Пайвандҳои дастрасӣ

Хайрулло Мирсаидов аз зиндон озод шуд


Наздикони Хайрулло Мирсаидов пас аз эълони ҳукми додгоҳ.

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон, аз зиндон озод шуд. Ҳукми озодии ӯро рӯзи 22-юми август Додгоҳи вилояти Суғд эълон кард. Қаблан Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум карда буд.

Хайрулло Мирсаидов ба пардохти 80 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф шудааст.

Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов, рӯзи 22-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш бо қарори додгоҳ озод шуд. Ӯ афзуд, писарашро аз СИЗО ба хона оварданд ва ӯ ҳам аз раҳоияш хушҳол аст. Падари Хайрулло Мирсаидов ҳамзамон аз расонаҳову дипломатҳо, созмонҳои ҳуқуқи башар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар озодии писараш саҳм доштанд, сипосгузорӣ кард.

Бахтиёр Насруллоев
Бахтиёр Насруллоев

Бахтиёр Насруллоев, вакили дифои Хайрулло Мирсаидов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нафари таҳти ҳимояташ ба пардохти 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ва корҳои ислоҳӣ муваззаф шудааст. Аммо, ба гуфтаи ӯ, бинобар онки Хайрулло Мирсаидов 9 моҳ дар ҳабс қарор дошт, ҳукми корҳои ислоҳиаш адо шуда, ӯ ҳоло бояд танҳо ҷаримаро пардохт кунад.

Стив Свердлов: "Озодии Хайрулло шурӯи озодии зиндониҳои сиёсист"

Озодии Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон аз боздошт бо вокунишҳои мусбати созмонҳои журналистӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ дар дохилу хориҷ рӯ ба рӯ шуд. Даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ Мирсаидовро барои раҳоияш табрик карда, гуфтаанд, ин қарори додгоҳ як зарра умедро барои вуҷуди адолат дар кишвар бештар кард.

Стив Свердлов
Стив Свердлов

Стив Свердлов, пажӯҳишгари созмони Ҳюман Райтс Вотч дар умури Осиёи Марказӣ, рӯзи 22-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин рӯзро барои Тоҷикистон бисёр муҳим ва камсобиқа донист. Ӯ гуфт, “ба истиснои қазияи Александр Содиқов, ин яке аз аввалин зиндонии сиёсии озодшуда дар Тоҷикистон аст. Ҳюман Райтс Вотч ва ҳомиёни дигари ҳуқуқ ба ин назаранд, ки ин оғози озодии зиндониёни дигари сиёсӣ, аз ҷумла Маҳмадалии Ҳайит, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов, Шӯҳрат Қудратов ва дигарон аст.”

Хайрулло Мирсаидов моҳи декабри соли гузашта боздошт ва моҳи июл ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Стив Свердлов мегӯяд, ҳарчанд Мирсаидов аз зиндон озод шуд, вале дар қазияи ӯ ҳанӯз пирӯзии комил ба даст наомадааст.

“Чун додгоҳи таҷдиди назар ӯро гунаҳкор эътироф кард ва ба пардохти ҷарима муваззаф намуд. Вай ҳашт моҳи умрашро паси панҷара гузаронд ва саломати худро аз даст дод. Мо Хайрулло Мирсаидовро то замони пурра сафед шуданаш дастгирӣ мекунем", - афзуд ӯ.

Ин пажуҳишгари созмони Ҳюман Райтс Вотч дар раҳоии Хайрулло Мирсаидов маъракаи талаби озодии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоиро бисёр муҳим донист. Ӯ гуфт, “ҳоло Хайрулло ба хонааш меравад ва дар канори хонаводааш хоҳад буд. Ин, албатта, далели он аст, ки баъзан маъракаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва адолат ҳатто дар низомҳои худкома низ самара медиҳад".

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

"Пирӯзии матбуоти тоҷик аст"

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон озодии Хайрулло Мирсаидовро «пирӯзии матбуоти тоҷик» хонд.

“Дар роҳи озодии Хайрулло талошу кӯшиши расонаҳои мустақили кишвар ва созмонҳои журналистии Тоҷикистон на камтар аз созмонҳои ҷаҳонии хабарнигорӣ ва кишварҳои аврупоӣ буд. Ва илова бар ин мехоҳам зикр кунам, ки ҷараёни баррасии қазияи Хайрулло Мирсаидов нишон медиҳад, то андозае адолат дар додгоҳҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад. Зеро агар бархӯрди одилона намебуд, барои озодии ӯ метавонистанд даҳҳо монеа эҷод кунанд ва мушкил пеш оранд”, - афзуд ӯ.

Се иттиҳом алайҳи Мирсаидов

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 11-уми июли имсол Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум карда буд. Мирсаидов ба "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахш кардани маълумоти бардурӯғ", муттаҳам дониста мешуд.

Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир шуд, ки дар як изҳороташ дар интернет иддао кард сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода ин иттиҳомро як тӯҳмат номид ба аз болои Мирсаидов ба додгоҳ шикоят бурд.

Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

Баъди содир шудани ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар моҳи июл, хонаводаи Мирсаидовҳо гуфтанд, ки ба ҳисоби давлат 124 ҳазор сомонӣ ҷуброни молиро интиқол доданд. Ин маблағро додгоҳ дар парвандаи ҷиноӣ ба унвони "зиёни молии давлат" зикр карда буд.

Онҳо гуфтанд, бо вуҷуди он ки оила гунаҳгор будани Мирсаидовро эътироф намекунад, ба хотири озодии журналист тасмим гирифтанд маблағро пардохт кунанд. Бар асоси қонун дар Тоҷикистон, агар ҷиноят молӣ бошад, фарди гунаҳкор дар сурати ҷуброн кардани хисорот аз зиндон озод мешавад. Баъди содир шудани ҳукм ва шикояти кассатсионӣ, Хайрулло Мирсаидов дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешуд.

Мавҷи эътирозҳо ба боздошт ва зиндонӣ шудани Мирсаидов

Боздошт ва маҳкум ба зиндони шудани Хайрулло Мирсаидов мавҷи интиқоди созмонҳои ҳуқуқи башарро чӣ дар дохил ва хориҷ дар пай дошт. Аз ҷумла рӯзи 13-уми август дар изҳороте, ки аз номи 12 созмони ҳомии ҳуқуқи инсон нашр шуд, аз дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ тақозо шуд, ки ба озод шудани журналист Хайрулло Мирсаидов аз зиндон пофишорӣ кунанд.

Маъракаи даъват ба озодии Хайрулло Мирсаидов
Маъракаи даъват ба озодии Хайрулло Мирсаидов

Дар изҳорот аз ҷомеаи байналмилалӣ тақозо шуда буд, ки дар остонаи бозбинӣ шудани парвандаи Мирсаидов дар додгоҳи таҷдиди назар, аз мақомоти Тоҷикистон озодии беқайдушарти журналист ва эҳтиром ба озодии баён тақозо шавад.

Зери ин изҳорот 12 созмон, аз ҷумла, Article 19, Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, Кумитаи дифоъ аз журналистон, Freedom House, Human Rights Watch, Кумитаи норвежии Ҳелсинк, Гузоришгарони бидуни марз, Анҷумани милии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва дигарҳо имзо гузоштаанд.

Дар як изҳоротааш рӯзи 14 август сафири Бритониё дар Тоҷикистон Ҳю Филпотт изҳори умедворӣ кард, ки Додгоҳи вилояти Суғд ҳукми мусбат содир мекунад ва пуштибонӣ аз Хайрулло Мирсаидов нишонаи он хоҳад буд, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ришвахорӣ муборизаи ҷиддӣ мебарад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG