Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

И. Усмонов: "Ба мониторинг мувофиқам, ба чунин раддабандӣ - не"


Иброҳим Усмонов.
Иброҳим Усмонов.

Раҳбарони Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мегӯянд, эътирозҳои ахир алайҳи мониторинги шӯроро ноогоҳӣ аз асли воқеиятҳо ба вуҷуд овардааст.

Қироншоҳ Шарифзода ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ин пайгирӣ ё мониторинг бар пояи риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» анҷом шуда, андешаи шахсии аъзои Шӯрои ВАО нест: «Аз рӯи ин меъёрҳо мо шартан ё рамзан расонаҳоро ба се гурӯҳ тақсим кардем. Оне, ки касе меранҷад, ё ба ин пайгирӣ розӣ нест, ҳаққи ӯст. Ва онҳое ҳам, ки ба Шӯро даъво доранд ва таҳдид мекунанд, ки мо аз узвияти Шӯро хориҷ мешавем, ин ҳам ихтиёри онҳо аст. Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон як созмони шахсии Қироншоҳи Шарифзода нест.»

«Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» санадест, ки аз сӯи расонаҳои Тоҷикистон ихтиёрӣ иҷро мешавад. Онро соли 2009 қабул шуда, то ба ҳол аз сӯи 65 расонаву созмони рӯзноманигорӣ эътироф шудааст. Ҳуҷҷат аз 17 банд иборат аст, ки риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳангоми ҳифзи манбаи ахбор, иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр, эҳтироми ҳаёти шахсӣ, ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс, эҳтимоли бегуноҳӣ, асардуздӣ (плагиат), роҳ надодан ба табъиз (дискриминатсия), подош ва имтиёз ва ғайраро танзим мекунад.

Қироншоҳ Шарифзода
Қироншоҳ Шарифзода
Ба хотири назорат аз иҷроиши ин санад, моҳи январи соли 2010 Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон таъсис шуд. Муассисони шӯро расонаву созмонҳои бонуфуз, назири Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, “Азия-Плюс”, ТВ “СМТ”, “Чархи гардун”, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва дигарон мебошанд.

Шӯрои ВАО аз моҳи июл то охири соли 2013 43 нашрияи чопӣ ва 10 сомонаи интернетии миллӣ ва байнулмилалиро, ки барои Тоҷикистон менависанд, мавриди пайгирӣ қарор дод. Дар хулосаи ин пайгирӣ, ки рӯзи ҷумъа, 24 январ, нашр шуд, расонаҳо аз рӯи иҷрои бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ба се гурӯҳ - солим («Нигоҳ», «Рӯзгор», «Фараж», «Озодагон», «Адабиёт ва санъат», «Азия-плюс», маҷаллаҳои «Бонувон», «Чашма», «Навниҳол» ва ғ.), калаванда ( «Садои мардум», «Народная газета», «Имрӯз-News», ҳафтаномаҳои «Минбари халқ», «Тоҷикистон», «Чархи гардун», «СССР», «Миллат», «Ману ту») ва носолим («Ҷумҳурият», ҳафтаномаҳои «Оила», «Муҳаббат ва оила», «Зан ва мард») тақсим шуданд.

Ва ин гурӯҳбандӣ норизоиятии бархе расонаҳоро ба миён овард. Қаблан нашрияҳои «Имрӯз – нюс» ва «Миллат» аз як пайгирӣ ё мониторинги Шӯрои ВАО – и Тоҷикистон дар бораи риояи меъёрҳои ахлоқи рӯзноманигорӣ эътироз карданд. Ахиран Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон натиҷаҳои ин мониторингро тафриқангезӣ дар ҷомиаи рӯзноманигорӣ унвон кард.

Акбари Саттор
Акбари Саттор
Акбари Саттор, директори ширкати «Чархи гардун», ки муассиси Шӯрои ВАО низ ҳаст, ба «Озодӣ» гуфт, алайҳи ин мониторинг эътироз мекунад, зеро Шӯрои ВАО ҳуқуқи баргузории мониторингро дорад, аммо ҳаққи тақсим кардани расонаҳои Тоҷикистонро надорад: «Ҳоло мо ин қасдро ҳам дорем, ки аз муассисӣ ва узвияти Шӯрои ВАО даст кашем. Албатта, рӯзи душанбе ҷамъ шуда, аввал хоҳем фаҳмид, ки ин мониторингро кӣ ва ба кадом хотир кардаву ба нашр додааст»

Дар ҳоле, ки ҷонибҳои баҳс сари мониторинг ё пайгирии Шӯрои ВАО ба мавқеи худ истодагарӣ мекунанд, мешавад дар бораи тафриқаи воқеие дар миёни расонаҳои Тоҷикистон сӯҳбат кард?

Профессор Иброҳим Усмонов, ки дар гузашта узви Шӯрои ВАО буд, мегӯяд, ба ҳамчунин раддабандӣ мувофиқ нест, аммо ба баргузории ҳамчунин мониторингҳо ҳам мухолифат надорад: «Таҳқиқ дар ин замина кори хуб аст, зеро кори расонаҳоро беҳтар мекунад. Аммо онро на аз рӯи рӯзнома, балки аз рӯи матлабҳо ё муаллифон раддабандӣ мекарданд. Ҳарчанд Шӯрои ВАО ин матолибро дар даст дорад, аммо як рӯзномаро намешавад солим ё носолим гуфт, зеро ҳар як рӯзнома хусусияти худро дорад. Ва табиист, ки онҳо норозӣ мешаванд.»

Иддае ҳам бар инанд, ки дар Тоҷикистон нақши расонаҳои мустақил хеле муассир аст ва ҳам Шӯрои ВАО вақте аз нашрияҳои ҳукуматӣ интиқод мекунад, ин мавриди писанди доираҳое дар ҷомиа нест. Ва дар чунин вазъ эҷоди тафриқа миёни аъзои Шӯрои ВАО то ҷое ба хости ҳамчунин доираҳо метавонад бошад.
XS
SM
MD
LG