Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори нави беморон. Ҳушдор аз эҳтимоли дубора "зинда шудан"-и вирус


Шаҳри Хуҷанд, моҳи июни 2020
Шаҳри Хуҷанд, моҳи июни 2020

Шумори умумии гирифторони бемории COVID-19 дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн ба 5160 нафар расид.

Мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, дар шабонарӯзи гузашта коронавируси нав ба 63 каси дигар сироят кард. Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти вирус дар Тоҷикистон 3624 нафар ё зиёда аз 72 дар сади беморон шифо ёфта, 50 кас ҷон бохтаанд.

Дар рӯйхатти алтернативии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш то 16-уми июн номи беш аз 430 нафарро навиштаанд. Мақомот ин феҳрастро беасос медонанд ва дастрасӣ ба онро дар ҳудуди Тоҷикистон манъ кардаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки феълан дар шифохонаҳои саросари кишвар 387 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд. Ин рақам дар муқоиса ба омори ду ҳафтаи пеш хеле кам аст ва мақомот мегӯянд, аллакай баъзе аз бемористонҳо, аз ҷумла Қарияи Болои Душанбе ба реҷаи маъмулии кор баргаштаанд.

Аммо бархе аз сокинон мегӯянд, шуморе аз беморон ҳанӯз дар хонаҳои худ муолиҷа мегиранд ва набояд холӣ шудани ҳуҷраҳои бемористонҳо ба маънои комилан аз байн рафтани беморӣ шумурда шавад. Пештар намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон низ гуфта буд, ки ҳанӯз авҷи беморӣ паси сар нашудааст.

Тоҷикистон баъд аз Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон кишвари чаҳоруми Осиёи Марказӣ аст, ки рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро эътироф кард.

Туркманистон ҳанӯз иддао дорад, ки аз бемории ҳамагир орӣ аст, вале бархе аз манобеи огоҳ гуфтанд, ҳукумат тасмим дорад, мавҷудияти COVID-19-ро эълом кунад. Сарчашмаҳо гуфтанд, рӯзи 8-уми июн дар яке аз беморхонаҳои вилояти Лебап ташхиси пизишке гирифторӣ ба вируси коронаро муайян кардааст. Баъди муайян шудани гирифторӣ ба коронавирус пизишкро ҳамроҳ бо хонаводааш ба карантин гирифтанд.

Ҳоло Тоҷикистон бо 50 талафот аз рӯйи шумори фавтидаҳо аз коронавируси нав дар минтақа баъди Қазоқистон дар ҷойи дувум аст. То 16-уми июн дар Қазоқистон 88, дар Қирғизистон 28 ва дар Узбекистон 19 кас аз COVID-19 фавтидаанд.

Дар Қазоқистон 15 192, дар Узбекистон 5328 ва дар Қирғизистон 2472 нафар гирифтори коронавируси наванд. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, рӯзҳои ахир шумори гирифтор дубора зиёд шудааст.

Раҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ низ гуфт, кишварҳо дар саросари ҷаҳон бояд ҳушёр бошанд, чун эҳтимоли дубора "зинда шудани" коронавирус вуҷуд дорад.

Ин дар ҳолест, ки Аврупо маҳдудиятҳоро бекор мекунад ва баъди се моҳ марзҳои байниҳамдигарӣ боз мешаванд. Чин бо хуруҷи дубораи вируси нав дастбагиребон аст. Бархе қисматҳои Пекин баста шудааст.

Дар Амрико шумори гирифторон 2,1 миллион нафар ва талафот 116 ҳазор ҳисоб шудааст. Пешгӯиҳои ҳукумат ин аст, ки то оғози моҳи октябр талафот аз вирус метавонад аз марзи 200 ҳазор нафар гузарад.

Дар саросари ҷаҳон шумори гирифторони коронавирус ба беш аз 8 миллион нафар ва талафот ба 438 ҳазор нафар расид. Беш аз 3 миллиону 900 ҳазор кас аз беморӣ шифо ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG