Шумори гирифторони бемории COVID-19 дар ҷаҳон рӯзи 28-уми июн аз марзи 10 миллион нафар гузашт. Тақрибан ним миллион кас ҷон бохта, зиёда аз 5 миллион нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди бештари гирифторонро дар Амрикову Бразилия ва Русия сабт карданд.
Баъзе аз аёлатҳои Амрико афзоиши мавридҳои вируси коронаро ба зудтар кушода шудани майкадаҳо ва тарабхонаҳо нисбат медиҳанд.
Теъдоде аз аёлатҳо дар ҷанубу ғарби Амрико дар ҳоле ки барои бозкушоии иқтисодашон талош мекунанд, мехоҳанд роҳҳоеро низ барои пешгирӣ аз афзоиши коронавируси нав ҷустуҷӯ кунанд.
Мақомҳои тандурустии омма дар Амрико рӯзи 27-уми июн хабар доданд, ки аёлати Флорида дар як рӯз тақрибан даҳ ҳазор мавриди нави коронавирусро сабт кардааст. Ба қавли онҳо, бисёре аз мавридҳои нави гирифторӣ ба коронавирус дар миёни ҷавонон аст.
Волии аёлати Флорида эътироф кард, ки баъд аз бозкушоии соҳилҳо ва майкадаҳо шоҳиди гирифторшавии зиёди мардум ба коронавирус шуданд. Ба гуфтаи вай, иқдоми бозкушоӣ ба он сабаб шуд, ки асосан ҷавонон дастурро барои пӯшидани ниқоби тиббиву риояи фосилаи ҷисмонӣ нодида гиранд.
Маълумот нишон медиҳад, ки ба ҳисоби миёна бештари касоне ки ба коронавирус мубтало шудаанд, аз 33 то 65-солаанд. Барои кумак ба кам кардани дубораи шумори мубталоён аёлати Флорида дар робита ба бозкушоии майхонаҳову тарабхонаҳо маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кардааст.
Аёлати Техас ҳам маҷбур шудааст, то стратегияро барои бозкушоии кор ва бахусус майкадаҳо дубора арзёбӣ кунад. Техас аз ҷумлаи аввалин аёлатҳое аст, ки маҳдудиятҳоро дар иртибот ба вируси корона бекор карда буд. Ин аёлат дар аввали моҳи май фаъолияти ресторанҳо, толори синамо, театр ва мағозаҳоро иҷоза дод, дар ҳоле ки Сан Франсиско эълом кард, аз 29-уми июн танҳо бозкушоии толорҳои ороиш ва майкадаҳоро дар ҳавои кушод иҷоза медиҳад.
Волии аёлати Калифорния дастури мондан дар хонаро дубора амалӣ мекунад. Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳурии Амрико ҳам гирдиҳамоиҳоро дар аёлати Флорида, ки қарор буд дар ҳафтаи оянда баргузор шаванд, лағв кард.
Бразилия то кунун беш аз як миллиону сесад ҳазор мавриди мусбати коронавирусро сабт карда ва ин вирус то кунун ҷони беш аз 57 ҳазор нафарро дар ин кишвар гирифтааст. Бразилия баъд аз Иёлоти Муттаҳида дар ҷойи дувум қарор дорад .
Дар Амрико шумори қурбониён акнун аз марзи 125 ҳазор нафар гузашт ва зиёда аз дуним миллион нафар нафар ба ин беморӣ мубталоянд, ки чаҳоряки беморонро дар ҷаҳон ташкил медиҳанд.
Дар Тоҷикистон, бино ба омори расмӣ, то 28-уми июн 5849 кас ба ин беморӣ мубтало шуда, 52 кас фавтидаанд ва беш аз 4448 нафар шифо ёфтаанд. Дар феҳрасти алтернативии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш то 14-уми июн номи 437 нафарро навиштаанд. Аз он замон то кунун ба феҳраст ҳеч ном ворид нашудааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки беш аз 270 нафар бо гумони гирифторӣ ба бемории ҳамагир зери назорати пизишкон ҳастанд. Вазорат дар баробари он кам шудани беморон аз мардум хостааст, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя кунанд, то бемор нашаванд.