Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳлати пардохти ҷаримаи Мирсаидов тамдид шуд. ВИДЕО


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд муҳлати пардохти маблағи ҷаримаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистонро танҳо то 2 моҳ - то 15 декабри соли ҷорӣ ​тамдид кард. Мирсаидови бекор аз додгоҳ хоста буд, ки мӯҳлати пардохти ҷарима то шаш моҳ тамдид шавад.

Додгоҳ рӯзи 15 октябр ин қарори худро дар утоқи кории додрас, паси дарҳои баста ва танҳо бо иштироки худи Хайрулло Мирсаидов эълон кард. Хабарнигорон ва наздикони Мирсаидов ба бинои додгоҳ раҳ дода нашуданд.

Ҳодисае, ки ба сарам омад, бигзор охирин бошад

Хайрулло Мирсаидов, баъд аз хориҷ шудан аз бинои додгоҳ дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:

“Ман аз додгоҳ дархост карда будам, ки муҳлати пардохти ҷаримаро 6 моҳ дароз кунанд. Вале додситон ва судиҷрогар аз додгоҳ танҳо 1 моҳ иҷозаи тамдидро дархост кардаанд. Додгоҳ муҳлати пардохтро 2 моҳ дароз кард. Ман дар додгоҳ гуфтам, ки як сол боз ҷои кор надорам ва пул надорам. Пуле, ки доштам, барои пӯшонидани қарзҳое, ки дар зимни фаъолият дар КВН доштаам, рафт. Манзили зист ҳам надорам, ки онро фурӯхта пулашро диҳам. Дар хонаи падар зиндагӣ дорам. Суд аз рӯи қонун ҳақ дорад муҳлати пардохтро то шаш моҳ дароз кунад, вале ҳоло танҳо 2 моҳ тамдид кард.”

Таҳдиди бозгашт ба зиндон дар сурати напардохтани ҷарима

Мирсаидов рӯзи 15 октябр ҳамчунин гуфт, баъди озод шудан аз зиндон то ҳол ба зиндагии муқаррарӣ барнагаштааст ва ба табобати бемориҳояш машғул аст. Ӯ афзуд, баъд аз он ки ҳафтае қабл судиҷрогарон барои ситонидани маблағи ҷарима ба хонаи онҳо омаданд, аз додгоҳ тамдиди муҳлати додани ҷаримаро тақозо карданд.

Мӯҳлати пардохти ҷаримаи Мирсаидов тамдид шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Додгоҳи марҳилаи кассатсионӣ моҳи август баъд аз таъини 80 ҳазор сомонӣ (наздики 10 ҳазор доллар) ҷарима ӯро муваззаф карда буд, ки дар фурсати то 6 моҳ ин маблағро пурра пардохт кунад. Дар акси ҳол ва дар сурати ҳатто қисман пардохт накардани ин маблағ, ӯ дубора ба маҳбас гирифта мешавад.

Мирсаидов баъди раҳоӣ аз зиндон бо ҷоизаи ҳамраъии журналистон қадрдонӣ шуд
Мирсаидов баъди раҳоӣ аз зиндон бо ҷоизаи ҳамраъии журналистон қадрдонӣ шуд

Хайрулло Мирсаидов моҳи декабри соли гузашта боздошт гардида, июли имсол бо ҷурми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахши маълумоти бардурӯғ" ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Боздошти ӯ баъди он сурат гирифт, ки хабарнигори тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ раиси собиқи идораи ҷавонони вилояти Суғдро ба талаби “пора” муттаҳам кард.

Дар пайи талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмону кишварҳои байналмилалӣ, додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 22-юми август Мирсаидовро баъд аз бозбинии кассатсионии парвандаи ӯ аз зиндон озод кард, аммо доғи судиро аз номи ӯ набардошт. Додгоҳ Хайрулло Мирсаидовро ба пардохти 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ва корҳои ислоҳӣ муваззаф намуд.

Тақозои Мирсаидов барои сафед шудан аз доғи судӣ

Таъини муҳлати супурдани маблағи ҷаримаи Мирсаидов дар ҳоле мушаххас шуд, ки ӯ бо иттифоқи Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеаш рӯзи 13-уми сентябр аз раёсати додгоҳи вилояти Суғд расман хоста буданд, ки парвандаи ӯро аз нав баррасӣ кард Мирсаидовро бегуноҳ эълон ва сафед намояд.

Мирсаидов баъди озод шудан аз боздошти 8-моҳа дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои исботи бегуноҳиаш то охир меравад, ҳатто то додгоҳи Гаага.

Ӯ мегӯяд, ҳарчанд дар таҷрибаи додгоҳии Тоҷикистон мавридҳои бегуноҳ ва сафед кардани айбдоршаванда дар зинаҳои болоии додгоҳӣ нодир аст, аз роҳаш пас нахоҳад гашт. “Нӯҳ моҳе, ки дар боздоштгоҳ будам, нафарони зиёдро дидам. Онҳо ба додгоҳ як бор неву ду, се, чаҳор бор муроҷиат кардаанд. Баъди ду марҳилаи додгоҳӣ амалан чизе тағйир намеёбад. Танҳо дар ҳолатҳои хеле кам тағйирот пеш меояд. Умедворам, ки дар ҳолати ман ин чиз амалӣ мешавад”, - афзуд ӯ.

Хешовандони Мирсаидов ҳар мурофиаи додгоҳиро пайгирӣ мекарданд
Хешовандони Мирсаидов ҳар мурофиаи додгоҳиро пайгирӣ мекарданд

Зимнан, волидайни Мирсаидов замони дар зиндон будани писар, 124 ҳазор сомонӣ маблағеро, ки додгоҳ раҳбари КВН-и Тоҷикистонро дар камбуди он муқассир донист, пардохт карданд. Мирсаидов ва вакилони мудофеаш гуфтанд, ки ҳарчанд Мирсаидовро дар исроф ё азони худкунии ӯ ин маблағ айбдор намедонанд, вале ба хотири раҳо намудани ӯ аз маҳбас он пардохт гардид.

Моҳи сентябр Шӯрои Васоити ахбори омма, як созмони мустақили журналистӣ дар Тоҷикистон, ба Хайрулло Мирсаидов ҷоизаи ҳамраъйии журналистонро супурд. Хабарнигори тоҷик ҳангоми гирифтани ҷоиза дар як суханронии кӯтоҳ гуфт, “ҳодисае, ки ба сарам омад, бигзор охирин бошад”.

Созмонҳои ҳомии озодии баён гуфтанд, ки Мирсаидов баъди муроҷиати ошкораш ба номи президенти Тоҷикистон дар заминаи вуҷуди коррупсия дар сохторҳои давлатӣ муҷозот шуд ва ин ҳодиса ба талошҳои ҳукумат дар амри решакан кардани фасоду ришвахорӣ ва ҳамкории мардум бо давлат дар ин замина латма мезанад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG