Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"City Card" ҳам мушкили мусофиронро ҳал накард. ВИДЕО


Бархе аз сокинони Душанбе мегӯянд, роҳандозии истифодаи корти электронии "City Card" натавонист камбудиҳо атрофи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятиро аз байн бубарад.

Аз рӯи ҷадвали пешбинишуда, ҳаракат накардани нақлиёт, аз меъёр зиёд бор кардани мусофирон, аз ҳад зиёд истодан дар истгоҳҳо ва бо садои баланд даъват намудани мусофирону гоҳҳо дағалгуфтории ронандаву пулчинҳо, аз мушкилиҳое мебошад, ки сокинонро нороҳат мекунад.

Рӯзи 13-уми июн аз чанд истгоҳу хатсайрҳое дар ҳудуди пойтахт дидан намудем, ки воқеан ҳам дар баъзе ҳолатҳо на ҳамаи ронандагон вақту маконе, ки барои нигоҳ доштани нақлиёт пешбинӣ шудааст, риоя мекунанд. Масъулони бахши нақлиёти Душанбе мегӯянд, ронандагон ҳақ надоранд, аз 1 ва 1,5 дақиқа бештар нақлиёти ҷамъиятиро дар истгоҳ нигоҳ доранд.

Зимни пайгирии мавзӯъ мушоҳида намудем, ки дар истгоҳи кӯчаи Садриддин Айнӣ, наздикиҳои мағозаи "Садбарг" автобуси хатсайри №4 аз вақти пешбинишуда зиёд ва то ба истгоҳ нарасида меистоду "кондуктор"-аш ба ҷалби мусофирон машғул буд.

"City Card" ҳам мушкили нақлиёт дар Душанберо ҳал накард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Ронанда ва "кондуктор" аз сӯҳбат худдорӣ намуда, нахостанд ин ҳолатро, ки боиси нигаронии сокинон гардидааст, шарҳ диҳанд. Ҳангоми ин ҳолатро ба наворгир гирифтан, ронанда ба мо дарафтод ва суханони қабеҳ гуфт. Сатҳи пасти хизматрасонӣ дар бархе аз хатсайрҳои дигар низ ба назар мерасид.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам нашри наворҳо аз дағалгуфтории ронандагону сатҳи пасти хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятиро дидан мумкин аст. Рӯзи 11-уми июн навори видеоиеро аксбардор Дидор Саъдуллоев аз як лаҳзаи кори мусофиркашонии пойтахт аз тариқи "Фейсбук" нашр намуд, ки мавҷи интиқодҳоро атрофи фаъолияти автобусу троллейбусҳо ба миён овард.

Худи Саъдуллоев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар истгоҳи назди чорроҳаи "Водонасос" автобусе, ки мунтазир буд, омада, аз истгоҳ сад, дусад метр дуртар манъ карда, бо садои баланд мусофирон ҷамъ мекард. "Ин ҳолат бори аввал нест, мардум ҳама дар дохили автобус интизор, кондуктор бошад пулу одам ҷамъ мекунад. Ҳар тавре, ки хоҳанд автобусро меронанд ва боз муносибати дағалона низ мекунанд".

Шаҳноза Сафарова, як донишҷӯи тоҷик мегӯяд, дар пай хизматрасониҳои на чандон хуби нақлиёти ҷамъиятӣ, борҳо шоҳиди ҷанҷол миёни мусофирону ронандагон шудааст.

Нигарониҳо аз сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳолест, ки Сулаймон Гадоев, масъули Корхонаи воҳиди давлатии "Автобус-3"-и шаҳри Душанбе рӯзи 13-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамарӯза ба ронандагон мефаҳмонанд, ки фаъолияташонро бар асоси меъёрҳои пешбинишудаи корӣ амалӣ намоянд, то боиси нороҳатии мусофирон нагардад.

Ӯ таъкид намуд, "ба ронандагон мефаҳмонем, ки танҳо дар истгоҳ манъ кунед, доду фарёд накунед, вақти зиёди мусофиронро нагиред. Дар гузашта чунин ҳолатҳоро ба қайд гирифтаем ва набояд ба чунин камбудиҳо роҳ диҳанд. Ҳоло кортҳои электронӣ аст, ронандагон аз зиёд бор намудани мусофирон манфиатдор нестанд. Нисбати ҳар ронандае аз ҷониби мусофирон шикоят шавад, комиссияи махсус аст, шикоятҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, дар сурати ҳақиқат доштан, нисбати ронанда чораандешӣ мешавад, то аз кор озод намудан пешбинӣ шудааст".

Афроди огоҳ аз сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва мусофирон низ мегӯянд, роҳандозии низоми электронии пардохт ба баҳсҳо миёни мусофирону ронандаҳо дар мавриди баргардондани бақияпулӣ нуқта гузошт, аммо камбудиҳои дигаре ҳаст, ки ҳанӯз боқӣ мондаанд.

Мақомоти Душанбе барои ҳалли мушкили мусофиркашонӣ аз хориҷа даҳҳо автобус ворид намуд, ки ҳоло дар хатсайрҳои пойтахт ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Ахиран ҷойи чанде аз микроавтобусҳоро низ дар хатсайрҳои пойтахт автобусҳо гирифтанд. Сокинони пойтахт мегӯянд, бо вуҷуди талошҳои беш аз дусолаи шаҳрдорӣ, ҳанӯз ҳам мушкили мусофиркашонӣ боқӣ мондааст.

Шарҳҳоро бинед (11)

XS
SM
MD
LG