барои таҳкими марзаш бо Афғорнистон кумак мекунад. Як мавзӯъи асосии дидори Борджюжа ва Лукашенка тақвияти нерӯҳои СПАД буда, ҳарду авзоъ дар марзи тоҷику афғонро яке аз масъалаҳои асосии ин созмон донистаанд. "Мо хеле амиқ ба вазъи марзи тоҷику афғон назар кардем. Ба хулосае омадем, ки ба Тоҷикистон барои хубтар нигоҳубин кардани марз кумак намоем," - гуфтааст Николай Бордюжа.

Николай Бордюжа рӯзи 27 август пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки интизор меравад, рӯзи 23 сентябр дар нишасти сарони СПАД ҳукумати Тоҷикистон дар бораи вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва пешниҳодҳо барои тақвияти нигоҳубини ин марз гузориш диҳад. Як мавзӯъи меҳварии ин нишаст роҳҳои кумаки СПАД ва кишварҳои узви ин созмон ба таҳкими ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистон хоҳад шуд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд, дар дидор бо Бордюжа масоили ҳамкорӣ дар чорчӯби СПАД ва ҳамгироии минтақавии кишварҳои узви ин созмон баррасӣ шуда буд.Ба гуфтаи ин манбаъ, таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили таҳкими амнияту субот, аз ҷумла бо назардошти хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 зоҳир гардид.


Хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон, ки то як соли дигар бояд ба поён бирасад, нигарониҳо дар бораи дурнамои вазъи амниятии Афғонистон ва кишварҳои ин сӯи рӯди Омӯ, бахусус Тоҷикистонро бештар кардааст. Расонаҳо ва бархе мақомҳои Русия бо таъкид ба заъфи моливу низомии Тоҷикистон чанд сол боз пешниҳоди ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргардондани нирӯҳои марзбонии Русияро, ки соли 2005 ин марзро тарк гуфтанд, матраҳ мекунанд.

Ин мавзӯъ бахусус дар ҷараёни музокироти тӯлкашидаи мавзӯъи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дубора матраҳ шуд, вале дар қарордоде, ки пиромуни ин пойгоҳ дар октябри соли 2012 байни Душанбеву Маскав ба имзо расид, ҳарфе дар бораи бозгашти марзбонҳои рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистон набуд. Таҳлилгарон мегуфтанд, ки Маскав зоҳиран натавонистааст Душанберо барои гузашт аз як бахши истиқлолияташ, ки истиқрори нирӯҳои хориҷӣ дар марзҳояш амалан ҳамин мазмунро дорад, розӣ кунонад.

Бархе таҳлилгарони низомӣ мегӯянд, пешниҳоди кумакҳо ба тақвияти нигоҳубини марзи Тоҷикистону Афғонистон аз тариқи СПАД низ дар асл идомаи ҳамон фишорҳои Маскав аст, ки мехоҳад ба ҳар роҳе нуфузи низомиаш дар соҳили Омӯро эҳё кунад. Қарори маълум, нирӯи асосӣ ва меҳварӣ дар СПАД маҳз Русия аст, ки 5 кишвари дигари пасошӯравиро тавассути ин эътилофи низомиву амниятӣ дар қаламрави нуфузаш ҳифз кардааст.

СПАД 15 майи соли 1992 лдар Тошканд таъсис ёфта, ба ин далел, чанд сол номи "Паймони Тошканд"-ро дошт. Ин эътилофи амниятӣ соли 2002 ба СПАД табдили ном кард ва дар ҳоли ҳозир ба ҷуз Русия, Беларусу Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистонро муттаҳид мекунад.

Озарбойҷону Гурҷистон ва Узбакистон аз соли 1999 узвияти худ дар ин эътилофро боздоштаанд. Узбакистон дар соли 2006, баъди сард шудани равобиташ бо Ғарб дар пайи саркӯби ошӯбҳои Андиҷон дубора дар канори СПАД омад, вале ба муҷарради беҳтар шудани равобиташ бо Ғарб, батадриҷ аз ҳамкории амалӣ бо ин созмон иҷтиноб ҷуст ва соли 2012 узвияташ дар СПАД-ро расман аз нав боздошт.

Танҳо нирӯи ҷангии ин созмон Нирӯҳои муштараки зудамал аст, ки соли 2009 бо саҳми кишварҳои узв таъсис ёфтааст. Тибқи тавофуқ, Тоҷикистону Қирғизистону Арманистон барои такмили ин нирӯҳои муштарак якбаталёнӣ, Беларус - як бригадаи нирӯҳои вижа, Қазоқистон - як баталёну як бригада ва Русия як бригадаву як дивизия ҷудо мекунад. Аммо СПАД бо онки эътилофи низомиву амниятии кишварҳои пасошӯравист, тайи 21 соли фаъолияташ боре ҳам дар ягон амалиёти низомиву ҷангӣ ширкат накардааст.

Буҷаи солонаи ин созмон тақрибан 160 миллион рубли русӣ, ё чизе бештар аз 5,2 миллион долларро ташкил медиҳад, ки нисфашро Русия ҷудо мекунад. Коршиносон мегӯянд, бо чунин буҷаи аз нигоҳи низомӣ ночиз ваъдаи Бордюжа барои кумак ба тақвияти нигоҳубини1370 километр марзи мустақими Тоҷикистону Афғонистон каме ҳавоӣ менамояд.

Албатта, агар Маскав ба унвони спонсори асосии СПАД ба хотири бароварда кардани хостҳои геополитикиаш "ҳиммат" накунад. Вале дар ин сурат рангу оҳанги муомила бармегардад ба ҳамон сурати аввал, ки Маскав мехост нирӯҳои марзбониашро ба лаби Омӯ баргардонад, вале ба ин ноил шуда натавонист.
XS
SM
MD
LG