Аз ин ба баъд сокинони Қирғизистон барои хабар додан аз ҷиноятҳои коррупсионӣ мукофот гирифта, таҳти ҳифозати мақомот хоҳанд буд.
- Қонун "Дар бораи ҳифзи афроде, ки аз фасодкорӣ хабар додаанд" рӯзи 29-уми январи имсол аз тарафи президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷээнебеков тасвиб шуд. Президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев тарҳи қонуни мазкурро ба далели камбудиҳояш ба порлумон баргардонида буд.
30 дар сади маблағи мусодирашударо мақомоти интизомӣ ва сеяки ҳамин маблағро оне мегирад, ки дар бораи ҳодиса хабар додааст.
"Тарҳ се сол пеш омода шуд"
Аида Салянова, вакили собиқи порлумони Қирғизистон ва яке аз ташаббускорони таҳияи қонун, рӯзи 30-юми январ гуфт, "агар мехоҳем, мубориза зидди фасод натиҷа диҳад, бояд ба он на фақат кормандони мақомоти интизомӣ машғул шаванд."
Ӯ афзуд, "бояд шаҳрвандони одӣ низ саҳми худро бигузоранд. Ва аз ин нигоҳ қонун барои Қирғизистон бисёр муҳим аст. Ҳадафи аслии он ҳифзи онҳоест, ки дар бораи фасодкорӣ хабар медиҳанд. На танҳо ҳифз, балки ҳавасманд кардани онҳо."
Вакили собиқи порлумони Қирғизистон тарҳи қонунро ҳанӯз соли 2016 таҳия карда буд. Он вақт Жогорку Кенеш аз санад ҳимоят кард, вале раиси ҷумҳури собиқ Алмосбек Отамбоев онро нокомил донист ва дубора барои баррасӣ фиристод.
Мақомот чӣ қадар мукофот мегиранд, мардум чӣ?
Ҳоло, ки қонун қабул шудааст, Аида Салянова бовар дорад, мизони фасодкорӣ дар Қирғизистон то ҳадде поин хоҳад шуд. Аммо ӯ гуфт, тарҳи кунунӣ аз тарҳи аввалӣ андаке фарқ дорад.
"Барои мисол, мо навишта будем, агар шаҳрванд дар мавриди порагирии мансабдоре хабар дод ва муттаҳам дастгир шуд, бояд 30 дарсади пули мусодирашуда ба ӯ дода шавад. Ҳоло дар қонун гуфта шудааст, агар ришватгирии мақомдор дар додгоҳ тасдиқ шуд, 30 дар сади маблағи мусодирашударо мақомоти интизомӣ ва сеяки ин маблағро ҳамоне мегирад, ки дар бораи ҳодиса хабар додааст", - шарҳ дод ӯ.
Ин қонун аз аввал бо вокунишҳои мухталиф рӯ ба рӯ буд. Раҳбари ҳизби "Бутун Кыргызстан" Адахон Мадумаров бовар дорад, қонун ба таври комил иҷро нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, "ин талоши навбатӣ барои маъқул шудан ба мардум ва ҷалби таваҷҷуҳи онҳост. Дар бораи коррупсия ҳама хуб огоҳанд, аз боло то поин."
"Қонун ба кор намеояд, чун менталитет дигар аст"
Мадумаров афзуд, аз рӯи менталитети мардум, дар Қирғизистон касеро, ки дар бораи камбуди дигарон мегӯяд ё хабаркашӣ мекунад, дӯст намедоранд. "Барои ҳамин, аз ин ташаббус фоидае нест. Барои ин бояд ҷаҳонбинӣ ва фалсафаи ҷомеа комилан дигар шавад. Ва барои ин боз даҳсолаҳо зарур аст", - афзуд ӯ.
Вале коршиноси умури иқтисод Азамат Аттокуров гуфт, "ин қонун зарур аст". Ба назари ӯ, барои онки қонун бо тамоми нерӯ кор кунад, бояд зерқонунҳо тасвиб шуда, тартиби расондани иттилоъ (аз ҷумла дар шакли боз ва ё пӯшида) дар бораи ҷинояти коррупсиониро нишон диҳад.
Раиси ҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков дар ҷаласаи Шӯрои амният коррупсияпро яке аз садҳои асосии рушди кишвараш донист. Вай аз ниҳодҳои қудратӣ интиқод кард, ки ба ҷои мубориза "бо ин падидаи зишту хатарзо" худ дар ботлоқ дармондаанд ва вазифаашонро ба таври комил иҷро намекунанд.
Мақомоти Қирғизистон ҳам мегӯянд, Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар солҳои 2016-2017 беш аз 3 ҳазору 800 парвандаи ҷиноӣ боз кард, аммо танҳо 23 дарсади он барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шудааст.
Қирғизистон дар шохиси созмони Transparency International ё Шаффофияти Байналмилал дар соли 2018 ҷойи 132-юмро ишғол кард. Ин кишвар дар соли 2017 дар ҷои 141-ум буд.
Вандам дар Зарафшон дар ду бинои ба ҳамдигар наздик бунёдшуда шпагат шишт
Ин зеленский дар хаки милаташ бисер хатои калон кард бояд боакли мекард то мардум саргардон намешуд бозичаи дасти давлатхо шуд
То агар манъи оростани дастурхон идонаро ба роҳ намонанд ҳиҷ вақт арзонӣ намешавад ин касифҳои қалобон як соли дароз роҳи ҳамин ду иди мусалмониро мепоянд бигузор касе вобаста ба имконияту дороияш фақат қурбони иҷозат бошад дигар билкул манъи оростани дастурхони идонаро аз дасти ҳамин қалобони касиф манъ намоянд нарх дар ид боло рафт дигар ҳаминхел бе тағир мемонад гапи ин қалобон доимо ҳамин ҳаст долар боло рафтааст ҳозир чи долар поён рафт знки ҳамаашон гирифтаги мо мардуми даъвои мусалмонидошта айби худамон низ ҳаст қарз мекунему дастархон оро медиҳем токи ҳамсоя камбудӣ наёбад бо нархи гарон аз қалоб мехарему исроф карда мепартоем. Озодии ҷон як бор илтимосу хоҳишама не нагуфта чоп кунед.
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Помириҳо агар дар вақташ намебуданд пешвои миллати ту имруз Узбако буданду хуш келибсиз дадаҷон гуфта мегаштӣ. Ҳадди ақал аз он ки Тоҷикистонро Тоҷикистон помириҳо карданд, набояд ба гушаи фаромуши равад. Курнамакӣ ҳам як андоза доштагист, бутпарастҳо!
Ин зеленски факат ваъда доданро медонад руссия рузе хатто киевро ишғол мекунад ин аниқ аст