Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби ҳабси абад ба муттаҳамони қатли зану шавҳари соҳибкор


Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон

Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон барои чаҳор нафари муттаҳам дар қатли соҳибкор Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва ҳамсараш Ибодат Неъматуллоева аз Додгоҳи олӣ ҳабси абад талаб кард.

Қаблан Абуманнон Эргашев, яке аз муттаҳамон, ба тафтишот гуфтааст, ки қасди аслиашон на куштор, балки дуздии пулҳои соҳибкор буд.

Ин зану шавҳари соҳибкор моҳи октябри соли гузашта дар манзили зисти худ дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввал ғорат ва сипас кушта шуданд. Мақомот мегӯянд, ки ба гумони қатли хонаводаи соҳибкор ҳафт нафар дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Мурофиаи нафарони муттаҳам дар қатли Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва ҳамсараш Ибодат Неъматуллоева рӯзи 7-уми май дар Додгоҳи олии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар Додгоҳи олӣ рӯзи 9-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Бахтиёр Маҳмудзода, намояндаи Додситонии кулл дар ҷараёни мурофиа барои чаҳор нафар аз муттаҳамон – Сайфулло Абдиев, Ҷунайдулло Меҳбуллоев, Шарофиддин Абдуллоев ва Абдуманнон Эргашев ҳабси якумрӣ талаб кардааст. Тафтишот ин чаҳор нафарро ба “одамкушӣ бо бераҳмии махсус”, “роҳзанӣ” ва “дуздӣ” айбдор мекунад.

Манзили соҳибкорон Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Ибодат Неъматуллоева дар рӯзи мотам
Манзили соҳибкорон Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Ибодат Неъматуллоева дар рӯзи мотам

Додситон барои айбдоршавандаи дигар – Парвиз Муродзода, ки ҳамчунон ба “куштор” муттаҳам мешавад, 30 соли зиндон ва барои Абдусувуд Имомов, ки ба роҳзанӣ ва дуздӣ айбдор дониста мешавад, 20 соли зиндон талаб кардааст.

Камтарин муҳлат – 12 соли зиндонро додситон барои Рустам Маъруфзода, узви дигари ин гуруҳ дархост намудааст. Ӯ барои дуздӣ ба миқдори махсусан калон ва хабар надодан аз ҷиноят айбдор мешавад.

Дар мурофиаи рӯзи 7-уми май Гулшан Муллоҷонова ва Мунир Муҳаммадҷонов – фарзандони соҳибкорони қатлшуда – аз додгоҳ тақозо карданд, ки қотилони волидонашон муҷозот шуда, зиёни ба оилаи онҳо расида ҷуброн карда шавад. Қотилон аз хонаи ин соҳибкорон, ки ба тиҷорати матоъ дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд машғул буданд 75 ҳазор доллар ва 59 ҳазор сомониро ғорат карданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон

Мақомот мегӯянд, гурӯҳи ҳафтнафарӣ шаби 18-уми октябри cоли 2017 ба ҳавлии Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ворид шуда, ӯ ва ҳамсараш Ибодат Неъматуллоеваро бо “скотч” ва ноқили барқ бастаанд. Сипас, онҳоро бо азобу машаққати зиёд ба қатл расондаанд.

Қаблан Абуманнон Эргашев, яке аз муттаҳамон дар ҷараёни тафтишот гуфтааст, ки қасди аслии онҳо на куштор, балки дуздии пулҳои соҳибкор буд. Ба эътирофи айбдоршавандагон, Мақсудҷон Муҳаммадҷонов қаблан бо Зафар ном сокини шаҳри Хуҷанд баҳси молӣ дошта, ин нафар барои интиқом аз Абдуманнон Эргашев хостааст, ки аз хонаи дувумӣ пул бидузданд.

Солҳои ахир чанд ҳодисаи пурсарусадои ғорати сокинони "пулдор" дар вилояти Суғд рух дода, соҳибкоронро нигарон кард. Аз ҷумла, моҳи июни соли 2013 як гурӯҳ, ки баъдан маълум шуд аъзои як хонавода будаанд, нимашаб ба қасди ғорат ба хонаи тиллофурӯш Аҳмадхӯҷа Бобоев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид шуда, ӯ, ҳамсараш Ҳаётхон Бобоева ва фарзандонашон Рухшона, Сӯҳроб ва Санҷарбекро куштанд ва хонаашонро оташ заданд.

Дӯкони оилаи соҳибкор дар бозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд
Дӯкони оилаи соҳибкор дар бозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд

Ин ҷиноят боиси сарусадоҳо дар байни мардум гардид ва раиси ҷумҳур низ ба мақомоти пулис дастур дод, ки ба ҳар қимате набошад, омилони ҷиноятро муайян ва дастгир кунанд. Кормандони пулис баъд аз ду соли ин ҳодиса, оилаи Раҳматовҳо – сокинони шаҳри Хуҷандро дастгир намуданд. Баъдан ин ҳафт нафар барои қатли хонаводаи Бобоевҳо ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG