Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ронандаи автобусро барои ҳамла ба хабарнигорон ҷарима кард. ВИДЕО


Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ронандаи автобуси хатсайри 4-ро барои ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ тибқи моддаи 460-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба “майдаавбошӣ” айбдор кард. Ронанда гуноҳро ба гардан гирифт ва узр хост, аммо наздиконаш гуфтанд, ки ҳукм одилона нест.

Додгоҳ Маҳмадёр Зоиров, ронандаи автобуси хатсайри 4-ро дар таҳқир ва дағалгуфторӣ нисбати хабарнигорони Радиои Озодӣ Шодмони Ятим ва Алишер Зарифӣ айбдор донист ва гуфт, ки банди 460 қонун ҷазое ба андозаи аз 7 то 10 нишондиҳандаи шумориши ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 5 то 15 шабонарӯз ҷазоро барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, пешбинӣ намудааст.

Бо назардошти он, ки айбдоршаванда қисман ба гуноҳи худ иқрор кард ва аз ҷабрдидагон бахшиш хост, додгоҳ ӯро ба пардохти 7 нишондод, баробар ба 385 сомонӣ маҳкум намуд. Вале Маҳмадёр Зоиров хабарнигоронро ба он айбдор кард, ки бидуни муаррифӣ ӯ ва “кондуктораш”-ро ба навор гирифтаанд.

"Дар пешонии ҳамин кас навишта шудааст, ки корманди куҷо аст, аз куҷо донам, масалан, корманди БДА манъ карданд, назди мо омада сӯҳбат мекунанд, ман аз куҷо медонам, ки инҳо хабарнигоранд, ба сару либосаш нигоҳ кунед, дар танашон ягон либоси махсусе набуд, ки хабарнигор буданашонро маълум созад. Ман дар Русия ронанда будам, медидам хабарнигорон чӣ гуна кор мекарданд",- гуфт Зоиров.

Додгоҳ ронандаро барои задани хабарнигори Радиои Озодӣ ҷазо дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Аммо Алишер Зарифӣ, ки ба ҳайси ҷабрдида дар мурофиа ширкат мекард, гуфт, хабарнигорон қабл аз наворгирӣ худро шинос карданд ва ҳини ҳамлаи ронанда ва “кондуктор”-аш низ чан бор такроран худро муаррифӣ намудаанд.

Зарифӣ илова намуд, баъди он ки ронанда ба муаррифии батакрори онҳо гуш накард, корти хабарнигории худро бароварда нишон дод, ки онҳо хабарнигоранд, вале ронанда мутаваҷҷеҳи он нашуд. Ба қавли Зарифӣ ҳамчунин Шодмони Ятим корти хабарнигории худро бароварда нишон дод, аммо ронанда ба ин ҳуҷҷати ӯ низ аҳaмият надода, таҳқир карданро идома дод.

Ронанда Зоиров дар посух ба саволи ҷабрдида, ки он замон ҳуҷҷати хабарнигориро хонда будед, иқрор шуд, ки нахонда будам. Ба пурсиши дигари ҷабрдида, ки чанд лаҳза баъди рух додани ҳодиса аз хабарнигор будани онҳо огоҳ шудед, гуфт, ҳамон замон баъди се дақиқаи аз автобус баромаданаш пай бурд, ки инҳо хабарнигоранд.

Дар мурофиа ҳамчунин ронанда ба ҷабрдида савол дод, ки чаро шумо фақат танқид мекунед? Ҷабрдида дар посух гуфт, ҳадаф танқид не, балки санҷиши беғаразонаи шикояти бархе аз мусофирон аз кори нақлиёти мусофиркашонӣ буд. Ронанда ҳамчунин ба такрор савол медод, ки чаро дохили автобус, назди ӯ надаромада худро муаррифӣ накардед ва ҷабрдида ҷавоб дод, ки якбора ба ҳамла гузаштанд ва худи ронанда зуд ба берун баромад, якбора ба таҳқир гузашт, ки бо вуҷуди ин ҳам аз оғоз худро пайваста муаррифӣ намудаанд.

Додраси парванда, Сурайё Ҷобирзода, муовини аввали раиси додгоҳи Шоҳмансур, дар хитоб ба ронанда гуфт, агар ҳадафи хабарнигорон инъикоси камбудест, ки воқеан ҷой дорад, бигузор анҷом диҳанд ва ин ба манфиати ҷомеа аст ва Шумо ҳақ надоред муносибати сарду дағалгуфторӣ кунед. Баъди шунидани фикр ва пурсишҳои ҷонибҳо додрас қарори худро дар нисбати ронанда содир намуд ва гуфт, дар санадҳо ба ҳайси ҷавобгар танҳо исми ронанда пешбинӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, қабл аз оғози мурофиа ин ронанда аз сӯи корфармояш -- Корхонаи воҳиди давлатии автобуси шаҳри Душанбе барои таҳқиру дағалгуфторӣ аз кор ронда шуд. Масъули пулчинии автобуси ӯ низ аз кор барканор гашт.

Аз вазифа озод намудану ҷаримаи ин ронанда дар пайи шикояти Радиои Озодӣ ба Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Ин ниҳод нисбати ронанда санад тартиб дода, ба додгоҳ ирсол намуд.

Ҳодисаи таҳқири хабарнигорони Радиои Озодӣ Шодмони Ятим ва Алишер Зарифӣ рӯзи 13 июн ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи кори нақлиёти ҷамъиятии Душанбе, дар истгоҳи назди фурӯшгоҳи "Садбарг" рух дод.

Хабарнигорон мехостанд, ҷараёни кори автобусҳоеро ба навор гиранд, ки дар истгоҳ барои ҷамъоварии мусофири зиёдтар аз вақти муайяншуда бештар истодааст. Вақте ронандаву пулчини он диданд, ки ҷараёни корашон сабт мешавад, талош карданд, монеи кори хабарнигорон шаванд ва яке ба Шодмони Ятим, наворбардори Радиои Озодӣ дарафтод.

Он замон Шодмони Ятим гуфт, ронандаи автобус бо хашм аз гиребони ӯ гирифта, айнак ва корти хабарнигориашро ба замин ҳаво дод. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, онҳо аввал худро ба ронанда шинос карда, корти хабарнигориро ҳам пешниҳод намуданд.

"Вақте корти хабарнигориро ба ронанда нишон додам, таҳқиромез гуфт, ин чизе нест ва мо дар як дақиқа метавонем 10 чунин ҳуҷҷат омода кунем", нақл кард хабарнигор.

Дар наворе, ки ҳамкорони мо тавонистанд лаҳзае аз он ҳолатро сабт кунанд, дида мешавад, ронандаи автобус бо таҳдид аз гиребони хабарнигори Радиои Озодӣ дошта, дашному ҳақорат мекунад. Ӯ бо асабоният дар посух ба суоли Шодмони Ятим, ки мехоҳад худро муаррифӣ кунад, мегӯяд, "ту гусфанд, рав аз ин ҷо". Нафари дигар ҳам мегӯяд, "ту худат кӣ ҳастӣ? Мезанам, ҷоғат мешиканад."

Таҳқири хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00

Ҳодисаро мусофирони дохили автобус ва ҳам мардуме, ки дар истгоҳ буданд, мушоҳида кардаанд. Алишер Зарифӣ, хабарнигори дигари Радиои Озодӣ мегӯяд, каме дуртар аз онҳо нозирони роҳ ва намояндагони бахши нақлиёти Душанбе ҳам буданд. Ба суоли хабарнигорон, ки чаро онҳо наздик нашуданд ва дахолат накарданд, пулиси роҳ гуфтааст: "Шумо ба мо муроҷиат накардед."

Алишер Зарифӣ гуфт, агар ронандаро ҷудо намекарданд, эҳтимол баҳс аз даст ба гиребон шудан ба латту кӯб мепечид.

Бори аввал нест, ки хабарнигорон ҳангоми кор мавриди таҳқиру ҳамла қарор мегиранд. Зиёд иттифоқ меафтад, ки дар роҳу хиёбон ва ҳам ниҳодҳои мухталиф ҳангоми сабти садову навор хабарнигорон таҳқиру таҳдид мешаванд ва дар баъзе ҳолатҳо ҳам ин то ба гиребонгирӣ ва дарафтодан ба журналист анҷом меёбад. Ду моҳ пеш як хабарнигори тоҷик бо иддаои таҳқир шудан аз ҷониби як корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Додситонии кул шикоят карда буд.

Масъулони НАНСМИТ, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯянд, ҳар моҳ ба ҳисоби миёна аз тақрибан даҳ журналист шикоят мегиранд. Истифодаи алфози қабеҳ аз тарафи масъулон, масъалаи дастрасӣ ба иттилоъ, таҳдид, фишори равонӣ, таъқиб аз мавзӯъҳои шикояти хабарнигорон будааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG