Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори соҳибкорзани тоҷик – барои 400 сомонӣ


Қатли як соҳибкорзани тоҷик ба дасти писари амакаш дар шаҳри Қӯрғонтеппа ду хонаводаро дар муқобили якдигар қарор дод.

Ҳамон шаб Мавҷигул дар ҷузвдонаш пули бисёр надошт. Танҳо 400 сомонӣ доштаасту бас.

Мавҷигул Ҳалимоваи 36-сола, молики чанд нуқтаи фурӯши меваи хушк ва донагиҳо дар бозори “Фаровон” ва Ҳоҷӣ Шариф, шаби 6-уми январи имсол дар кӯчаи Хатлони шаҳри Қӯрғонтеппа бо зарби корд кушта шуд. Мақомоти милисаи Хатлон гуфтанд, ҳоло ба гумони даст доштан дар ин ҳодиса Ҷамшед Ҳалимов – писарамаки 40-солаи Мавҷигул – боздошт шудааст.

“Қарор будааст, ҳамон шаб Мавҷигул аз фурӯшандаҳои зердасташ дар ду бозори калони Қӯрғонтеппа пулҳоро ҷамъ карда, ба хонааш бибарад. Ҷамшед Ҳалимов аз нақша огоҳӣ доштааст. Вай аз бозор корд гирифта, ба дасту ҷигари дувумӣ зарбаи маргбор задааст”, - гуфт Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон, рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ.

Бозори Фаровон
Бозори Фаровон

Вале, ба қавли ӯ, “ҳамон шаб Мавҷигул дар ҷузвдонаш пули бисёр надошт. Танҳо 400 сомонӣ доштаасту бас”. Мақомоти милиса мегӯянд, Ҷамшед Ҳалимов дар гузашта аз ҳамкорони Мавҷигул буд ва баъди як ҳодисаи дуздӣ аз кораш маҳрум шудааст.

Наздикони Мавҷигул ва Ҷамшед дар бораи ин ҳодиса чизе гуфтан нахостанд. Аслия, як соҳибкори бозори “Фаровон”-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба Радиои Озодӣ гуфт, Мавҷигул Ҳалимова ва бародаронаш солҳои ахир аз соҳибкорони муваффақ буданд ва тиҷораташон сол то сол рушд меёфт. “Ба ҳама бор тақсим мекарданд. Чанд бародараш кор мекард, зиндагияшон хуб буд”, - афзуд мусоҳиби мо.

Тафтиши куштори Мавҷигул Ҳалимоваро мақомоти милиса ва додситонии вилояти Хатлон пеш мебаранд. Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне одамкушӣ парванда боз шудааст.

Искандар Солеҳзода
Искандар Солеҳзода

Солҳои ахир чанд ҳодисаи пурсарусадои ғорат ва куштори сокинони “пулдор” дар баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистон рух дода, омилони он дастгир ва муҷозот шудаанд. Аз ҷумла, соли 2013 як гурӯҳ тиллофурӯш Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсараш Ҳаётхон Бобоева ва фарзандонашон Рухшона, Сӯҳроб ва Санҷарбекро дар хонаашон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кушта, хонаашонро оташ заданд.

Ин ҷиноят боис ба сарусадоҳо дар байни мардум гардид ва раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ба мақомоти пулис дастур дода буд, ки ба ҳар қимате омилони онро муайян ва дастгир кунанд. Кормандони пулис баъд аз ду соли ин ҳодиса, оилаи Раҳматовҳо – сокинони шаҳри Хуҷандро дастгир намуданд. Баъдан ин ҳафт нафар барои қатли хонаводаи Бобоевҳо ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд. Инчунин, дар гузашта ҳодисаи куштори чанд сарроф дар кишвар сабт шуда буд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG