Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бразилия аз назари талафот аз СOVID-19 ба Амрико наздик мешавад


Бразилия сераҳолитарин кишвари Амрикои лотинист ва аз пандемия бештар аз дигар кишварҳои минтақа ранҷ мебарад.
Бразилия сераҳолитарин кишвари Амрикои лотинист ва аз пандемия бештар аз дигар кишварҳои минтақа ранҷ мебарад.

Дар Бразилия, ки барои монеъ шудан ба густариши коронавируси нав даступо мезанад, теъдоди фавтидагон ба марзи 50 ҳазор нафар наздик шуд. Вазорати беҳдошт гуфт, ки шумораи мубталоёни COVID-19 дар ин кишвар дар Амрикои ҷанубӣ аз 1 миллион нафар гузашт.

То рӯзи 20-уми июн дар Бразилия 49 ҳазору 976 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Бразилия бо аҳолии 211 миллион нафарӣ сераҳолитарин кишвари Амрикои Ҷанубист ва рӯзи 26-уми феврал аввалин мавриди сирояти COVID-19-ро сабт кард. Дар зарфи камтар аз 4 моҳ теъдоди гирифторон дар онҷо аз 1 миллион нафар ҳам бештар шуд.

Мутахассисон мегӯянд, ғолибан беморӣ дар миқёси васеътаре паҳн шудааст, чун дар Бразилия беморон ба қадри кофӣ озмоиш намешаванд. Ҳайр Болсонаро, раиси ҷумҳури ростгарои Бразилияро барои амалкардҳояш дар муқобила бо беморӣ бисёр танқид кардаанд. Ӯ гуфтааст, ки фосилагирӣ аз ҳамдигар дуруст нест ва маҳдудиятҳо дар фаъолиятҳои иқтисодиро “қотили ҷойҳои корӣ” ва хатарноктар аз вирус номидааст.

Дар Бразилия аз рӯзи 11-уми июн дигарбора дари мағозаҳои бузургро ба рӯи мардум боз карданд. Бразилия аз назари талафот фақат аз Амрико ақиб мемонад. Дар ин кишвар то ҳол тақрибан 120 ҳазор нафар фавтидаанд ва бештар аз 2 миллиону 200 ҳазор каси дигар бемор шудаанд. Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, ки омори беморӣ ва талафот аз COVID-19 дар ҷаҳонро ҷамъ мекунад, гуфт, 10 рӯзи пайиҳам аст, ки дар Амрико теъдоди фавтидагон аз 1000 нафар камтар аст.

Айни замон нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бо бардоштани маҳдудиятҳо ва бозкушоии иқтисод дар бисёре аз иёлатҳои Амрико, мумкин аст, коронавируси нав дигарбора дар байни мардум паҳн шавад. Мақомот ҳамчунин аз он метарсанд, ки тазоҳуроти густурда ба зидди нажодпарастӣ, ки дар ҳафтаҳои гузашта сурат гирифт, мумкин аст, бемориро бештар доман зада бошад.

Дар 20 иёлати Амрико, теъдоди гирифторон дигарбора зиёд шудааст ва маркази густариши беморӣ, ки дар ғарби кишвар буд, ба ҷануб кӯчид. То чанд вақт пеш рӯзона дар Амрико теъдоди гирифторон рӯзона аз 20 ҳазор камтар шуд, ҳоло дар баъзе иёлатҳо рӯзона то 30 ҳазор ва ё зиёдтар аз онро сабт мекунанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Тусла дар иёлати Оклаҳома гуфт, ки озмоишҳои зиёдтар сабаби ошкор шудани беморони бештар шудааст ва ӯ аз мақомот хостааст, ки “озмоишҳоро камтар кунанд.”

Вазъ дар дигар гӯшаҳои дунё чӣ гуна аст?

Дар гӯшаи дигари дунё дар иёлати Виктория дар Австралия вазъи фавқуллодаро то рӯзи 19-уми июн тамдид карданд, чун дар инҷо ҳам теъдоди гирифторон якбора афзудааст. Дар ин вилояти сераҳолитарини кишвар 1836 мубталои COVID-19 сабт шудааст, ки сеяки шумораи умумии беморон дар Австралияро ташкил медиҳад.

Дар 54 кишвари Африқо 286 000 гирифтор сабт шудааст, ҳарчанд мутахассисон мегӯянд, ҳақиқат дигар аст ва мумкин аст, коронавирус ба мардуми зиёде сироят карда бошад. Дар Чин, ки беморӣ дар вилояти Вуҳани он пайдо шуд, рӯзи 21-уми июн 26 мавриди нави сироятро сабт кардаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон 20-уми июн эълон кард, ки дар шабонарӯзи гузашта як нафар аз коронавируси нав ҷон бохт ва теъдоди фавтидагон ба 52 нафар расид. Ба қавли вазорат, то кунун дар кишвар 5399 нафар бемор шудаанд, аммо ба гуфтаи мутахассисон, теъдоди воқеии гирифторон бештар аз ин аст, чун Тоҷикистон абзору имконоти лозим барои озмоиши беморонро надорад.

XS
SM
MD
LG